Перейти к содержимому

Оё Арабистон ба урдугоҳи Русия ва Чин алайҳи Омрико мулҳақ мешавад?

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Се таҳаввули муҳим дар арсаи равобити Арабистон ва Омрико рух додааст, ки аломати суолҳоеро дар бораи эҳтимоли вуқӯи ихтилоф миёни ин ду кишвари ҳампаймонро барангехтааст. Ин се таҳаввул ҳамчунин ҳикоят аз он дорад, ки Арабистон мумкин аст ба наҳве дар маърази “гаравкашӣ”-и молии ҷадиде тавассути давлати Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико қарор гирад:

1) Аввал, таҳдиди Арабистон тавассути Мойк Помпео, вазири хориҷаи Омрико, дар гуфтугӯ бо CBS, ки гуфт, давлаташ ҳаргиз иҷоза намедиҳад, ки Арабистони Саудӣ табдил ба як қудрати ҳастаӣ шавад, ки Омрико ва Исроилро таҳдид мекунад. Ин таҳдид ба муносибати фош шудани наздик шудани замони такмили нерӯгоҳи ҳастаии Арабистони Саудӣ сурат гирифт.

2) Дуввум, таҳдиди мутақобили Арабистони Саудӣ, ки хабаргузории Reuters нақл кард мабнӣ бар ин ки агар Вошингтун қонуне (қонуни НОПЭК)-ро ба тасвиб бирасонад, ки ба зарару зиёни Арабистон бошад, Арабистон барои қиматгузории нафт дулорро канор гузошта ва онро бо дигар арзҳо ҷойгузин мекунад.

3) Севвум, мувофиқати Кунгра (Конгресс)-и Омрико бо лоиҳае, ки бар асоси он, ҳимояти низомии Омрико аз эътилофи арабӣ ба раҳбарии Арабистон дар Яман поён меёбад. Албатта ин як силии муҳкаме ба Тромп низ ҳаст, ки ба эҳтимоли зиёд ба ветои лоиҳа рӯй меоварад.

* * *

Мо бар ин бовар нестем, ки Арабистони Саудӣ аввалан таъсисоти ҳастаӣ ба манзури тавлиди кулоҳакҳои ҳастаӣ эҷод кунад, ва дуюман аз ин кулоҳакҳои ҳастаӣ барои ҳамла ба Омрико ё Исроил ҳаддиақал дар ҳоли ҳозир истифода кунад, вале Помпео қасдан чунин суханонеро гуфт, ки пушти сари он чизҳои зиёде вуҷуд дорад. Ва таҳдиди Арабистон ба чашмпӯшӣ аз дулор низ пушташ масоили зиёде нуҳуфтааст, зеро Арабистон сармоягузориҳои зиёде дар Иёлоти Муттаҳида кардааст, ки арзиши он беш аз як трилюн дулор аст, илова бар он ки дар хазонаи Омрико авроқи қарза ба арзиши 160 милёрд дулор харидааст.

Дуруст аст, ки тасвиби лоиҳаи НОПЭК (No Oil Producing and Exporting Cartels Act) алайҳи эҳтикор ба назар мерасад бисёр заъиф аст, зеро Иёлоти Муттаҳидаи Омрикоро дар муқобили ҳаддиақал 14 кишвар қарор медиҳад, вале давлати Тромп ба он барои расидан ба бархе аҳдоф ишора мекунад, вале ҳанӯз мушаххас нест, ки чаро ба ин кор даст мезанад.

Замоне, ки давлати Омрико бо тасвиби қонуни Ҷосто (Justice Against Sponsors Of Terrorism), хостори муҷозоти кишварҳое шуд, ки дар ҳамла ба маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар 11 сентябри 2001 гумонбар ҳастанд ва хостори пардохти ғароматҳое ба хонаводаҳои қурбониён, ки ба трилюнҳо дулор мерасад шуд, Арабистон 450 милёрд дулор ба Тромп барои таваққуфи ин лоиҳа пардохт кард. Ва бетардид ҳадафи давлати Тромп бо иҷроӣ кардани қонуни НОПЭК гаравкашии милёрд дулории дигаре аст, ба вежа он ки дар ин замон, ки Кунгра худро барои ин омода мекунад, ки шоҳзода Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистони Саудиро масъули қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори арабистонӣ муаррифӣ кунад ва аз ин ба унвони баргаи барандаи фишор истифода кунад.

Мо умедворем, ки Арабистони Саудӣ ба ҷунбише бипайвандад, ки Чин, Русия, Ҳинд, Туркия ва Эрон барои поёни султаи дулори Омрико бар иқтисоди ҷаҳон ва истифода аз он ба унвони барги барандаи қавӣ барои нобудии пули миллӣ ва иқтисоди чандин кишвари мухолифи Вошингтун аз тариқи эъмоли таҳримҳо ба роҳ андохтаанд, вале бар ин бовар нестем, ки ҳукумати Арабистони Саудӣ дар ин роҳ гом бардорад, зеро ин яъне интиқол ба урдугоҳи зидди Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва рӯёрӯӣ бо иқдомоти бисёр хатарноки интиқомҷуёнаи Омрикост.

Тромп таҳдид кард, ки иқтисоди Туркияро нобуд мекунад, бинобар ин лираи Туркия беш аз 50 дарсад аз арзиши худро тайи фақат чанд рӯз аз даст дод; амре, ки боис шуд Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия билофосила Ондре Бронсун, кашиши омрикоиро озод кунад ва чи басо акнун ва дар сояи афзоиши фишорҳо ва таҳдидҳои Омрико ба далели қасдаш барои хариди мушакҳои S-400-и Русия, маҷбур шавад барои иҷтиноб аз бӯҳрони молии дигар, ин қарордодро лағв кунад.

* * *

Бӯи бӯҳрон миёни Омрико ва Арабистони Саудӣ ба машоммамон мерасад ҳарчанд ин бӯ “қавӣ” ва “шадид” нест, вале вуҷуд дорад ва чи басо дар рӯзҳо ва моҳҳои оянда, ки қарор аст ҷузъиёти “қарордоди қарн”, ки бар асоси он ҳазфи масъалаи Фаластин фош шавад ва Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари ҳошияи халиҷи Форс маҷбур ба пардохти беш аз 350 милёрд дулор ба унвони ғаромат ба яҳудиҳои араб бипардозанд ва ҳазинаҳои тарҳҳои сулҳи иқтисодӣ дар навори Ғаззаро таъмин кунанд, ташдид шавад.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: