Перейти к содержимому

Каста

Зафари Сӯфӣ

Ахиран хабареро расонаҳо пахш карданду вокунишҳо ба он нишонгари воқеият, ё руҳияи ғуломона дар ҷомеаи моро бори дигар ба намоиш гузошт. Раиси вилояти Суғд гӯё замони бозгашт аз сафараш ба Панҷакат дар яке аз рустоҳои ноҳияи Айнӣ ба хонаи мотамдоре ворид шудаву арзи таслият карда. Албатта дар асли худ ин кор як амри отифӣ ва инсондӯстона аст. Вале магар фаромӯш кардем, ки ҳамин раиси вилояти Суғд чанд ҳафта пеш дар Панҷакат бо полту худнамоӣ мекарду духтараконе бо либоси атлас дар сармо азият мешуданд?!

Агар дар як кишвари демукротӣ мебудем, агар ҳукумат ба мардумаш як зарра эҳтиром қоил мебуд, агар мардум дар таъини сарнавишти худ ва интихоби ҳукумат асаргузор мебуд, бояд ин гуна роҳбар ба истеъфо фиристода мешуд. Аммо нашуд, зеро бар изофаи омилҳое, ки зикр шуд, боз як омили дигар ҳаст. Дар сафарҳои шахси аввали кишвар ин гуна амалҳо ҳамеша мушоҳида мешавад. Онҳое, ки иддаои меҳрубониву мардумгароии раиси ҷумҳурро тавсифу мадҳ мекунанд, барои ҳамеша рӯсиёҳ ҳастанд. Дар зимистон бо пироҳани нозук ба пешвози раисҷумҳур баромадани ҷавондухтарон дар сабтҳои ин маросимҳо боқист. Дар зери пои Эмомалӣ Раҳмон дар дохили боғу замини кишт гилем паҳн кардан барои ҳамешаи торих санади шармсории як ҳукумати худкома аст.

Равоншиносии иҷтимоӣ як бахши муҳим аз илми ҷомеашиносист, ки доштани пажуҳандагони хибра дар ин ришта ниёзи мубрами як ҷомеаи пӯё ва рӯ ба рушд мебошад. Падидаҳо, равандҳо ва ҳаводиси иҷтимоиро бар мабнои меъёрҳо ва чорчӯби назарияҳои мавҷуд дар риштаи равоншиносии иҷтимоӣ баррасӣ ва арзёбӣ кардан аз як сӯ боиси ошкор шудани иллат ва умқи равандҳои иҷтимоӣ гардад, аз сӯи дигар барои пешгирӣ аз оқибатҳои зиёнбори ин равандҳо ҳушдори ҷиддӣ медиҳад ва огоҳиҳо дар ин заминаро боло мебарад. Албатта ин навъи тақсимбандии иҷтимоӣ ба шакли клоссикии он шояд дигар дар пасмондатарин кишварҳои ҷаҳон вуҷуд дошта бошад. Вале ба назар мерасад дар кишварҳое ҳам, ки низоми худкома доранд, ба шакли нав зуҳур карда. Аз ҷумла дар Тоҷикистон чунин ҳолатро мешавад мушоҳида кард.

Бархеҳо бар ин назаранд, ки бо таваҷҷӯҳ ба интихобу таъини кадрҳо дар вазифаҳои калидӣ бар мабнои мансубияти маҳаллӣ, хешутаборӣ, шарикдарсӣ ва ғайра аз сӯи раиси ҷумҳур дар атрофи вай кастае бар мабнои маҳал шакл гирифтааст. Аммо танҳо ба ҳамин як далел, ки аксари мардуми минтақае, ки раисиҷумҳур аз он ҷост, мисли дигар ҳамватанҳояшон мушкилоти фаровон доранд, кофист, ки ин назарияро қабул накунем.

Имрӯз дар ҷомеаи мо каста бар мабнои фармонбардори шахси аввал будан шакл гирифтааст. Дигар омили мансубияти маҳал, яъне ҳаммаҳали Эмомалӣ Раҳмон будан, маҳаки асосӣ дар таъин ба вазифае нест. Дигар садоқат ба Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводааш меъёри асосӣ шудааст. Як гурӯҳе дар мақоми мансабдорони ҳукумат шахси Эмомалӣ Раҳмонро парастиш мекунанд. Ин кастаи бутпараст, саҳеҳтараш раисиҷумҳурпараст ҳамонанди шаъйи парастишашон аз мардум дуранд. Онҳо худро ходими Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводааш медонанд. Ин гурӯҳ ба ҳеч ваҷҳ худро пеши мардум барои ҳеч коре масъул ва ҷавобгӯ намедонанд, зеро дар ба сари қудрат омаданашон мардум ҳеч нақше надорад. Онҳо ҳама шавкату мақоми худро мадюни лутфи Эмомалӣ Раҳмон медонанд.

Як ҳокими худкома, ки беш аз чоряк аср аст, бо чангу дандон қудратро дар ихтиёри худ нигоҳ дошта, барои ин гурӯҳи соҳибмансаб намунаи ибрат аст.

Пажӯҳишҳои равоншиносӣ собит карда, ки маъмулан худкомаҳо бемор ҳастанд. Яке аз бемории муштараки онҳо васвос ё тарси амиқи аз даст додани қудрат аст. Ин тарс чунон тору пуди онҳоро фаро мегирад, ки бо ҳар василаву баҳона дигар худро аз батни зиндагии мардум дур мегиранд. Онҳо бо баргузории ҷашнҳову тамошоҳо мардумро дар бошгоҳҳову тафреҳгоҳҳо ҷамъ меоранд ва ба ивази харҷи миллионҳо аз ҳисоби мардум мерақсанду худашонро ба намоиш мегузоранд. Албатта ҳамзамон ғайримустақим ва дар ҳадди ғаризаву вокуниши зершуурашон ба мардум қудратмандии худро нишон доданӣ ва аз ин тариқ тарси худро фурӯ нишонданӣ ё ҷуброн карданӣ мешаванд.

Дар торих ҳеч шахсияти солим ва ҷасур худкома набудааст. Онҳое, ки уқдаи шахсиятӣ доштанд, тифлияшон дар норасоиҳо гузашта, тарсӯ буданд, камхондаву камсавод буданд, пас аз расидан ба қудрат ҳатман худкома шудаанд.

Аз сӯи дигар муносибати аксари мардум ба мансабдорон ҳам ҷои нигаронӣ дорад. Онҳо дар симои мансабдор на ходими худ, балки махдуми худро мебинанд. Аз ин ҷост, ки гоҳо оддитарин амали инсониро анҷом додани як мансабдор барояшон ҳамчун далели ҳайрат ва қобили таҳсину тамҷид ҷилва мекунад.

Беэътиноии мансабдорҳо ба мардум ва пас аз хатову иштибоҳҳо аз ҷазо дур монданашон симои дастнорасӣ ё як навъ масуниятро барои онҳо дар зеҳни аксарият падид оварда. Барои ҳамин кори андаке отифӣ анҷом додани мансабдор боиси вокуниши миннатпазиронаи аксарият мешавад. Ҳол он ки бояд аксарият ба амали отифии ин мансабдор беэътино бошанд, як амри маъмулӣ талаққӣ кунанд ва бар ин бовар бирасанд, ки мансабдор масъул аст ва бояд дунболи ҷазби ризоияти аксарият бошад.

Ҳоло баргардем ба асли хабар. Бояд бидонем ва бовар кунем, ки ҳама як рӯз мирандаанд. Ҳатман рӯзе барои раиси вилоят ё раиси ҷумҳур ҳам тибқи суннатҳои мардумӣ бояд дигарон фотеҳахонӣ раванд. Ҳоло, агар инҳо дар ҷое мотаме буда, рафтанду изҳори таслият ба азодорон гуфтанд, ҳеч кори фавқулоддае анҷом надодаанд. Дар зимн ҳатман бояд Эмолалӣ Раҳмон ҳам дар сӯгу сӯри мардум ҳамроҳӣ кунад. Ҳамон гуна, ки ба марги шаҳрвандони дигар кишвар изҳори таслият мекунад, ба марги ҳамватанҳои мо, ки дар муҳоҷират кушта мешаванд ё дар дохили ватан аз тири шиллик шуда аз хоки кишвари ҳамсоя шаҳид мешаванд, бояд расман изҳори таслият кунад. Ин имтиёз нест, балки вазифааш мебошад, ки мутаассифона то ҳол дар бадтарин шакл анҷом додааст!

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: