Перейти к содержимому

Саргузашти босмачиҳо (4)

(Ёддоштҳо ва хотираҳои Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон аз қиёми миллӣ-исломии босмачиён дар баробари болшевикҳо дар Осиёи Марказӣ)

Туркҳои бумӣ чӣ гуна фиреб хӯрданд?

Самимӣ набудани болшевикҳо ва дурӯғин будани сиёсати мулойимати онон, дар ҳамон оғози соли 1920 ба ҳақиқат пайваста буд; ва тадбирҳои онон барои “қарор додани ҷавонони мусалмонон бар раъси тамомии аҳолии Туркистон ва саросари ҳизб” ва масъалаи “қарор додани онон бар раъси ҳукумат” сирфан ба сурати таблиғ ва ба зиёни босмачиҳо дар апрели ҳамон сол, таҳаққуқ ёфт.

Ин воқеият, кумунистҳои туркро навмед кард. Ташкили нерӯҳои миллӣ низ дурӯғ даромад ва ҳатто иқдомоте барои муталошӣ кардани сипоҳҳои мавҷуд низ кам-кам оғоз шуд. Бо ин ки қувваҳои бошқир аз Петерзбург дар баробари Юденич дифоъ мекард, Истолин ба баҳонаи ташкили ҳизби кумунист, дар миёни кишоварзони русии Бошқиристон аслиҳа тавзеъ мекард ва дар айни ҳол, мекӯшид, то дастае аз қувваҳои бошқир (дастаи Муртазин), ки ҷудо афтода буд, ба дигарон напайвандад.

Ленин ва Истолин

Маҷмае низ, ки дар Кремлин зери назари Колинин ба манзури яке кардани идороти иқтисодии ҷумҳуриҳои Бошқир ва Қазоқ ва сохтани қароргоҳи муштараки он ду дар Оренбург ва ҳамчунин тарсими хутути аслии масоили муҳоҷирини рус ва сарзаминҳо ташкил ёфта буд, ба наҳве ки пештар дидем, дар сояи дасисаҳои русҳо бесамар монд. Аъзои маҷмаъ шаҳри Истерлитамоқро низ, дар ҳоле ки бо русҳо бар сари он ихтилоф буд, раҳо карданд.

Ҳамзамон, дар Бошқиристон муҳоҷирони русиро ба душманӣ бо бумиён бармеангехтанд. Пуле, ки барои кӯмак ба бошқирҳои осебдида дар ҷанги дохилии Русия тахсис ёфта буд, дар Бошқиристон сарфи таблиғот бар зидди ҳукумати миллӣ ва ба нафъи Маскав ва эҷоди ташкилоти мухолиф гардид ва дар Истерлитамоқ, байни ҳукумати Бошқиристон ва намояндагони Маскав (Преображенский, Артем (Сергеев), Самойлов ва Дудник) бархӯрдҳои шадиде рӯй дод. Аз таъсиси мадрасаи Низом, ки дар Оренбург дар остонаи гушоиш буд, ҷилавгирӣ шуд.

Вазъи Қазоқистон низ ба ҳамин гуна буд. Агарчи ба мӯҷиби фармони 10 июли 1919, истиқлоли дохилии Қазоқистон мавриди таъйид қарор гирифт, аммо раиси ҳукумати он, Пестковскии русӣ буд (ва аъзояш: Мендешев, Аҳмад Бойтурсун, Ҷонгелдин ва дигарон буданд.) Муҳаммадёр Тунғончин, ки дар марти 1918 аз Маскав омада ва дастандаркори ташкили “Артиши сурхи миллии қазоқ” барои кулли Қазоқистон буд, нерӯи тақрибан ҳазор нафараи муназзаме аз сарбозони қазоқро, ки дар Букой Урдо тартиб дода буд, ба Оренбург мунтақил сохт ва тасмим дошт онро пуштвонаи ҳукумати қазоқ қарор диҳад. Аз сӯи дигар, ин тасмим низ дар миён буд, ки сипоҳи муташаккил дар Қазоқистони шарқӣ ба номи Олош Урдо (Алаш-Орда) зери назари Тӯхтамишев бо болшевикҳо оштӣ дода шавад ва ҷузъи урдуи сурхи қазоқ қарор гирад.

То поёни сол, тамомии ин нақшаҳо ба ҳам хӯрд. Типи Тунғончинро аз тариқи роҳи оҳани Саратов-Самара нафиристоданд, балки ба сабаби алоқаи русҳо ба аз ҳам пошидани он, аз роҳи Уралск эъзом карданд; ва аз ин рӯ, вақте ин тип ба Оренбург расид, аз ҳазор тан ҳаддиаксар 200 тан баҷо монда ва боқӣ дар роҳ муталошӣ шуда буд. Типи Тӯхтамишев ҳангоме ки озими пайвастан ба урдуи сурх дар фосилаи Семей (Семипалатинск) ва Жойсон буд, ба тарзи хоинонае мавриди ҳуҷум қарор гирифт. Худи Тӯхтамишев, Султонбек Мамлеев – аз мирзоёни Уфо — ва рафиқонаш кушта шуданд ва аз қувваҳои Олош Урдои шарқӣ чизе барҷо намонд. Дар вилояти Урол (Олош Урдои ғарбӣ), ки ба ҳукумати Шӯравӣ мулҳақ шуда буд, типҳое, ки Халил ва Ҷаҳоншоҳ Дӯстмуҳаммадовҳо ташкил дода буданд, дар поёни сол (10 декабр) муталошӣ шуд ва имкони эътои мавҷудияти миллӣ ба ҳукумати Қазоқистон, ки дар остонаи барпоӣ буд, аз миён рафт. Афроди Олош Урдо, ки пароканда шуда буданд, таҳти таъқиб қарор доштанд ва Алӣ Букейхонов ҳам фирорӣ буд. Қадирбоев ва Мухтор Авезов аз Семей гурехтанд ва дар марти 1920 ба Бошқирситон омаданд.

Дар Ӯзбекистон ҳам қазия аз ҳамин қарор буд. Дар моҳи апрел, муборизаи ҷиддӣ барои мухолифат бо гурӯҳи Ризқулов ва Турсун Хоҷаев, ки дар феврал бар сари кор омада буданд, оғоз шуд; ва ҳадаф берун рондани ин ду тан аз ТурЦИК ва Крайком буд. Ризқулов ва Низомхӯҷаев, ки хоҳони музокираи мустақим бо шахси Ленин дар бораи тавтиаҳои ҳайъати турк дар ин маврид буданд, ба Маскав омаданд. Дар моҳҳои апрел ва май, дигар ҳама эҳсос карда буданд, ки фиреб хӯрдаанд ва мабҳут монда буданд. Дар ин ҳангом Муҳандер Партоли ҳиндӣ, Баракатуллоҳ ва Козимбек низ, ки пас аз тамосҳои фаровон дар Маскав, ба Тошканд баргашта буданд, пай бурданд, ки комилан гӯл хӯрдаанд. Дар хотироти муфассали Козимбек аз саёҳат дар Афғонистон ва Туркистон чунин ҷумалоте вуҷуд дорад:

Григорий Исҳоқович Бройдо

Январи 1920: ман ва Муҳандер Партол, шоҳзодаи ҳиндӣ, Баракатуллоҳхон ва ҳайъати афғон навмедона аз Маскав бозгаштем. Дигар дасту боламон баста буд, намедонистем чӣ кунем. 2 январ: Вазорати умури хориҷаи Туркистонро аз Турсун Хоҷаев гирифтанд ва ба Бройдо — яҳудии русӣ доданд. Эҳтимолан тасаввур мекунанд, ки ман (Козимбек) ҷосуси афғониам ва бо амири Бухоро дар тадоруки эҷоди дастаҷамъии Афғонистон бар зидди русҳо ҳастам. Ба ҳар ҳол, дар ин бозӣ мо бохтаем. 1 май: Баракат дубора ба Тошканд омад. Ҳар ду бадбин будем. Барои боздид аз типи Худу – роҳзани бузурги эронӣ, ки шӯравиҳо мехостанд равонаи Эронаш кунанд, мо ва Баракатуллоҳро ба Ишқобод фиристоданд. Аз Махтумқулихон дидор кардем. Болшевикҳо ман ва Баракатуллоҳро ҷузъи нерӯи эҳтиёти шохаи низомии Эрон қарор дода буданд. Яъне чӣ? Эътироз кардем ва ба Тошканд баргаштем. Дар Эскишаҳр ба хонаи Исломбой ном фуруд омадем. Дар инҷо чекситҳо (аъзои Кумитаи фавқулъодаи амният) ба мо ҳуҷум оварданд, суратҷаласа навиштанд ва қарори боздоштамонро содир карданд. Комиссар Гопнер гуфт, ки ин кор бидуни иттилоъи ӯ сурат гирифтааст. Пас аз ин рӯйдод, дигар мондани мо дар Туркистон маъное надошт. Дар 20 август Ҷамолпошшо ба Тошканд омад. Бо Баракатуллоҳхон ба дидани ӯ рафтем ва ҷараёни фаъолиятҳоямон дар Шарқро яко-як барояш баён кардем ва вазъи дардноки кунуиамонро низ тавзеҳ додам, аммо ба ҳеч унвон натавонистам ӯро мутаваҷҷеҳ кунам, ки худаш ҳам бозичаи дасти ҳукумати Шӯравӣ хоҳад шуд.”

Аҳмад Ҷамолпошшо

То инҷо гуфтаҳои Козимбек буд.

Дар мавриди масъалаи сарзаминҳо, намояндагони Маскав, дар Бошқиристон ва Қазоқистон аз муҳоҷирони русӣ ҷонибдорӣ карданд ва ононро аз тарафи ҷануб мусаллаҳ сохтанд ва бар он шуданд, ки исбот кунанд ва дар шӯришҳои вилояти Уфо ҳукумати Бошқиристон даст доштааст. Ба ҳамин сабаб, барои ҳалли ихтилофи мавҷуд бо намояндагони Маскав — Артём (Сергеев) ва Преображенский, дар охирҳои март Тротский ба Уфо эъзом шуд. Ӯ вақте фаҳмид, ки ба ҳангоми шӯришҳои Уфо Бошқиристон худ дар оромиши комил ба сар мебурда, шахсан ба дурӯғ будани ахбори восила аз Маскав пай бурд ва Артём ва Преображенскийро бо худ ба Маскав бурд ва қавл дод, ки ба артиши Бошқиристон ёрӣ хоҳад намуд. Ва дар пайи он, 30 ҳазор туфанг, ду воҳид оташбори тӯп, тайёра ва муҳиммоти фаровон дар ихтиёри он ниҳод.

Ман ва Илёс Олкин ҳанӯз дар аввалҳои 1919 мекӯшидем бе он ки кумунизмро пазируфта бошем, бо ташкили Ҳизби сусиёлисти инқилобӣ дар Интерносиюноли севвум роҳ ёбем, аммо Истолин ва Истасова адами имкони расмӣ шудани чунон ҳизберо баён карданд ва ба ман ва Аҳмад Бойтурсун – ки аз қазоқҳо буд – гуфтанд: “Шумо кумунист ҳам, ки нашуда бошед, бояд узвияти ҳизбро бипазиред.” Ва моро вориди ҳизб карданд. Аммо бо ин кори худ собит карданд, ки мехоҳанд дасту пойи моро бо қайду банди ҳизб бибанданд ва ҳукуматҳои миллиро ба тамомӣ ба дасти кумунистҳо бисупоранд ва ин ҷумҳуриҳоро бо афроди ВЧК ва Комбед (Кумитаҳои фуқаро) пур кунанд, яъне сайтараи Маскавро барқарор созанд ва идораи умури иқтисодиро куллан ба даст гиранд. Мутахассисони умури миллӣ давру бари Кумисерии умури миллӣ, ки шахси Истолин мудирияти онро дошт, мегаштанд ва саргарми таҳияи нақшаҳои тақсими ҷумҳуриҳои навтаъсис бар асоси қабилаҳо буданд. Ба пиндори Артём, дӯсти Ленин, лозим буд, ки Бошқиристон ба вилояти Уфо мулҳақ шавад ва миёни ин ҷумҳурӣ ва Қазоқистон як вилояти рус (ҳукумати Оренбург), ки табъан тобеи Маскав хоҳад буд, қарор гирад. Ва ба назари шахси дигар, мебоист дар Туркистон қазоқу ӯзбаку қирғизу тоҷик аз ҷиҳати идорӣ аз ҳам тафкик (ҷудо) шаванд. Болшевикҳо чунин нақшае доштанд; дар ҳоле ки дар ҳамин замон дар матбуоти Урупо ва Ҳинд (масалан, маҷаллаи “Шарқи ҷадид” (Der Neue Orient)) ва дар китоби дуктур Абдулғанӣ Ҳиндустонӣ — “Муруре бар вазъи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ” (Abdul Ghani, A Review of the Political Situation in Central Asia) – сухан аз ин мерафт, ки шӯравиҳо комилан эътироф кардаанд, ки дар Туркистон мардуми бумӣ ҳақ доранд ва ин фикр дар миёни болшевикҳо қувват мегирад, ки аз ин пас бояд дар Шарқ ҳуқуқи шарқиёнро ба тамомӣ шинохт. Мустафо Камол низ, ки дар Онотулӣ фаъолият мекард, аз Эрзрум телегроме ҳовии эҳсосоти бародарона ба номи ман бо унвони раиси Ҳукумати исломии Оренбург мухобира кард. Хулоса, дар хориҷ аз Русия, бар касе маълум набуд, ки он рӯзҳо ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна вопасин нафасҳои худро мекашанд.

* * *

Идома дорад

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: