Перейти к содержимому

15 сол зиндон барои касе, ки “бо ихтиёри худаш” ба кишвар бозгаштааст

Наимҷон Самеев, машҳур ба Домулло Наимҷон, раҳбари собиқи бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд, ба 15 соли маҳрум аз озодӣ маҳкум шуд.

Ба гузориши сойти Паём, мурофиаи судӣ, ки имрӯз 9 апрел дар боздоштгоҳи рақами дуи шаҳри Хуҷанд, пушти дарҳои баста гузашт, ягон нафар пайвандони судшаванда ба мурофиа роҳ наёфтанд.

Айбдоркунандаи давлатӣ талаб кардааст, ки Наимҷон Самеев ба 27 соли маҳрум аз озодӣ маҳкум карда шавад, аммо суд ба 15 соли зиндон маҳкум кардааст.

Бар асоси ин гузориш, Абдурашид Самеев, писари домулло Наимҷон, ин хабарро ба Паём таъйид карда гуфт, ки аз хешу табор ва пайвандон касоне, ки ба боздоштгоҳи рақами дуи шаҳри Хуҷанд ба хотири ширкат дар мурофиа омада буданд, ҳатто ба шунидани қироати ҳукм роҳ дода нашудаанд.

Ӯ афзуд: “Мурофиа, ки дар боздоштгоҳ баргузор шуд, бидуни иштироки пайвандон, пушти дарҳои баста гузашт. Мо ба ин қарор розӣ нестем. Падари ман бегуноҳ аст. Бояд озод карда шавад. Ҳатман нисбати ин қарори суд, ба зинаҳои болоии қазоӣ шикоят хоҳем бурд.”

Гуфтанӣ аст, Самеев Наимҷон Абубакрович, мутаваллиди соли 1962, аз соли 2008 то 2013 масъулияти раёсати бахши вилоятии ҲНИТ дар Суғд, сипас то соли 2014 бахши ноҳиявии онро раҳбарӣ кардааст. Наимҷон Самиев солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихоб шудааст. Соли 2014 аз Тоҷикистон хориҷ шуда, то боздошташ дар Русия ба сар мебурд.

Тибқи маълумоти дақиқ, Наимҷон Самиевро мақомоти амниятии Тоҷикистон бо ҳамкории бархе аз доираҳои фасодзадаи Русия аз ин кишвар рабуда ва ба Тоҷикистон мунтақил намуданд, сипас ӯ аз тариқи як навори видеоӣ, ки тавассути мақомоти амниятӣ пахш шуд, эълон кард, ки “бо ихтиёри худаш” ба кишвар бозгашта ва тавба намудааст ва умедвор аст мавриди авф қарор хоҳад гирифт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: