Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (363)

Муртад шудани котиби ваҳй ба сабаби он ки партави ваҳй бар ӯ зад, он оятро пеш аз Пайғомбар саллалоҳу алайҳи ва саллам бихонд, гуфт: пас ман ҳам маҳалли ваҳйам. (4)

* * *

Шукр кун, ғирра машав, бинӣ макун,

Гӯш дору ҳеч худбинӣ макун.

Шукру сипосро ба ҷой ору мағрур машав ва такаббур маварз. Ин нуктаро гӯш кун ва худбинӣ нишон мадеҳ.

Бинӣ кардан: такаббур кардан, мағрур шудан.

Сад дареғу дард, к-ин орийятӣ,

Умматонро дур кард аз умматӣ.

Сад афсӯсу дареғ, ки ин ҳикмати ориятӣ — яъне ҳикматҳое, ки ба воситаи анбиё ва авлиё ба солик мерасад — барои солик ҷанбаи ориятӣ дорад. Ва умматҳоро аз дину имон дур сохтааст.

Нукта: Зеро мардуми худбин хаёл мекунанд, ки ин маорифу ҳақоиқу асрор, аз худи онҳост, дар ҳоле, ки агар анбиё ва авлиё набуданд, ҳаргиз чунин ҳақоиқе ошкор намешуд. Ба ҳамин далел, гурӯҳе роҳи худбиниро мепӯянд ва ба гумроҳӣ дучор меоянд. Дар зимн, калимаи “умматӣ” дар мисроъи дуввум, маънои масдарӣ дорад на накира. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.940)

Ман ғуломи он кӣ ӯ дар ҳар рибот

Хешро восил надонад бар симот.

Ман тобеъу ходими ҳиммати он шахсам, ки ӯ дар ҳар манзилу мақоме худро восил бар хони ҳақиқат напиндорад.

Рибот: хона, саро. Симот: басот, суфра, хон.

Нукта: Яъне гумон накунад, ки ба сирфи вусул ба чанд мақоми маънавӣ, восили ҳақиқӣ шудааст. Акбарободӣ гӯяд: “Ман ғуломи он соликам, ки дар ҳар манзилу мақом, ки дарояд, онро мартибаи камол нашуморад ва худро восилу комил напиндорад, блки ҳиммат баланд дорад ва аз он мақом тараққӣ карда қадами болотар ниҳад ва онро бигузорад, то ба мартибаи камол бирасад.” (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.253)

Мавлоно дар ин байт яке аз муҳимтарин нукоти ирфонӣ ва сулукро бо баёне муассиру зебо бозгӯ кардааст. Дар воқеъ набояд ҳеч роҳраву солике хаёл кунад, ки кораш ба камол расида ва ақабаҳо ва гарданаҳои роҳро паймудааст. Ба маҳзи хутури ин хаёли ёва, худбинӣ ғолиб мешавад ва ӯро ба гумроҳӣ мекашад. Лоҳиҷӣ гӯяд: “Ҳар мартиба як мавқифе аст, ки ҳар кӣ дар он мавқиф воқиф шуд яъне бозистоду тарки сайр кард, аз матлуби ҳақиқӣ мондааст.” Шарҳи Гулшани роз, с.341)

Бас риботе, ки бибояд тарк кард,

То ба маскан даррасад як рӯз мард.

Солики роҳи Ҳақ бояд бисёре аз мақомоту манозилро пушти сар бигузорад, то ин ки саранҷом рӯзе ба манзили аслӣ восил шавад.

Гарчи оҳан сурх шуд, ӯ сурх нест,

Партави орийяти оташзанест.

Ба унвони мисол, оҳан агарчи бар асари шӯълаи оташ сурх мешавад, вале ин сурхӣ аз зоти оҳан нест, балки сурхии оҳан ҷанбаи ориятӣ дорад ва ба василаи як оташзана падид омадааст. (Ҳамин тавр агар солик оташи “ҳол” ва ахгари “мақом”-ро дар худ эҳсос мекунад, бар асари дами гарми муршидони ҳақиқӣ ва ҳодиёни ростин аст.)

Гар шавад пурнур равзан ё саро,

Ту мадон равшан магар хуршедро.

Мисоли дигар, агар равзанае ва ё хонае равшан шавад, ту воқеан онро равшан манпиндор, балки фақат хуршедро равшану тобон бидон. (Зеро равшании хона бар асари тобиши нури хуршед падид омада, дар ҳоле, ки хуршед зотан равшан аст. Ҳамин тавр инсонҳои солик агар ба ҳақиқате расидаанд, бар асари вуҷуди хуҷастаи анбиёву авлиё аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.941))

Ҳар дару девор, гӯяд: равшанам,

Партави ғайре надорам, ин манам.

Вале ҳар дару деворе ба ёва муддаӣ мешавад, ки: ин манам, ки рӯшноӣ дорам ва ҳеч партаве ғайри худамро надорам, балки зотан равшан ҳастам.

Пас бигӯяд офтоб: эй норашид!

Чунки ман ғориб шавам, ояд падид.

Пас, офтоби ҷаҳонтоб ба дару девор гӯяд: эй, ки бар гумони ёваӣ! Сабр кун, вақте ки ман ғуруб кардам, барои ту равшан мешавад, ки иддаои ёвае кардаӣ.

Ғориб: ғурубкунанда.

Сабзаҳо гӯянд: мо сабз аз х(в)адем, 

Шоду хандонему бас зебохадем.

Мисоли дигар, сабзаҳо мегӯянд: ин ҳама шодобиву сарсабзиву шодмонӣ аз худи мост ва мо бисёр хеборухсору некӯчеҳраем.

Фасли тобистон бигӯяд: эй умам!

Хешро бинед чун ман бигзарам.

Фасли тобистон ба сабзаҳо гӯяд: эй умам, яъне эй гурӯҳи гиёҳон! Он гоҳ ки ман рафтаму давронам сипарӣ шуд, он вақт ба худ бингаред; хоҳед донист, ки ин ҳама латофату тозагӣ аз зоти шумо ношӣ нашуда балки ба воситаи вуҷуди ман ба шумо расидааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: