Перейти к содержимому

Ин женероли қудратталаб бо ҳамлаи дубора ба Тароблус ба дунболи чист?

Нерӯҳои артиши миллии Либӣ ба фармондеҳии Халифа Ҳафтар мехоҳанд контроли Тароблус (Триполи)-ро ба даст гиранд. Ин женероли 75-сола фарде хашину қудратталаб ба шумор меравад. Ҳадафи ӯ аз ҳамла ба пойтахт чист?

Ба гузориши хабаргузории Олмон, нуфузи женерол Халифа Ҳафтар дар Либӣ — кишваре, ки солҳост даргири ҷанги дохилӣ ва хушунат аст — доиман бештар мешавад. Аммо мухолифони ин женероли 75-сола ба ӯ иттиҳом мезананд, ки дар пайи барқарории як диктотурии низомии ҷадид аст.

Халифа Ҳафтар дар таърихи сиёсии Либӣ дар нақшҳои мухталифе зоҳир шудааст: ҳамроҳ ва фарди мавриди эътимоди Муаммар Қаззофӣ, узви ҷунбиши опозисиюни Либӣ, ҷосуси CIA (Созмони ҷосусии Омрико) ва билохира фаъол дар қиём алайҳи Қаззофӣ. Ӯ дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ омӯзиши низомӣ дид ва дар соли 1969 ҳамроҳ бо Қаззофӣ алайҳи шоҳ Идрис кудето кард ва дар даврони Қаззофӣ аз нардбони қудрат боло рафт.

Ҳафтар дар ҷараёни даргириҳои низомӣ миёни Либӣ ва Чод (1978 то 1987) ба асорат гирифта шуд. Аммо раҳбари Либӣ ба ҷойи талош барои озодии ӯ, муддаӣ шуд, ки Ҳафтар ба артиши ӯ таъаллуқ надоштааст. Ба далоиле, ки равшан нест, ин созмони CIA буд, ки асбоби озодии ӯро фароҳам кард. Ҳафтар пас аз он, ду даҳа дар Омрико зиндагӣ кард. Мунтақидонаш мегӯянд, ӯ дар он муддат барои ин созмон кор кардааст.

Халифа Ҳафтар дар соли 2011 ба Либӣ бозгашт, то ба ҷунбиш алайҳи Қаззофӣ бипайвандад. Шӯрои миллии муваққат, ки бозуи сиёсии шӯришиён буд, ӯро ба риёсати нерӯҳои заминӣ баргузид. Аммо Ҳафтар аз ҳамон ибтидо мавриди эътимоди комили ин шӯро набуд. Аъзои Шӯрои миллии муваққати Либӣ ӯро ташнаи қудрат ва бисёр ҷоҳталаб медонистанд ва нигарони ин буданд, ки ӯ ба дунболи эҷоди як диктотурии ҷадид бошад.

Нерӯҳои таҳти раҳбарии ӯ муваффақ шуданд нерӯҳои исломгароро дар соли 2017 аз Бенғозӣ берун кунанд. Замоне, ки женерол Ҳафтар дар соли 2018 барои бистарӣ шудан дар як бемористон ба Порис парвоз кард, шойеъоти зиёде дар бораи ибтилои ӯ ба бемории шадид ё ҳатто марги ӯ пахш шуд. Аммо ӯ дубора бозгашт ва бо артиши миллии Либӣ тавонист шаҳри Дарнаро низ аз исломгароён пасбигирад.

Дар моҳи январ нерӯҳои Ҳафтар тавонистанд манотиқе аз ҷануби Либиро, ки ҳавзаҳои нафтии ин кишвар буданд, ба тасарруфи худ дароваранд. Аз рӯзи чаҳоршанбеи гузашта (3 апрел) ӯ ва нерӯҳояш қасди тасарруфи пойтахтро кардаанд; ҷое, ки давлати Вифоқи миллӣ ба риёсати Фоиз Ассарроҷ дар он мустақар аст ва аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта мешавад.

Мунтақидон мегӯянд, женерол Халифа Ҳафтар қудраташро мадюни кӯмакҳои кишварҳои мухталифе аст аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Миср ва Фаронса. Дар соли 2016 як болгард дар Либӣ суқут кард ва се сарбози фаронсавии сарнишини он кушта шуданд. Гуфта шуд, ки онҳо иттилооти махфӣ барои Ҳафтар ҷамъ мекарданд. Давлати Вифоқи миллӣ аз он ҳодиса ба унвони нақзи ҳокимияти миллии Либӣ ёд кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: