Ҷомеа

Мушкиле, ки барои як шаҳрванди Тоҷикистон дар Афғонистон пеш омада

Ёддошти Алим Шерзамонов

Амирҳамза Ҳалимов

Магар таҳқире беш аз ин барои миллат аст, ки имрӯз шаҳрванди Тоҷикистон аз Афғонистон паноҳгоҳ мехоҳад?

Дӯстони азиз, як бародарамонро, ки ҳанӯз дар соли 1992 аз ҷабри фронтчиёни Сангак ба хоки Афғонистон паноҳ бурда буд, хатари ҷонӣ таҳдид мекунад. Чанд рӯз пеш ин бародар бо банда дар тамос шуда аз мушкили ба сараш омада нақл кард. Тибқи гуфтаҳояш кадом амниятии афғон ӯро фишору таҳдид дорад, ки ба мақомоти Тоҷикистон таслимаш мекунад.

Танзи зиндагиро бинед. Имрӯз, ки фирории афғонро дар тамоми гӯшаю канори олам вохӯрдан мумкин аст, ин бародари мо ба хотири наҷоти ҷони хеш ва аҳли байташ, аз мақомоти Афғонистон дархости паноҳандагӣ ва тобеъиятро дорад. То куҷо зулм бар инсон бошад, ки Афғонистони ҷангзадаро бар Тоҷикистони “обод”-у “ором” тарҷеҳ диҳад. Дар зер баъзе аз паёмҳои ин бародарро меорам, ки аз мову шумо хостааст, то аз эшон ҳимоят кунем ва иҷоза надиҳем, ки ӯро таслими Душанбе кунанд.

Ин бародарро ном Амирҳамза Ҳалимов аст.

“Имрӯз як нафар амниятӣ ва як нафар ҷиноӣ аз ҳавзаи ноҳияи аввал, ки мо дар ҳамон ноҳияи аввали Кобул зиндагӣ мекунем омада буд. Баъд аз рафтани онҳо боз ҳамон нафар ба ман заг зад ва гуфт: “Омадани мо кансел шуд. Мо рузи душанбе соати 13:30 меоем.”

Аз ноҳия, ки омада буданд, ба ман гуфтанд бо занат кадом мушкил надоред. Ман гуфтам не ҳеҷ мушкиле надорам.

Фикр мекунам ба хонаи хонума фишор оварда бошан ва онҳо гуфта бошанд ки духтари мо бо шаваҳараш мушкил дорад, чун ду писари ман дар Тоҷикистон гаравгон аст. Ман бисёр кӯшиш кардам биёрамшон амма иҷоза намедиҳанд.

Хонумам баъд аз паймони сулҳ (манзур имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон) ба Тоҷикистон рафта буд. Ду бача ҳамроҳи ман буд. Бачоҳоро мақомоти тоҷик терорист гуфта хонунмамро озор медиҳанд.

Баъд ба баҳонаи боздид аз духтарам, ба Афғонистон меояд, ки феълан дар Пешовари Покистон аст.

Дигар намеравад ва аз ООН дархости паноҳандагӣ мекунанд. Қазияи тафтиш аз тарафи амниятиҳоро ба ООН гуфт.

Муддати 3 сол мешавад ООН то ба ҳал чизе ҷавоб надодааст.

Амнияти афғонӣ дар таъқиби мо ҳаст. Ҳамеша таҳдидам мекунад. Ба ҳеҷ вазорат ва дафтаре рафтан ҳақ надоред. Хулоса то рӯзи душанбе вақт доданд. Ман намедонам чӣ барнома дорад.

Бале нашр кунед. Дар расонаҳои созмонҳои ҳуқуқи башар ҳам мешавад нашр шавад хуб аст.
Бигуед:
Ниҳодҳои амниятӣ АМИРҲАМЗА ҲАЛИМОВ паноҳандаи сиёсии кишвари Тоҷикистон мухолифи сарсахти беъадолатиҳо дар Тоҷикистон аст, муддати 27 сол мешавад дар ғурбат басар мебарад.

Дар ҳоле, ки аз замони хориҷ шуданаш аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар Кампи Сахии шаҳри Мазори Шариф ба ҳайси гурезаи тоҷик аз тарафи давлати Афғонистон шинохта шуда буд ва таҳти пӯшиши ООН ҳамроҳи оилааш зиндагӣ мекард.

Нисбати ҳолати сиёсии дар Афғонистон ва Созишномаи Сулҳи тоҷикон АМИРҲАМЗА ҲАЛИМОВ ва баргашти муҳоҷирин ба Тоҷикистон ва ҳолати сиёсии ҷанг байни гурӯҳи афғонҳо (Толибон ва Дӯстум) аз Кампи Сахӣ дубора бо ҳамроҳии афғонҳо ба Пешовари Покистон муҳоҷир шуд.

АМИРҲАМЗА ҲАЛИМОВ нисбати қазияи паноҳандагиаш на танҳо худ бесанад ва беҳувият шуд, балки фарзандони ӯ, ки шомили қазияи паноҳоандагиаш мебошанд низ беҳувият ва бидуни документ мебошанд.

АМИРҲАМЗА ҲАЛИМОВ соҳиби шаш фарзанд мебошад, ки як духтараш ба исми Оиша дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ду писар ба номҳои Муҳаммад ва Абдулло дар Кампи Сахии шаҳри Мазори Шариф таваллуд шудаанд. Як писари дигар, ки фелан дар Россия мебошад, дар Пешовари Покистон таваллуд шудааст ва ду писари дигараш баъд аз шикасти Толибон дар Афғонистон ва баргашташ ба Мазори Шариф дар меҳмонхонаи раёсати муҳоҷири валояти Балх таваллуд шудаанд.

АМИРҲАМЗА ҲАЛИМОВ барои таъйини сарнавишти худ ва атфолаш дар Афғонистон дархости тобеъияти афғониро намуд. Дар ҳоле, ки барои дархости тобеъияти афғон мавриди тамасхур қарор мегирифт ва ба ӯ мегуфтанд: — афғонҳо худ аз Афғонстон гурезонанд ва шумо омадед дар Афғонстон тобеъият мегиред.

Дар шаҳри Мазори Шариф дар, “Дар Дафтари Раёсати Умури Хорҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба оқои АМИРҲАМЗА ҲАЛИМОВ албатта бо машвараи қунсулгарии Тоҷикистон муқими шаҳри Мазори Шариф гуфта мешвад, ки: “Пеш аз ин ки тобеъияти афғониро бигирӣ, бояд аз Тоҷикистон тарки тобеъият кунед” ва як форм барояш дода мешавад. Хулоса формро хонапурӣ карда тарки тобеъият мекунад.

АМИРҲАМЗА ҲАЛИМОВ аз соли 2005 то соли 2012 байни дафтарҳои давлатӣ ва созмонҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва ООН саргардон мешавад. Дар ҳоле ки субҳ аз хона мебарояд ва бегоҳ ба хона меояд. Билохира нисбати мудохилаи Консулгарии Тоҷикистон муқими шаҳри Мазори Шариф мақоми вилоятӣ барояш мегӯяд, ки бояд ту аз вилояти Балх хориҷ шавӣ. Мо наметавонем ба шумо тобеъият бидиҳем. Бояд ба Кобул равед.

Аз ин ки АМИРҲАМЗА ҲАЛИМОВ мегӯяд дар Меҳмонхонаи Раёсати Муҳоҷирин зиндагӣ мекард тавассути он раёсат ба Кобул интиқол дода мешавад ва қазияи худро дар Вазорати Адлияи Афғонистон пайгирӣ мекунад. Борҳо барои дархости тобеъияти афғонии АМИРҲАМЗА дар мақарри Вазорати Адлияи Афғ. комисиюн доир мешавад. Хулоса баъд аз файсала ва ирсоли дархости АМИРҲАМЗА ба Раёсати Интерпол, Раёсати Ҷиноӣ, Раёсати Истихборот, Раёсати Тероризм, Раёсати Амнияти Миллӣ, ки солҳоро дар бар гирифт, ба ман тобеъияти афғонӣ надоданд.

Сабабаш: Раёсати Умумии Амнияти Миллии Афғонистон ду мактуб содир кард, ки ман дар сафар ба Тоҷикистон ҳеҷ мушкил надорам. Дар ҷавоб ман гуфтам: “То замоне, ки Э. Раҳмонов дар сари қудрат аст, ба Тоҷикистон баргашта наметавонам.” Баъд аз муддат замони дигар Раёсати Умумии Амниятӣ Миллӣ номае ба камисиюни касби тобеъияти афғони вазорати Адлия ирсол кард, ки: “АМИРҲАМЗА аз ҷумлаи бунёдгароён ва ифротиюнӣ исломии Тоҷикистон буда дар Тоҷикистон савобиқи ҷурмӣ дорад ва ба Тоҷикистон рафта наметавонад.” Биноан мо низ аз дархости тобеъияти афғониаш маъзарат мехоҳем.

АМИРҲАМЗА ҲАЛИМОВ ба бисёр мушкилот мактуби шумораи 7794 муаррахаи 27.11.1388. амниятро гирифта аввал ба Раёсати Амният ва ба Риёсати Интерпол меравад, ки савобиқи ҷиноашро маълум кунанд. Баъд аз муроҷиъатҳои рӯзонаи АМИРҲАМЗА ба Раёсати Интерполи Афғонистон, Раёсати Интерполи Душанбе навишта мекунад, ки: “Бо мулоҳиза шуди оршифи Вазорати дохилаи Тоҷикистон АМИРҲАМЗА сабти дафтари аҳволи нуфуси Тоҷикистон намебошад ва фоқиди савобиқи ҷурмӣ мебошад.” — гуфта мешавад дар мактуби Раёсати Интерпол.

Баъд аз ин ки ҷавоби мактуби Интерпол ба комиссияи тобеъият мерасад, боз ҳам ба оқои АМИРҲАМЗА ҲАЛИМОВ тобеъият дода намешавад. Ҳамин тавр ӯ дар ҳолати бетобеъиятӣ басар мебарад, ки аз ин нигоҳ бисёр мушкил дорад.

Ҳатто ду писари АМИРҲАМЗА, МУҲАММАД ва АБДУЛЛО, ки ҳар ду дар Афғонистон мутаваллид шудаанд, ба онҳо низ тобеъият дода нашуд.

Феълан ду писари АМИРҲАМЗА ба номҳои АБДУРАҲИМ ва АБДУКАРИМ дар Тоҷикистонанд, ки тобеъияти Тоҷикистонро доранд ва як писараш дар Россия аст, ки ӯ низ тобеъияти Тоҷикистонро дорад.

Феълан ӯ ва оилааш, ки дар Кобул дар ҳолати беҳувиятӣ басар мебаранд ва Э. Раҳмонов ва режимашро душмани худ ва атфолаш медонад ва ниҳодҳои амниятии Афғонистон нисбати бе аснод буданашон рӯзона эшонро мавриди озору азият қарор медиҳанд.

Аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ООН, ки муддати 27 сол мешавад қазияи паноҳандагӣ дорад, эҳтиромона дархост мекунад, ки ӯ ва оилаашро паноҳандагии сиёсӣ дода вазифаи башардӯстонаашонро нисбати ин оилаи ранҷдида адо намоянд.

Ҳамин алъон зиёда аз 35 соат аст, ки ин бародар дар хат нест.

Рубрики:Ҷомеа

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.