Перейти к содержимому

“Ферма” ва “мухолифони мухолифон”, дастатон дард накунад!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар як соли ахир, хидмате, ки “ферма” ва “мухолифони мухолифон” дар барҷаста кардани мухолифон ба хусус ПМТ ва раҳбаронаш ва дар садри ахбор қарор додани номи онҳо кардаанд, ҳеч кас анҷом надодааст.

Ин ду тоифа — ки дар пушти аввалӣ мақомот меистанд — дар ҳар иттифоқу таҳаввуле, ки рух медиҳад, аз мухолифон ва раҳбаронаш ва ба хусус Муҳиддин Кабирӣ ном мебаранд ва чунон нишон медиҳанд, ки гардонандаи тамоми ин таҳаввулот, мухолифон ва Кабирӣ будааст.

Агар Мирзо Салимпур ва “Ахбораш” – ки кучактарин иртиботе бо ПМТ ва ё ҲНИТ надорад — гузориш ва ё таҳлиле дар робита бо вазъи кишвар ва нобасомониҳои он ё дар бораи белиёқатии мақомот чизе бинависад, фавран аз сӯи “ферма” ва ё тавассути яке аз “мухолифони мухолифон” барояш ҷавоб навишта шуда ва Мирзоро муттаҳам мекунанд, ки гӯё ин матолибро ба дастури Кабирӣ ва ё “КСИР” ё “охундҳо” навиштааст.

Агар дар Родию Озодӣ тағйиру таҳаввуле пеш ояд ва касе дар ин родиюи омрикоӣ ба истеъфо биравад, “ферма” ё “мухолифи мухолифон” мусаббибу сабабгори ин тағйиру таҳаввулро касе ҷуз ПМТ ва Кабирӣ намедонанд ва тамоми нерӯи худро сарфи барҷаста кардани ПМТ ва Кабирӣ ва ин ки дар пушти ин таҳаввулот Кабирӣ меистодааст ва ин ки “исломиҳо” имрӯз арӯсӣ доранд мекунанд.

Агар Дориюши Раҷабиён ё Исфандиёри Одина ёддоште интиқодӣ дар бораи ин ё он ниҳоди давлатӣ ва ё матлабе дар бораи “босмачиҳо” бинависад, “ферма” ё “мухолифони мухолифон” ҳамон лаҳза ба ин ду рӯзноманигор анги “хиёнат” ва ин ки тобеъи ПМТ ва Кабирӣ будаанд мезананд ва ҳатто кор ба ҷойе мерасад, ки аз ин ду рӯзноманигор ба унвони “ҷосуси Эрон”, “ҷосуси КСИР” ва “охундҳо” ном мебаранд. Дар ҳоле, ки агар дар миёни тоҷикистониҳо ду нафар мунтақиди сарсахт барои низоми ҳоким дар Эрон пайдо бишавад, бешак он ду нафар Дориюш ва Исфандиёр ҳастанд, ки яке аз мавориди ихтилофи назари роқими ин сатрҳо бо ин ду бузургвор ҳамин мавзӯъ аст. Албатта, Мирзои Салимпур ҳам, ки ин охирҳо аз ӯ бисёр ба унвони тобеъи “КСИР ва охундҳо” ном мебаранд, яке аз мунтақидони ин низом аст.

Ва аз ҳама шигифтовартар ин аст, ки Сафват Бурҳоновро ҳам – ки мавзеъи ӯ дар баробари опозисиюн ва ПМТ бар касе пӯшида нест – муттаҳам карданд, ки гӯё “фармонбардори Кабирӣ” будааст.

Хулоса, “ферма” ва “мухолифони мухолифон” имрӯз ду хидмати бузурге ба ПМТ мекунанд: яке ин ки ҳар садои мунтақидеро ба ПМТ мулҳақ месозанд, ва дигар он ки сабабгори тамоми таҳаввулотро ПМТ ва раҳбараш унвон мекунанд; ки ҷо дорад, ба хотири ин хидматашон, “як ҷаҳон ташаккур” нисорашон намоям ва бигӯям: Дастатон дард накунад!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: