Перейти к содержимому

Ҳукумати бегона

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Сиёсатҳои ҳукумати Раҳмонов нишон медиҳад, ки ин ҳукумат ҳаргиз натавониста аст худро бахше аз мардуми Тоҷикистон эҳсос кунад. Ҳаргиз натавониста байни худ ва мардум робитаи самимӣ эҷод кунад ва худаш ва мардумро аз як хонавода эҳсос бикунад.

Бинобар ин, мебинем, ки тасмимоти ин ҳукумат ҳамеша бар асоси навъе бегонаангорӣ байни худ ва мардум тарҳрезӣ шуда ва муомилааш бо мардум ба гунае аст, ки гӯё дорад бо душмани худ рафтор мекунад. Гӯё ҳамеша худро дар баробари як навъ хатаре аз ноҳияи мардум эҳсос мекунад, ки барои дафъи он хатар бояд чорае андешад ва худро аз он эмин нигаҳ дорад. Яъне нигоҳаш ба мардум ҳамеша бо як навъ бадгумонӣ ва манфибофӣ ҳамроҳ будааст.

Барои ҳамин ҳам, ҳамеша саъй мекунад бо сохтакорӣ ин норасоиро ҷуброн кунад. Ҳар куҷо раҳбари ҳукумат равад, бояд мардум аз ӯ истиқбол кунанд ва дастаҳои хушомадгӯ бо гулдастаҳои рангоранг ба пешвози ӯ бароянд.

Инҳо ҳама барои он аст, ки битавонад, он эҳсоси бегонагӣ байни худ ва мардумро рӯпӯш намояд. Вале вақте дар ҳамин маросимҳои намоишӣ суханронӣ мекунад, тони садояш ва навъи гуфтораш, ҳамаи он сохтакориҳоро барбод медиҳад. Ба қавли Саъдии ширинсухан, “то мард сухан нагуфта бошад, айбу ҳунараш нуҳуфта бошад”, ҳамин ки лаб ба сухан боз кард, аз он бӯи бегонагӣ ва худбартарбенӣ ва мардумкамбенӣ ба машом мерасад. Ба ҷуз фармонҳои омирона ва дастуру дӯғу пӯписа, дигар ҳеч сухани самимие ё гуфтугӯи гарме бо мардум дида намешад.

Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: