Перейти к содержимому

Ин ханда надорад, бояд гирист

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Се солу анде пеш (дар ноябри соли 2015) ин достонро аз китоби “Ахлоқул-умаро” дар сафҳаам дар Фейсбук мунташир карда будам: Искандари Мақдунӣ қабл аз ҳамлааш ба Эрон, дармонда буд, ки чӣ гуна бар мардуме, ки аз мардуми ӯ бештар мефаҳманд ҳукумат кунад?, ки яке аз мушовиронаш ба ӯ гуфт:

— Китобҳояшонро бисӯзон, бузургону хирадмандонашонро бикуш ва дастур бидеҳ, ба занонашон таҷовуз кунанд.

Аммо яке дигар аз мушовиронаш гуфт:

— Ниёзе ба чунин корҳо нест. Балки аз миёни мардуми ин сарзамин онҳоеро, ки намефаҳманд ва камсаводанд, ба корҳои бузург ва онҳоеро, ки мефаҳманд ва босаводанд, ба корҳои кучаку паст бигумор. Бесаводҳо ва нафаҳмҳо ҳамеша шукргузори ту хоҳанд буд ва ҳеч гоҳ тавоноии туғён нахоҳанд дошт. Фаҳмидаҳо ва босаводҳо аммо ё аз кор хаста мешаванд ва маҷоле барои фикр кардан пайдо намекунанд ва ё ба сарзаминҳои дигар кӯч хоҳанд кард.

Искандар ба ҳар ду гӯш дод ва дар мавриди мардуми Эронзамин, тибқи пешниҳоди ҳар ду амал кард.

* * *

Амал ба раъю назари ин ду мушовир, хусусан раъю назари мушовири дуввум будааст, ки Искандар тавонист солҳои тӯлонӣ бидуни ҳеч дарди саре бар Эронзамин ҳукумат кунад. Ва албатта, ин шева ва равиш фақат махсуси фармонравоёни ишғолгаре мисли Искандару Чингизу Ҳалоку (дар бораи Ҳалоку низ замоне, ки Бағдодро тасарруф намуд, шабеҳи чунин ҳикояте нақл шудааст) намебошад, балки фармонравоёни мустабидди дохилӣ низ ҳамеша равишашон дар ҳукуматронӣ ҳамин будааст.

Яъне, равиши мустабиддони диктотур дар ҳукумат кардан ин будааст (ва ҳанӯз ҳам ҳаст), ки одамони бесаводу кавдан аммо фармонбардорро ба корҳои идорӣ ва муҳим бармегузиданд – чун муҳим барояшон фармонбардорӣ будааст, на чизе дигар — вале афроди босаводу чизфаҳмро ё мекуштанд ва ё зиндон мекарданд ё табъидашон менамуданд ё он ки маҷбур ба тарки миҳанашон месохтанд. Зеро бузургтарин монеъа барои идомаи ишғолгарӣ барои ишғолгарон, ва ҳукумат рондан барои ҳуккоми мустабидду диктотур, ин бедории ҷомеа аст. Ҷомеа ҳам, ҳамеша тавассути босаводҳо ва чизфаҳмҳо бедор шуда ва мешавад. Ва модоме, ки дар як ҷомеа афроди босавод набошанд, ҳуккоми мустабидд бо хаёли роҳат ҳукумат меронанд.

Пас, агар дидед, дар як ҷомеа таҳсилкардаҳо ва босаводҳояш хору залил ва бесаводҳову кавданҳояш сари коранд, бидонед ин кор аз рӯи саҳву иштибоҳ набудааст, балки қасду амде дар кор аст, яъне ҳокими он ҷомеа амдан бесаводҳоро барои корҳои муҳимми кишварӣ гуморда ва босаводҳоро хору залил намуда, то бидуни ҳеч дарди сар ба ҳукуматаш идома бидиҳад. Ҷомеаи ғофилу хоб, ҳамеша “неъмате бебаҳо” барои диктотурҳо ба шумор меояд.

* * *

Баъд аз мусоҳибаи хабарнигори Родиюи Озодӣ бо Бек Сабур, раиси “Хадамоти алоқа” ва изҳори назарҳои аҷибу ғарибаш дар бораи китобҳое, ки ӯ мехондааст ва ин ки он китобҳо робитае бисёр “зич” бо иқтисоду тиҷорат доштаанд, ду рӯз аст, ки ҳама механданд ва ин вазирро масхара мекунанд.

Бо ин ки изҳори назарҳои ин вазир хандаовар ва масхара ҳастанд, аммо воқеият ин аст, ки бояд гирист. Бояд гирист, ки дар раъси як вазорат ва як ниҳоди муҳимми кишвари мо якчунин фарде қарор дорад; фарде, ки на аз ақлу хиради дурусту ҳисобӣ бархӯрдор аст ва на аз саводи лозим бархӯрдор. Фарде, ки на танҳо бесавод аст, балки дигаронро ҳам мисли худаш кавдан мепиндорад; вақте мегӯяд ман китоби “Абӯкамол”-ро мехонам – дар ҳоле, ки якчунин китобе аслан вуҷуди хориҷӣ надорад – фикр мекунад дигарон намефаҳманд, ки ӯ дорад чаранд мегӯяд. Фикр мекунад ҷомеа ҳама мисли ӯ бесаводу кавдан ҳастанд.

Ин мусибат аст. Ин ҷойи ханда надорад, бояд гирист.

Хуб, ин одамро чӣ касе ба унвони вазир таъйин кардааст?! Мусалламан раисиҷумҳур, ки қудои ин вазир ҳам мебошад. Оё раисиҷумҳур намедонад, ки ин одам ва ё соири аъзои кобинааш (мисли вазири маориф) одамони нафаҳме ҳастанд?! Қатъан медонад. Хуб, пас чаро онҳоро таъйин кардааст?!

Ҷавоби ин “чаро” бо таваҷҷӯҳ ба достоне, ки дар садри ин ёддошт нақл кардам равшан аст: барои Эмомалӣ Раҳмон саводу доноии онҳо лозим нест, балки баръакс ҳарчи кавдану бесаводу нафаҳм бошанд, меписандад; барои ӯ фармонбардории онҳо ва тамаллуқгӯӣ ва чоплусии онҳо муҳим аст. Барои ӯ муҳим ин аст, ки онҳо бигӯянд: “Қудо шудан бо президент осон нест. Худатон ҳам фикр кунед. Ин нафар (Раҳмон) бо президентҳои дунё гуфтугӯ мекунад ва имкониятҳои худро дорад. Метавонад бо тамоми нерӯву тавоноии худ таҳлил кунад. Ман ҳамаи марҳилаҳоро гузаштам. Ҳатто метавонед ФСБ ё хадамоти амнияти Русияро бипурсед, ки ин одам кӣ буд. Аз нафароне ҳастам, ки дар кори худ аз адолат кор мегирам…” (Ба нақл аз Родию Озодӣ)

Инҳо ханда надоранд, бояд гирист.

Бале, ҳукумати кунунии Тоҷикистон, ки дар раъсаш Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ҳукумате аст, ки ҷомеаеро мехоҳад, ки дар он, амсоли Бек Сабурҳо вазир таъйин мешаванд, вале амсоли Зафар Сӯфиҳо аз Иттиҳодияи нависандагон ва рӯзноманигорон берун ронда мешаванд.

Инҳо ханда надоранд, бояд гирист.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: