Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (364)

Муртад шудани котиби ваҳй ба сабаби он ки партави ваҳй бар ӯ зад, он оятро пеш аз Пайғомбар саллалоҳу алайҳи ва саллам бихонд, гуфт: пас ман ҳам маҳалли ваҳйам. (5)

* * *

Тан ҳаменозад ба хубию ҷамол,

Руҳ пинҳон карда фарру парру бол.

Ҷисму колбад ба зебоию ҳусни ҷамоли хеш меболад ва фахр мефурӯшад, вале руҳ шукӯҳу фарри хешро пинҳон медорад.

Нукта: Ҳоҷ Мулло Ҳодии Сабзаврӣ дар тафсири байтҳои фавқ мегӯяд: “Ин мисолҳо бисёр муносиб аст барои баёни зуҳури нури Ҳақ ва иҳотаи ӯ бар моҳиятҳо… Зеро мавҷудот гумон мекунанд, ки воқеан вуҷуде ва нуре ҳақиқианд, дар ҳоле ки вуҷуди онон маҷозӣ ва ориятӣ аст. Ҳамин тавр, тароват ва шодобии ҳамаи аносур, баста ба вуҷуди Ҳақ аст; чунонки агар вуҷуди Ҳақро аз онон бардорӣ, ҳаёту илму иродаву (ғайра) аз онон гирифта мешавад.” (Шарҳи Асрор, с.81) Ҳамчунин сафову нуронияти қалбии мардумон натиҷаи инояту ҳидояти ҳодиёну муслиҳон аст.

Гӯядаш: эй мазбала, ту кистӣ? 

Як-ду рӯз аз партави ман зистӣ.

Руҳ аз ҷиҳати ботинӣ ва маънавӣ ба ҷисм гӯяд: эй зуболадон! Ту кистӣ? Ту ҳамон ҳастӣ, ки аз партави вуҷуди ман як-ду рӯзе зиндагӣ мекунӣ.

Мазбала: ҷойи рехтани хокрӯба.

Ғанҷу нозат менагунҷад дар ҷаҳон,

Бош, то ки ман шавам аз ту ҷаҳон.

Туӣ, ки нозу карашмаат дар ин ҷаҳон намегунҷад, сабр кун, то ман аз ту дур бишавам. (Он гоҳ хоҳӣ донист, ки ин ҳама ҷамол, ки аз ту дида мешавад, дар воқеъ аз ту нест, балки аз ман (руҳу ҷон) аст, ва ту василае беш набудаӣ. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.943))

Ғанҷ: нозу карашма.

Гурмдоронат туро гӯре кананд,

Тӯъмаи морону мӯронат кунанд.

Руҳ муҷаддадан ба ҷисм мегӯяд: дӯстдоронат, ки алоқаи шадиде нисбат ба ту доранд, вақте ман аз ту ҷудо шавам ва ту колбаде беҷону ҷифае беруҳ шавӣ, гӯре бароят фароҳам мекунанд ва туро ба унвони ғизо ба морҳову мӯрчаҳо тақдим мекунанд.

Нукта: Гурмдор ё гармдор ҳар ду ҷоиз аст. Гармдор ба маънои дӯсту рафиқ, ва гурмдор ба маънои ғамхор аст.

Бинӣ аз ганди ту гирад он касе,

К-ӯ ба пеши ту ҳамемурдӣ басе.

Он вақт хоҳӣ дид, ки он кас ки ба хотири ту ҳозир буд ҷонашро фидо кунад ва қурбони ту шавад, аз бӯи ганди ту бинии худро мегирад.

Нукта: Ин байтҳо ёдовари достони тамсилии “Ҳай ибни Яқзон” навиштаи Ибни Туфайл аст, он ҷо ки Ҳай ибни Яқзон бо ширу ҳимояти он модаоҳу болида ва бузург шуда буд ва ӯро ҳамчун модаре шафиқ дӯст медошт. Пас аз мурдани он модаоҳу, дар аҳволи марги ӯ ҷустуҷӯ мекунад ва саранҷом мутаваҷҷеҳ мешавад, ки ончи ин колбади оҳуро гарму зинда нигоҳ дошта буд, ҳамон руҳ ё ҷон аст, ки инак аз хонаи тан ҷудо шуда. Чанд рӯзе бад-ин минвол монд, то он ки бӯи таъаффуни он мурдор машомми вайро озруда сохт ва ночор аз он колбади модаоҳу, ки ҳамчун модар дӯсташ медошт мутанаффир шуд ва дафнаш кард. (Ҳай ибни Яқзон, с.60-63)

Партави руҳ аст нутқу чашму гӯш,

Партави оташ бувад дар об ҷӯш.

Забону чашму гӯш — яъне қувваи чашоӣ ва биноӣ ва шунавоӣ – партаве аз вуҷуди руҳ аст, монанди ҷӯшидани об, ки партаву асари оташ аст.

Нукта: Руҳ ҷавҳаре воҳид аст, вале дар маротиби мухталифи ҷисм, афъоли мухталиф аз ӯ содир мешавад. Руҳ дар ҳар мартиба аз маротиби қувваҳои ҷисм, айни ҳамон мартиба таҷаллӣ мекунад. Қувваи биноӣ, чашоӣ, шунавоӣ, бӯоӣ ва басовоӣ ҳар кадом мартибае аз таҷаллии руҳ ҳастанд. Яъне ин афъол ва қувваҳои мухталиф танҳо ба як воҳид бозмегардад. Ва руҳ аз ғояти латофату таҷарруд ба каманди ъуқулу афҳом дарнамеояд. Ба қавли Изуддини Кошонӣ, “симурғе аст, ки нишеман бар Қоф дорад, ба милвоҳи иборат сайди ҳеч фаҳме ва ваҳме нашавад.” (Мисбоҳул-ҳидоя, с.94)

Милвоҳ: ҷуғде, ки шикорчӣ пояшро мебандад, ки бози шикорӣ ба ҳавои сайди он биёяд ва шикорчӣ бозро шикор кунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.944)

Ончунон ки партави ҷон бар тан аст,

Партави абдол бар ҷони ман аст.

Ҳамон гуна ки ҷон бар ҷисм партав афканда, авобиёуллоҳ низ бар ҷони ман партва афкандаанд.

Нукта: Ҳамаи мисолҳои ёдшуда ҷиҳати баёни ин матлаб аст, ки ҳар нуре, ки аз ҳақоиқу асрор дар ҷони солик падид меояд, ба воситаи файзи вуҷуди авлиёуллоҳ аст. (Ҳамон манбаъ)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.