Перейти к содержимому

Духтари маъно дареғо бикр монд

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Ба касе пӯшида нест, ки имрӯз ҷомеаи мо бо мушкилоти фаровоне даст ба гиребон аст ва зиндагӣ дар он бо садҳо сахтиву бадбахтӣ ҳамроҳ аст.

Пас чаро мардум ба ин шароити сахт тан додаанд, оё аз ин шароит розӣ ҳастанд?

На, қатъан розӣ нестанд.

Пас чаро ин шароитро тағйир намедиҳанд?

Ҷавобаш хеле равшан аст, чун ки наметавонанд.

Чаро наметавонанд?

Наметавонанд, чун ки намедонанд.

Ва намедонанд, чун ки намехонанд.

Ва намехонанд, чун ки рағбат надоранд.

Ва рағбат надоранд, чун ки лаззаташро начашидаанд.

Тавзеҳ он ки: мардум табиатан ба чизе рағбат доранд, ки аз он лаззат мебаранд. Масалан, ба хӯрок ё ҷинси мухолиф рағбат доранд, чун ки лаззати онро ҳар рӯз мечашанд. Аммо агар лаззати чизеро начашида бошанд, табъан ба он рағбат ҳам пайдо намекунанд.

Лаззати хӯрдан, ё омезиш кардан як лаззати моддӣ аст, ки ба маҳзи сер шудан, аз байн меравад ва ҳатто ба зидди лаззат ҳам табдил мешавад.

Ва иллати зудгузар будани лаззатҳои моддӣ он аст, ки ин лаззатҳо таъминкунандаи ниёзҳоии ҳайвонӣ аст. Ва ниёзҳои ҳайвонӣ ҳам ниёзҳои лаҳзаӣ мебошад, яъне фақат ба дарди ҳамон лаҳзаи гуруснагӣ ё майли ҷинсӣ мехӯрад, коркардаш фақат ҳамин миқдор аст.

Бинобар ин, мебинем, ки ҳайвонот алорағми таъмини ҳамешагии ниёзҳои худ, ҳаргиз пешрафте намекунанд. Зиндагии онҳо ҳамеша якнавохт аст; гурусна мемонанд, мехӯранду сер мешавад ва рӯзи баъд, боз ҳам такрори ҳамон рӯзи қабл. Милионҳо сол ба ҳамил минвол зиндагии онҳо давом ёфта ва милионҳо соли дигар ҳам бар ҳамон минвол боқӣ хоҳад монд. На тағйире ва на пешрафте.

Вале зиндагии инсон бар хилофи зиндагии ҳайвонот ҳамеша дар тӯли торих дар ҳоли тағйиру таҳаввул будааст, ҳамеша рӯ ба пешрафт будааст.

Оё ин ба хотири таъмини ниёзҳои моддӣ ва ҳайвонии ӯ будааст. Қатъан на!

Иллати пешрафти инсон, таъмини ниёзҳои маънавии ӯ будааст. Ва модари ҳамаи ниёзҳои маънавӣ ҳам, ниёз ба донистан аст.

Бо огоҳӣ торикиҳо рӯшан, пинҳонҳо ошкор, дурҳо наздик, душворҳо ҳамвор ва хулоса мушкилҳо осон мешавад. Инсон вақте донист ва огоҳ шуд, метавонад барномарезӣ кунад, нақша бикашад ва ниҳоятан табиати саркашро ром кунад. Таъмини ин ниёзҳои маънавӣ, ҳамон тавре ки осори доимӣ дорад, лаззати доимӣ ҳам дарбар дорад.

Асосан инсон вақте лаззати маънавиро таҷриба кунад, худ ба худ лаззатҳои моддӣ дар назари ӯ ранг мебозад. Лаззатҳои ғализ ва кӯтоҳи моддӣ, асосан бо лаззати латиф ва доимии маънавӣ қобили қиёс нест. Касоне, ки лаззати маънавиро начашидаанд, асосан ҳақиқати лаззатро таҷриба накардаанд. Ба қавли Мавлоно Зуфархон Ҷавҳарӣ:

Духтари маъно дареғо бикр монд

Табъи мардон суст ҳезӣ мекунанд.

Ин ҷо шоир аз боби ташбеҳи маъқул ба маҳсус, лазҳати маънавиро ба духтари бокира ва мардуми ғофил аз онро ба мардони ҳез ташбеҳ мекунад. Ва аз ин берағбатии мардум нисбат ба лаззати маънавӣ, басе ғусса мехӯрад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: