Перейти к содержимому

Саргузашти босмачиҳо (3)

(Ёддоштҳо ва хотираҳои Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон аз қиёми миллӣ-исломии босмачиён дар баробари болшевикҳо дар Осиёи Марказӣ)

Даврони сиёсати мулойимати болшевикҳо

Дар Кунграи ҳаштуми ҳизби кумунист, ки дар моҳи марти 1919 баргузор шуда буд, дар бораи миллият ва масоили Шарқ Маскав тасмим ба иттихози сиёсати “навозиши шарқиҳо” гирифт. Ҳукуматҳои Бошқиристон ва Олош Урда дар ин ҳангом бо шӯравиҳо дар оштӣ буданд. Идораи шӯрое, ки дар Тошканд таъсис ёфта буд, дар миёни аъзои худ иддае аз афроди шарури шовинисти рус низ дошт. Ва дар байни онон касоне буданд, ки худро ба “Ҷамъияти 1914” мансуб медонистанд ва мураввиҷи андешаҳои потриутизм (ватанпарастӣ)-и русӣ буданд. Ин воқеият ва шароратҳое, ки ҳамин идда пас аз барқарории ҳукумати Шӯравӣ муртакиб шуда буданд, аз назари Маскав пинҳон набуд; аз ин рӯ, Кумитаи марказии Маскав дар 12 июл дар бораи ислоҳи идораи Шӯро тасмимоте гирифт ва бо бесим ба Тошканд иттилоъ дод.

Дар ин паём, дастури риояти масъалаи ҷалби мардуми бумии Туркистон ба ниҳодҳои ҳукуматӣ дар ҳадди имкон ва ҳусни рафтор бо аҳолӣ содир ва эълом шуда буд, ки ҳайъати вежае (турк коммисия, ҳайъати турк) аз марказ ба Туркистон эъзом хоҳад шуд. Ба муносибати ин паём, муқаррароте, ки русҳои кумунисти Туркистонро дастпоча карда буд, телегроме, ки яке аз аъзои ҳукумати муқими Тошканд мухобара карда буд, дар рӯзномаҳои “Известия” ва “Иштирокиюн” чоп шуд. Матни телегром чунин буд: “Ин муқаррарот беш аз он ки аз худи Кумитаи марказӣ содир шуда бошад, паёме аст, ки амсоли Закӣ Валидӣ ва Мавлавӣ Баракатуллоҳ бо нуфуз дар Ленин асбоби судури онро фароҳам сохтаанд.”

Иддаои ин шахс то ҳадде баҷо буд; чун дар аввалҳои июл ҳангоме ки ба Маскав омада будам, Ленин маро ба Кремлин даъват кард ва тарҳе нишонам дод, ки Шайх Баракатуллоҳи Ҳиндӣ дар бораи ислоҳоти идории Туркистон пешниҳод карда буд. Он гоҳ аз ман хост, ки онро бихонам ва барояш тавзеҳ диҳам; ва чунончи дар бораи умури Туркистон пешниҳодҳое дорам, бинависам ва бидиҳам.

Мавлавӣ Баракаттулоҳ дар тарҳи худ бештар ба масоили динӣ ва амволу амлоки мусодирашуда пардохта буд. Зарфи ду рӯз пешниҳодҳое навиштам ва таҳвил додам, ки аз ин қарор буд:

— ташкили тамомии ниҳодҳои ҳукумати Шӯравии Туркистон мутаносиб бо риояти ҳуқуқи миллиятҳо;

— адами иҷбори мардум ба пазируфтани кумунизм ва фақат иктифо кардан ба ин ки номзадҳо аз миёни табақаи коргари мусалмон тайъин шаванд;

— бозгардондани сарзаминҳои мусодирашуда дар соли 1916 ва даврони ҳукумати Шӯравӣ;

— мутаваққиф сохтани мусодираҳо;

— эъзоми ҳайъати олии Туркистон – ки се тан аз аъзои он мусалмон ва ду тан рус бошанд – ба Тошканд;

— мунҳал сохтани горди сурх (красная гвардия) дар Туркистон ва эъзоми артиши сурхи мусалмон ба онҷо;

— ташкили артиши сурх аз аҳолии маҳал;

— напазируфтани сарбозҳои русии Туркистон, ки дар лашкаркашиҳо ба кор гирифта шудаанд дар артиши Туркистон ва эъзоми онон ба Русияи дохилӣ;

— фурӯ нишондани ҷунбишҳои босмачиҳо аз роҳи иршоду таблиғ ба ҷойи муқобилаи шадид бо онон, ҳамроҳ бо пазируфтани ҳуқуқи мардуми Туркистон;

— ҷалби афроди коромади босмачиҳо ба артиши сурх;

— ҷалби афроди маҳаллӣ ба идораҳо ва мадрасаҳои вежаи роҳи оҳан ва почта ва телегроф;

— аз миён бурдани биноҳои ёдбуде, ки дар марокизи шаҳр ба номи тезорҳо амсоли женерол Кауфман барпо шудааст;

— ширкат додани Турор Ризқулов, Низом Хоҷаев, Мирсаид Султоналиев аз мусалмонон дар ҳайъати турк.

Ленин ин пешниҳодҳоро писандид ва дар телегроми 12 июл, на ҳама, вале бисёре аз маводди ин пешниҳодро гунҷонда буд. Ва чун мушоҳида мешуд, ки риҷоли Шӯравӣ барои хостаҳои мардуми Туркистон, аъам аз қазоқу бошқир, ва ё тақозоҳои касоне, ки ба Маскав омада хостаҳои худро матраҳ мекарданд, аҳаммият қоиланд, равобити ҳарчи самимонатар байни Маскав ва Осиёи Миёна дар ҳоли по гирифтан буд.

Кумунистҳо аз вуҷуди англисҳо, ки дар он рӯзҳо дар ноҳияи моварои Хазар (Закаспий) ҳукмронӣ доштанд ва женеролҳои русҳои сафед ва афроди мутаъассиби мусалмон мисли ҳокими Бухоро ва аносури муртаҷеъ ва феодалҳои қуруни вустоиро ба хидмат гирифта буданд, ва ҳамчунин аз вуҷуди инқилобиҳои ҳиндӣ чун Баракатуллоҳ ва Муҳандер Партол, ки дар ин ҳангом аз соҳибмансаби зидди Англис (Козимбек) ва равшанфикрони кумунисти Волга-тотор, ба суди худ баҳрабардорӣ карданд. Дар моҳҳои марту апрели ҳамин сол, Козимбек дар ноҳияҳои Бухоро, Тошаканд, Хева ва Ишқобод, ва Баракатуллоҳ дар миёни равшанфикрони Қозон ва Бошқир ба таблиғоти доманадоре ба суди кумунистҳо даст заданд. Рӯзномаи “Новый мир”-и Боку Козимбекро бо унвони “шахсияти эъмолкунандаи сиёсати шарқии Шӯравӣ дар Туркистон” месутуд.

Дар ин асно, вазъи Афғонистон ба зиёни Англистон тағйир ёфт ва Амир Амонуллоҳхон, амири ҷадиди Афғонистон, ҳайъати бузурге ба Русияи Шӯравӣ гусел дошт. Телегроми 12 июл низ дуруст ҳангоме ба Туркистон расид, ки аъзои ҳайъати афғонӣ: Муҳаммад Валихон, Муҳаммад Асламхон, Файзмуҳаммад ва Муҳаммад Сиддиқхон, ва ҳамчунин Козимбек ба унвони намояндаи Туркия, дар Тошканд буданд. Ин паём ба масобаи шинохтани тамомии ҳуқуқи Туркистон аз ноҳияи Маскав талаққӣ шуд ва барои он ҷашнҳо барпо гардид. Муҳаммад Валихон низ дар Тошканд зиёфатҳои бузурге дод.

Лев Тротский

Дар 11 сентябр пас аз шикасти комили русҳои сафед, хатти оҳани Соморо-Уренбург боз шуд ва равобити Маскав-Тошканд барқарор гардид. Ҳайъати афғонӣ ба Маскав омаданд ва махсусан Тротский бо онон ба тарзи бисёр матлубе рафтор намуд. Ва ҳамин ҳангом дар моҳи октябр ахбори иқдомоти Мустафо Камол Ототурк дар Онотулӣ низ ба онҷо расид. Ин вақойеъ, ки афкори оммаро ба зиёни Англистон бармеангехт, шакли таблиғ ба суди болшевикҳоро ба худ гирифт. Дар 11 сентябр хутути роҳи оҳан боз шуд ва сарбозони ҷадиди Шӯравӣ аз роҳ расиданд. Дар натиҷа, болшевикҳо дар 26 сентябр Ӯш ва дар 30 сентябр Ҷалолободро тасарруф ва кишоварзони русиро ҳаводори худ карданд.

Дар ин замон, Ҷабҳаи Туркистон (Туркестанский фронт) мақарри худро аз Соморо ба Тошканд мунтақил сохт ва фармондеҳи он, Фрунзе кӯшиш кард, то қисмате аз урдуи Бошқирро, ки дар он ҳангом дар ҷабҳаҳои ҷануб бо Врангел дар задухӯрд буданд, ба Туркистон фаро бихонад, аммо чун фармондеҳии Бошқир ба тақсим шудани урдуи Бошқир ризо намедод ва хостори он буд, ки ин нерӯ ба сурати дастае мустақил дар Туркистон бимонад, аз ин рӯ Тротский ва Ватсетис ин урдуро ба Туркистон эъзом накарданд ва дар ҷабҳаи ҷануб боқӣ гузоштанд.

Агарчи дар он рӯзгор дар бораи Шӯравӣ андешаи баде ба худ роҳ намедодем ва манзур аз эъзоми урдуямон ба Туркистон таъқиби аҳдофи ҷудоихоҳона набуд, аммо ба ҳеч унвон натавонистем зимомдорони Маскавро муҷоб кунем. Ба ҷои бошқирҳо Бригоди тотор ба Туркистон фиристода шуд; ва ҳайъати Туркистон, ки аз Маскав эъзом шуда буд, дар 11 январ вориди Тошканд гардид. Ҳукумати Шӯравии собиқи Туркистон мунҳал гардид ва бархе аз гардонандагони он ба лиҳози риояти аҳолии маҳал ба сурате намоишӣ ба Маскав эъзом (зоҳиран табъид) шуданд. Аъзои кумисиюн Элиава, Куйбишев, Новитский, Рудзуток, Бокий ва Голошёкин яъне ҳамагӣ рус буданд. Ва ҳамин қазия кам-кам нишон медод, ки нукоти эъломшуда дар телегроми 12 июл фақат саҳнасозӣ будааст.

Ва дар воқеъ Ленин ҳангоме ки дар ҳаштумин кунгра аз тафоҳум бо бошқирҳо сухан мегуфта, онҳоро бо свинҳувудҳо – аз буржуоҳои миллигарои фанлондӣ, ки бо ӯ музокира карда буданд – яке шумурда буд; ва дар моддаи чаҳоруми бахши марбут ба Шарқ ва мустамлакот аз тасвибномаи кунгра, дар мавриди равобит бо миллатҳои мустамлака калимаи “эҳтиёт” ба кор рафта буд, ки мумкин буд ба ҳар сурате истинботу тафсир шавад. Моддаи севвум низ гӯёи он буд, ки ин тасмим дар бораи миллатҳо моҳияти муваққатӣ дорад. Аммо чун рафтори русҳо бисёр ҳисобшуда буд, касе ба ин масъала таваҷҷӯҳ намекард. Ва ин воқеият ба хусус ҳангоме машҳуд шуд, ки мавзӯи мунҳал сохтани фроксиюни (ақаллияти) мусалмони ҳизби кумунист ва дафтар (бюро)-ҳои онон пеш омад. Ин дафтарҳо ягона муҷтамаъи ҷавонони бумии турк буд, ки дар маърази таълимоту таблиғоти кумунистӣ қарор доштанд.

Михаил Фрунзе

Дар 24 майи 1919 Кунграи дафтарҳои кумунистҳои мусалмон дар Тошканд ташкил ёфт. Дар инҷо бозигарон Турор Ризқулов, Саъдуллоҳ Турсунхоҷаев ва Низом Хӯҷаев буданд. Пас аз омадани “ҳайъати турк” дуввумин кунгра дар 4 феврали 1920 ташкил ёфт; ва ҳамин кунгра гӯристони ин дафтарҳо шуд. Ин воқеият, ки Ризқулов ва Афандизода пешниҳод мекарданд Туркистон ба унвони “Ҷумҳурии Шӯравии Турк” шинохта шавад, артиши сурхи миллӣ ташкил ёбад ва умури хориҷии Туркистон ба дасти худи он бошад, русҳоро ба воҳима андохт то ҷое, ки интерносиюнолист будани Ризқулов ва мухолифати ӯ бо миллигароёнро бовар накарданд. Саранҷом, Турсунхоҷаев Ризқуловро ба пазируфтани дабири аввалии Ҳизби кумунисти Туркистон (Крайком) – ки ҳизби муштараки русҳо ва мусалмонони Туркистон буд – даъват кард ва Вазорати умури хориҷаи Туркистон ва риёсати Кумитаи иҷроии Туркистон (ТурЦИК)-ро ба ӯ вогузор кард ва Низом Хӯҷаевро ба узвият баргузид ва дафтарҳои мусалмононро зоҳиран ба тасмими худи кунгра таътил карданд. Дар воқеъ, ТурЦИК ва Крайком ҳеч гуна аҳаммияте надоштанд ва тамомии умур ба дасти Фрунзе, фармондеҳи “Туркфронт” буд. Бригоди тотор, ки ба унвони пуштибони Ҳукумати Туркистон оварда шуда буд, ба раҳбарии Фрунзе дар набард бо босмачиҳо ба кор гирифта шуд. Ва ҳамин мавзӯъ дар барангехтани афкори умумии мардуми Фарғона ба душманӣ бо босмачиҳо таъсири басазое кард. Ба ҳангоми лузум, миллигароёни Туркистон низ ҳамроҳ бо Бригоди тотор ба Фарғона эъзом мешуданд, то бо истифода аз номҳои Афғонистон ва Туркия, дар бораи “аҳаммияти шӯравиҳо дар амри озод кардани ҷаҳони ислом ва турк” таблиғ кунанд. Русҳо Саъдуллоҳ Турсунхоҷаев, раиси ҳизб ва вазири умури хориҷаро дар раъси ҳамин таблиғ қарор доданд.

Дар миёни босмачиҳо роҷеъ ба ҳақ ё ноҳақ будани маслакашон тардид эҷод шуд. Дар 17 январи 1920 Монстров, фармондеҳи “Артиши масеҳиён”, ба шӯравиҳо паноҳанда шуд. Дар атрофи Муҳаммадаминбек иддаи андаке аз русҳо боқӣ монданд. Дар 31 январ Маҳкамҳоҷӣ ва Акбаралӣ бо 600 нафар мусаллаҳ ва 2 ҳазор нафар ба қаламрави шӯравиҳо пайвастанд. Дар 4 феврал русҳо бо қувваҳои муҳимме ба мақарри Муҳаммадаминбек ҳамла ва ӯро мағлуб карданд. Дар моҳи март Муҳаммадаминбек боби муробита бо шӯравиҳоро гушуд. Ӯ фақат хоҳони “қитъае” (дастае низомӣ) барои худ буд.

Дар он замон, аз Бригоди тотор, ӯзбакҳо ва қазоқҳо навъе артиши сурх ташкил ёфта буд, ки маҷмӯи он ба қасди таблиғ “Бригоди турк” хонда мешуд. Муҳаммадаминбек бо ин шарт, ки ба ин бригод роҳ ёбад ва дастаи ҷудогонае зери фармонаш бошад, дар 3 март қарордоди сулҳ баст. Ба мӯҷиби ин қарордод, қувваҳои Муҳаммадаминбек силоҳи худро ҳифз карданд. То миёнаҳои март, бисёре аз дастаҳои босмачӣ ба артиши сурх пайвастанд ва мутеъ шуданд. Зоҳири амр нишон медод, ки русҳо илова бар Бригоди турк, бар онанд, ки “Бригоди савораи шумораи яки ӯзбак”-ро низ ташкил диҳанд.

Бригоди тотор

Аз қӯрбошиҳо, Шермуҳаммад (Кӯри Шермат) нисбат ба ин масоил ҳассосияти зиёде нишон дод; ба русҳо паноҳанда нашуд ва дар охирҳои сол, бо амири Бухоро ва кишвари Афғонистон иртибот барқарор кард ва ба набарди худ бо русҳо идома дод; ва аз он ба баъд, худро “Амири лашкари ислом” эълом кард. Дар моҳҳои март-апрел босмачиҳои Фарғона бӯҳронитарин даврони худро мегузаронданд. Равшанфикроне, ки фиреби сиёсати мулойиматомези шӯравиҳоро хӯрда буданд, Шермуҳаммадро ба канор ниҳодани аслиҳа даъват мекарданд. Хотироти Шермуҳаммад дар бораи Низом Хӯҷаев, аз аъзои Ҳукумати Туркистон, ки ба симати намояндагии ҳукумат омада буд ва пешниҳодҳое дошт, аҳаммияти фаровоне дорад. Ӯ мегӯяд: “Низом Хӯҷа аз Искублуф (номи Марғилони ҷадид, ки тавассути як женероли рус ба номи Михаил Дмитриевич Скоблев таъсис ёфта буд) омада буд ва пешниҳоди сулҳ мекард – гуфт: ман ҳоло худам ҷузъи ҳайъати ҳокимаи Туркистонам, биёед ба мо мулҳақ шавед, то яке шавем. Дар ҷавобаш гуфтам: оё қӯшуни рус ва ситоди низомии онҳо, ки дар Тошканд аст, аз шумо итоат мекунад? Гуфт: Бале. Гуфтам: агар воқеан мутеъи шумост, аз ҳамин имрӯз дастур бидиҳед, ки Туркистонро тахлия кунанд, аз ҳамон лаҳза ман ба хидмати шумо хоҳам шитофт. Низом Хӯҷа дигар натавонист чизе бигӯяд; сарашро поин андохт ва шармсорона баргашт ва рафт.”

Шермуҳаммад (Кӯри Шермат)

Шермуҳаммад дар ин асно, саргарми танзими умури низомӣ ва идории хеш ва барқарор кардани робита бо ҳар тарафе буд. Дар 31 май бародари худ Тошмуҳаммадро ба унвони элчӣ ба Афғонистон фиристод ва ба сару сомон додани ташкилоти худ ба роҳу расми Хӯқанд пардохт. Шахсе ба номи Муллоҷон Қориро раис, Акбархони Эшонро шайхулислом, Абдуссалом Қориро мирзобошӣ (саркотиб), Назирҷонро мудири молия ва Мулло Ҳоҷиниёзро вақойеънигор таъйин кард; ва дар канори худ низ аз мӯътамадони Фарғона шӯрои 12-нафара тартиб дод. Ин афродро ағлаб дар рустои худ ва Қаротеппа гирд меовард ва бо онҳо мулоқот мекард. Дар дохили ил низ қозӣ, минбошӣ ва эликбошӣ насб карда буд ва ҳамчунин барои таъмироти туфангу рехтани фишанг аҳли фаннро гирд оварда ва Хоҷаи Устодиро ба сарустодии онон баргузида буд. Бародараш Тошмуҳаммад як сол баъд бо як тан маъмури зердаст аз афғониён ба номи Акбархони Бурут бозгашт. Аз он пас, Шермуҳаммад худро аз атбоъи Афғонистон мешумурд.

* * *

Идома дорад

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: