Перейти к содержимому

Ҷалолуддини Маҳмуд озод шуд

Ҷалолуддини Маҳмуд. Акс аз Родию Озодӣ.

Ҷалолуддини Маҳмуд, узви собиқи Кумисиюни марказии интихоботи Тоҷикистон ва узви Раёсати Олӣ ва мушовири сиёсии раиси ҲНИТ аз зиндон озод шуд.

Писари ӯ, Сайфиддин Ҷалолуддинзода, бо таъйиди ин хабар, ба Родию Озодӣ гуфтааст, ки падараш рӯзи гузашта (4 апрел), пас аз адои мӯҳлати ҷазо озод шудааст. Ӯ афзуда: “Дирӯз дидем, сиҳҳату саломатанд. Ҳозир дар хонаамон дар Душанбе ҳастанд.”

Сойти Паём низ бо интишори хабари озод шудани Ҷалолуддини Маҳмуд, навиштааст, ки ӯ моҳи феврали 2015 аз сӯи маъмурони амниятии кишвар боздошт шуда буд. Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ӯро сохтакорона, барои нигоҳдории силоҳ дар хонаи яке аз дӯстонаш дар деҳаи Ҷуқураки Болои ноҳияи Ҳисор айбдор карда буданд.

Бар асоси ин гузориш, мақомот дар гузориши худ гуфта буданд, ки дар пайи кофтукоби манзили Латиф Сардоров, сокини деҳаи Чуқураки Боло, 2 таппончаи тамғаи Макаров, 4 тирдон, 51 тир ва 1 запали таркандаи норинҷаки дастӣ пайдо шудааст, ки ин ба Ҷалолуддини Маҳмуд дахл дорад.

Ҳамин тавр Додгоҳи ноҳияи Ҳисор 20 июли соли 2015 Ҷамолиддин Маҳмудовро бо иттиҳоми ғайриқонунӣ дастрас намудан, нигоҳ доштан, интиқол додан аз як ҷо ба ҷои дигар ва ба касе додани силоҳ ба 5 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум карда буд.

Тибқи гузориши Паём, ин иттиҳоми мақомот дар ҳоле буд, ки Ҷалолуддини Маҳмуд аз шахсоне буд, ки дар душвортарин рӯзҳои миллат, масъулияти вазнину хатарнокро ба дӯш гирифта, дар расидан ба сулҳу амният саҳми беназир гузоштааст. Бояд гуфт худи ҳамон соли 2015 номзадии Ҷалолуддин Маҳмуд чанд моҳи пеш аз баргузории интихобот барои узвият дар Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шуда, боздошти ӯ дар айни ҳол комилан зидди мантиқу воқеият буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: