Перейти к содержимому

Фармондеҳи артиши Алҷазоир хостори барканории Бутефлиқа шуд

Аҳмад Қоид Солеҳ, фармондеҳи артиши Алҷазоир, дар як барномаи телевизиюнӣ хоҳони барканории Абдулазиз Бутефлиқа, раисиҷумҳури ин кишвар шудааст.

Ба гузориши ВВС, фармондеҳи артиши Алҷазоир рӯзи сешанбе (26 март) дар як барномаи телевизиюнӣ хостори амал ба моддае дар Қонуни асосии Алҷазоир шуда, ки бар асоси он агар раисиҷумҳур тавоноии идомаи кор надошта бошад, аз симаташ канор гузошта мешавад.

Ин дархост дар пайи тазоҳуроти мардумӣ дар саросари Алҷазоир дар эътироз ба раисиҷумҳури ин кишвар матраҳ шудааст.

Эътирозот замоне оғоз шуд, ки раисиҷумҳури 82-солаи Алҷазоир барои номзадии дубора дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ сабти ном кард. Инсирофи ӯ аз номзад шудан ҳам кӯмаке ба фурӯкаш кардани эътирозот надошт ва мӯътаризон хостори барканории ӯ шуданд.

Абдулазиз Бутефлиқа, 20 сол аст, ки раисиҷумҳури Алҷазоир аст ва дар соли 2013 сакта кардааст. Аз он замон ба нудрат дар анзори умумӣ дида мешавад ва наздик ба 7 сол аз охирин суханронии умумии ӯ мегузарад.

Ӯ, ки барои анҷоми дармон ба Суис (Швейтсария) рафта буд, ду ҳафта пеш ва дар миёни эътирозоти густурдаи мунтақидонаш аз Суис ба Алҷазоир бозгашт.

Бутефлиқа интихоботи риёсати ҷумҳуриро, ки барои моҳи оянда барномарезӣ шуда буд, ба таъвиқ андохтааст.

Ахзар Иброҳимӣ, диплумоти алҷазоирӣ, ки намояндаи Созмони Милал дар умури Сурия будааст, музокирот барои ояндаи сиёсии Алҷазоирро ҳидоят мекунад.

Даҳ рӯз пеш тазоҳуроте дар Алҷазира, пойтахти Алҷазоир барпо шуд, ки эҳтимолан бузургтарин тазоҳуроти Алҷазоир дар 28 соли гузашта буд. Бисёре аз тазоҳуркунандагон ибтидо дар донишгоҳҳо таҷаммӯъ карда буданд ва баъд ба хиёбонҳо сарозер шуданд.

Пулис бо гози ашковар саъй кард тазоҳуркунандагонро, ки бидуни хушунат мехостанд ба самти кохи риёсати ҷумҳурӣ бираванд мутафарриқ кунад ва гуфта мешавад 195 нафарро боздошт кард.

Бисёре аз ҷавонони алҷазоирӣ ба вазъияти бади иқтисодӣ мӯътаризанд ва табақаи ҳокимро, ки баъд аз истиқлол аз Фаронса дар раъси қудрат буда ба фасоди молӣ муттаҳам мекунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: