Перейти к содержимому

Дуои ҳазрати Паёмбар (с) дар моҳи Шаъбон

Аз дуоҳое, ки ба хондани он дар моҳи мубораки Шаъбон бисёр таъкид шудааст, дуоест маъруф ба “Муноҷоти Шаъбония”. Ин дуоро, ки ҳам аз назари алфоз бисёр дилнишин ва ҳам аз назари маъно бисёр волост, Сайид ибни Товус дар Иқболул-аъмол бо санад аз Имом Алӣ (к) ва эшон аз Паёмбари Акрам (с) нақл кардаанд.

Муноҷоти Шаъбония

Худоё! Бар Паёмбару дудмони покаш дуруд фирист ва он гоҳ ки туро мехонам ва садоят мезанам, садо ва дуоямро бишнав ва иҷобат кун, ва он гоҳ ки бо ту наҷво мекунам, бар ман иноят кун!

Ман аз ҳама бу сӯи ту гурехта ва дар пешгоҳи ту истодаам, дар ҳоле ки дилшакаста ва нолони даргоҳи туям ва ба подоши ту умедворам!

Он чиро дар дили ман мегузарад медонӣ, аз ниёзи ман огоҳӣ, замиру дарунамро мешиносӣ ва фарҷому саранҷоми зиндагӣ ва маргам аз ту пинҳон нест. Он чиро ки мехоҳам бар забон оварам ва аз хостаам сухан бигӯям ва ба ҳусни оқибатам умед бандам, ҳамаро медонӣ!

Дар он чи то поёни умрам ва аз ниҳону ошкорам хоҳад буд, қалами тақдират нофиз ва ҷорӣ аст ва афзунӣ ва коҳишам ва суду зиёнам, танҳо ба дасти туст!

Худоё! Агар маҳрумам созӣ, кист, ки рӯзиям диҳад? Ва агар хорам кунӣ, кист, ки ёриям кунад?

Худоё! Аз хашм ва фаро расидани ғазабат, ба худат паноҳ меоварам!

Худоё! Агар шоистаи раҳмати ту нестам, ту сазоворӣ, ки раҳмати густардаатро бар ман ато кунӣ!

Худоё! Гӯё чунонам, ки дар пешгоҳи лутфи ту истодаам ва соясори таваккули некӯям бар ман бол гушуда ва ончиро ту шоистаи онӣ, гуфтаӣ ва маро дар ҳолае аз бахшоиши хеш пӯшондаӣ!

Худоё! Агар бибахшоӣ, кист, ки аз ту сазовортар ба афв аст?

Ва агар аҷалам фаро расида ва кори шоистае надоштаам, кӣ маро ба ту наздик созад, эътироф ба гуноҳро василаи омурзиши ту сохтаам!

Худовандо! Бо мӯҳлат ва майдоне, ки ба нафс додаам, бар хеш ситам кардаам, пас агар маро наомурзӣ, пас вой бар ман!

Худоё! Ҳамвора дар тӯли зиндагӣ, аз лутфу эҳсонат бархӯрдор будаам, пас аз марг ҳам, лутфи хешро аз ман дареғ мадор!

Худоё! Чӣ гуна маъйус бошам аз ин ки пас аз марг ҳам нигоҳи лутфу эҳсони ту бар ман хоҳад буд, дар ҳоле ки дар тӯли ҳаётам, бо ман ҷуз эҳсону некӣ накардаӣ!

Худоё! Кори маро он гуна ба сомон бирасон, ки ту сазовори онӣ (на онсон, ки ман дархӯри онам)!

Ва бо бузургворият, ба ман иноят кун, бар гуноҳкоре, ки дар ҷаҳли хеш фурӯ рафтааст!

Дар дунё гуноҳонеро бар ман пӯшондаӣ, ки дар охират ниёзмандтарам, ки пардаи пӯшиш худро бар онҳо афканӣ!

Худоё! Чун гуноҳонамро пӯшондӣ ва бар ҳеч як аз бандагони шоистаат фош насохтӣ, бар ман некӣ кардӣ, Худоё, пас дар рӯзи қиёмат низ расвои халоиқам магардон!

Худоё! Ҷуду бахшиши ту доманаи орзуямро густардааст ва бахшоиши ту бартар аз амали ман аст!

Худоё! Пӯзишталабии ман ба даргоҳат, узрхоҳии касе аст, ки аз узрпазирии ту бе ниёз нест, пас узрамро бипазир, эй Каримтарин бузургворе, ки зишткорон ба даргоҳаш узри гуноҳ мебаранд!

Парвардигори ман! Ҳоҷат ва ниёзамро рад макун ва дасти умед ва орзуямро аз даргоҳи хеш кӯтоҳ магардон!

Худовандо! Агар мехостӣ хорам кунӣ, ҳидоятам намекардӣ, ва агар мехостӣ расвоям созӣ, аз уқубати дунё муъофам намекардӣ!

Худоё! Ситоиши абадӣ ва санои мармадӣ танҳо аз они туст, сипосе ҳамвора фазоянда ва бе каму кост, он гуна ки ту дӯст дорӣ ва меписандӣ!

Худоё! Агар маро ба ҷурмам бигирӣ, даст ба домони афват мезанам!

Ва агар маро ба гуноҳонам муъохиза кунӣ, туро ба бахшоишат бохзост мекунам!

Агар дар дӯзахам афканӣ, ба дӯзахиён эълом хоҳам кард, ки туро дӯст дорам!

Худоё! Агар дар канори тоатат, амалам кучак аст, умед ва орзуям бузург ва бисёр аст!

Худоё! Аз остони ту чӣ гуна тиҳидаст ва маҳрум баргардам, бо он ки гумон гумони неки ман нисбат ба ҷуди ту, он аст, ки наҷотёфта ва раҳматшуда маро бозгардонӣ!

Худоё! Умрамро дар ранҷи ғафлат аз ту табоҳ сохтам, ҷавониамро дар сармастии дурӣ аз ту ҳадар додам, Худовандо, он рӯзҳо, ки ба карами ту мағрур шудам ва роҳи хашми туро сипардам, аз хоби ғафлат бедор нагаштам!

Парвардигоро! Ман бандаи туам ва зодаи бандаи ту, дар остони бузургият истодаам ва караматро василаи тақарруб ба ҳузури ту қарор додаам!

Худоё! Бандае зишкорам, ки ба узрхоҳӣ омадаам, аз нигоҳи ту шарм надоштаам, инак аз ту металабам, чаро ки афв, сифати бузургвории туст!

Офаридгоро! Тавони он надоштаам, ки аз нофармоният даст бишӯям, магар он гоҳ ки ба ишқу муҳаббати хеш бедорам сохтаӣ, ё он гуна будаам, ки ту худ хостаӣ, туро сипос, ки маро дар карами хеш ворид кардӣ ва диламро аз олоишҳо ва кудуратҳои ғафлат аз худат пок намудӣ!

Парвардигоро! Маро бингар, нигоҳи он ки нидояш додӣ пас посухат гуфт, ва ба тоаташ фаро хондӣ ва ба ёриаш гирифтӣ, пас мутеъи ту гашт!

Эй Худои наздик! Ки аз мағрурон ва фирефтагон дур нестӣ, эй бахшандае, ки нисбат ба умедворони ҷуду бахшишат бухл намеварзӣ!

Худоё! Маро қалбе бахш, ки шавқу ишқ, ба ту наздикаш созад, ва забоне ато кун, ки садоқат ва ростиаш, ба даргоҳат боло равад, ва нигоҳе бахш, ки ҳақиқаташ заминасози қурб ба ту гардад!

Худоё! Он ки ба ту маъруф гардад, ношинохта нест, он ки ба ту паноҳ оварад, хору дармонда нест, ва он ки ту ба ӯ рӯи иноят оварӣ, бардаи дигаре нест!

Худоё! Он ки аз ту роҳро ёфт, равшан шуд, ва он ки паноҳандаи ту шуд, паноҳ ёфт! Худовандо! Ман ба ту паноҳ овардаам, аз раҳмати хеш маъйусу маҳрумам масоз ва аз раъфату меҳрубоният маҳҷубам магардон!

Худоё! Дар миёни авлиёи хеш маро мақоми касе бахш, ки орзуи муҳаббати афзунтари туро дорад!

Худоё! Маро шефтаи ёди худ соз ва ҳимматамро дар нишоти дастёбӣ ба номҳоят ва қароргоҳи азамат ва қудсат қарор бидеҳ!

Худовандо! Туро ба худат савганд, ки маро ба ҷойгоҳи аҳли тоатат бирасон ва ба манзилгоҳи шоиста ва писандидаи хеш раҳнамун бош, ки ман на метавонам шарреро аз хеш дур созам ва на суде ба хеш расонам!

Кирдугоро! Ман бандаи нотавон ва гунаҳкори туам ва бардаи айбноки ту, ки ба сӯят омадаам, пас маро аз ононе магардон, ки чеҳари лутфи хеш аз онон баргардондаӣ ва иштибоҳоташон ҳиҷоби бахшоиши ту гаштааст!

Худоё! Маро камоли гусастан аз ғайр ва пайвастан ба худат ато кун, дидаи дилҳоямонро бо фурӯғи нигоҳ ба худ равшан соз, то дидаҳои басирати дил ҳиҷобҳои нурро аз ҳам бардарад ва ба конуни азамат бирасад ва ҷонҳои мо овехтаи даргоҳи иззат ва қудси ту гардад!

Худоё! Маро аз ононе қарор деҳ, ки нидояшон кардӣ, посухат гуфтанд, ва нигоҳашон кардӣ, мадҳуши ҷалоли ту гаштанд, бо онон роз гуфтӣ ва наҷво кардӣ, ошкоро барои ту кор карданд!

Худовандо! Ҳаргиз навмедиро бар ҳусни занни хеш мусаллат насохтаам, ва ҳаргиз умедам аз карами некӯ ва зебоят нагустастааст!

Парвардигоро! Агар гуноҳон маро дар пешгоҳи ту хору паст карда, пас ба сабаби таваккул ва эътимоди некӯям ба ту, аз ман даргузар!

Офаридгоро! Агар гуноҳон маро аз лутфи волои ту дур сохта, аммо яқин ба карам ва иноятат, огоҳ ва умедворам сохтааст!

Худоё! Агар хоби ғафлат, аз омодагӣ барои дидорат, боздошта, маърифат ба неъматҳои арҷмандат, бедорам доштааст!

Худовандо! Агар уқубати сангини ту, ба оташи дӯзахам фаро мехонад, подоши фаровонат, ба биҳиштам давъат мекунад!

Офаридгоро! Ман аз ту мехоҳам ва танҳо ба остони ту дасти ниёз бармедорам ва туро хосторам!

Аз ту мехоҳам, ки бар Муҳаммад ва дудмонаш дуруд фиристӣ ва маро аз ононе қарор диҳӣ, ки ҳамвора ба ёди туанд ва паймони туро намешикананд ва аз сипоси ту ғофил намешаванд ва фармонатро сабук намешуморанд!

Худоё! Маро ба фурӯғи нишотбахши иззати худ бипайванд, то танҳо шиносои ту бошам ва аз ғайри ту рӯй бартобам ва танҳо аз ту тарсаму ӣими ту дошта бошам!

Эй шукӯҳманд ва бузургвор! Бар Муҳаммад ва хонадони рокаш дуруди ту бод, ва саломи бе поён ва бисёр!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: