Перейти к содержимому

Натонёҳу: “Давлати фаластинӣ эҷод нахоҳад шуд”

Нахуствазири режими саҳюнистӣ ду рӯз монда бо интихоботи порлумон (Кнессет), дар мусоҳибае эълом кард, ки давлати фаластинӣ эҷод нахоҳад шуд.

Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ имрӯз (якшанбе, 7 апрел) яъне ду рӯз монда ба баргузории интихоботи Кнессет ва бо ҳадафи ҷалби раъйи шаҳракнишинони ишғолгар, дар мусоҳиба бо вебгоҳи саҳюнистии Arutz 7 гуфт: “Давлати фаластинӣ эҷод нахоҳад шуд.”

Нахуствазири режими саҳюнистӣ дар ин мусоҳиба идома дод: “Ин рӯйдод иттифоқ нахоҳад афтод.”

Шоёни зикр аст, иддаоҳои дирӯз ва имрӯзи нахуствазири режими саҳюнистӣ ба маънои хатти бутлоне бар афкор ва андешаҳои касоне, ки солҳост ба ваъдаҳои пӯшолии режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни ин режим мабнӣ бар музокироти созиш дилхуш кардаанд, ба шумор меояд.

Изҳороти густохонаи Натонёҳу бар хилофи қавонини байналмилалӣ дар ҳоле баён мешавад, ки вай дирӯз (шанбе) низ дар иддаое хандаовар дар гуфтугӯ бо коноли 12 телевизиюни ин режим иддао карда буд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, шаҳракҳои ғайриқонунӣ дар каронаи Бохтариро ба сарзаминҳои ишғолӣ мулҳақ хоҳад кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: