Перейти к содержимому

Саргузашти босмачиҳо (5)

(Ёддоштҳо ва хотираҳои Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон аз қиёми миллӣ-исломии босмачиён дар баробари болшевикҳо дар Осиёи Марказӣ)

Созмонҳои махфӣ

Ҳанӯз расман вориди ҳизб (-и кумунист) нашуда ва корти узвият дарёфт накарда будам. Дар охирҳои апрел, телегроме аз Ленин ва Истолин расид, ки дар он, “гӯё барои мушовирае”, “аз сӯи ҳизб” ба Маскав давъат шуда будам. Медонистам, ки маро дар Маскав нигоҳ хоҳанд дошт, аммо аз тарафе ҳам, нарафтан имкон надошт. Даст ба аслиҳа бурдан баробар буд бо пайвастан ба русҳои сафед. Бо аъзои ҳукумати Бошқир ва намояндагони Туркистон ва қазоқ дар Бошқиристон, дар Истерлитамоқ гирд омадем ва музокира кардем ва созмони махфии инқилобӣ ба вуҷуд овардем ва тасмим гирифтем, ки 13-14 тан ба Туркистон бираванд ва фаъолият оғоз кунанд ва барои гуфтугӯ дар бораи амалӣ кардани он, намояндагони Туркистон, Қазоқистон ва Бошқир дар Маскав гирд оянд.

Феликс Дзержинсикий

Дар аввалҳои моҳи май ба Маскав омадам. Истолин ва Каменев (Политбюро) маро хостанд ва гуфтанд, ки мехоҳанд муддате дар Маскав дар “Шӯрои миллатҳо” барои эҷоди Асосномаи ҷадиди ҷумҳуриҳои ҷабҳаи ҷануб кор кунам. Ва ҳамчунин, зарурати вобастагии наздики иқтисодӣ ва низомии ин ҷумҳуриҳоро ба Маскав аз дидгоҳи манофеи Шӯравӣ ёдовар шуданд. Бо вуҷуди ин, Истолин як бори дигар ба таври хусусӣ гуфт, ки тамоми ин тадбирҳоро Тротский андешида ва гӯё ӯ ва Дзержинский афзоиши нуфузи ман (Закӣ Валидӣ)-ро дар вилоятҳои шарқӣ хатарнок мешуморанд. Вале ҳақиқат ин ки ҳамаи ин тадбирҳо аз худи Истолин буд.

Чанд рӯз баъд, Истолин озими ҷабҳаи ҷануб шуд ва бо телегроме, маро барои “риёсати типҳои сарбозони мусалмон” назди худ фаро хонд. Моил набудам. Ленин аз сӯи ҳизб ва Тротский аз тарафи “Шӯрои ҷангии инқилоб” бо дастурҳои расмӣ ва саранҷом бо номаи хусусӣ, ки худи Ленин бо мидоди обиранг ва хутути дарҳам навишта буд ва бо пешниҳодҳои мусирронае, ки дар телефон мекард, маҷбурам сохтанд, ки бо дастаи низомӣ ҳаракат кунам. Истолинро дар Кременчуг дидам. Тарафҳои аср вонгаҳе моро ба қатори ихтисосии Истолин бурданд. Ба Харков мерафтем. Чӣ дар гардишҳое, ки бо утумибил дар Кременчуг мекардем, чӣ дар қатор, ду ба ду, гуфтушунидҳои тӯлонӣ доштем. Ӯ ончунон мулойим буд, ки то аъмоқи дилам нуфуз мекард; гӯӣ ки ягона дилсӯзи туркҳои шарқӣ яъне миллатҳои заъиф буд. Тамоми гуноҳонро ба гардани Тротский, ки гӯё бо миллатҳои заъиф миёнаи хубе надошт, меандохт. Аз ҳамон мавқеъ Тротскийро дӯст надошт. Дар бораи худаш, мегуфт, ки падараш озодшудаи гурҷӣ буда ва худ дар муҳите бо тарбияти милливу мазҳабӣ бор омадааст ва дарди моро хуб дарк мекунад. Русҳоро шовинист хонд ва айбҳояшонро шикофт ва баршумурд. Чанд рӯз пеш, ӯ ҳам монанди Ленин, ба ман гуфт, ки дар миқёси Русия фаъолият кунам ва беш аз ин, машғули як миллати кучак нашавам; зеро ки ин миллатҳо ба тадриҷ ҳуқуқи худро ба даст хоҳанд овард. Вале вақте ки дар яке аз вагонҳои оростаи тезор (подшоҳи Русия) бар сари мизе нишаста, ба тӯлу тафсил сухан мегуфт, пай бурдам, ки дар вуҷуди ӯ камтарин самимияте нест ва мехоҳад дар ҳар коре дигаронро, ба таъбири худаш, utilize кунад (аз онҳо истифода кунад) ва пай бурдам аз ҳизби кумунистӣ, ки он рӯзҳо ихтиёраш ба дасти ӯ буд, умеди хайре наметавон дошт.

Рӯзи дуввуми вурудам ба Харков, мариз шуда будам. Дар ситоди артиш бо Истолин мулоқот кардам ва иҷоза хостам, ки дар вилояти Ҳоҷӣ Тархон (Астрахан) истироҳат кунам. Мувофиқат накард. Даъво кардам. Аз тарафи ҳизб дастур дод. Гуфтам: “Иллати даъвататон ба ҳизб, барои ҳамин буду бас!” Дурӯғҳоеро, ки гуфта буд, ба ёдаш овардам. Вазъи ҷабҳа ҳанӯз ҳассос буд. Тамоми ҳарфҳоямро таҳаммул кард ва гуфт: “Ҳамаамон ҳамин тавр асабӣ шудаем!” Бе он ки иҷоза бигирам, бо дастаи низомӣ, ки ҳамроҳам буд, ба Маскав баргаштам.

Афродеро, ки омаданашонро аз Тошкант ва Қазоқистон интизор мекашидам, дар Маскав буданд. Маълум шуд, ки вазъ дар ҳамаҷо аз ҳамин қарор будааст. Музокиротам бо Ленин ва Истолинро барояшон шарҳ додам. Аз тарафе, барои ман то ҳадде ҷолиб буд, ки ба гуфтаи Ленин, барои муддате ба умуре дар миқёси Русия бипардозам. Ҷамолпошшо ҳам, ки он рӯзҳо ба Маскав омада буд, ҳамин мавзӯъро тавсия кард. Масъалаи ташкил додани Кунграи шарқӣ дар Боку низ дар миён буд. Ин мавзӯъро ман дар зиёфате, ки ба ифтихори Ҷамолпошшо ва рафиқонаш, дар мақоми намояндагони Бошқиристон дода шуда буд, пеш кашидам ва сипас дар дафтари мусалмонон, ки дар канори маркази ҳизб воқеъ буд, мавриди музокира қарор гирифт ва ба маркази ҳизби кумунист пешниҳод шуд.

Дар он айём, масоили шоёни таваҷҷӯҳи дигаре низ аз ин қабил вуҷуд дошт, вале муноқишае, ки бар сари тарҳи Ленин дар бораи масъалаи мустамлакот пеш омада буд, моро ба тарки Маскав ва қадам ниҳодан дар роҳи тозае водор кард. Пас аз бозгашт аз Харков, Ленин пешнависи “назарияи марбут ба масъалаи миллият ва мустамлака”-и худро барои дуввумин Кунграи Интерносиюноли севвум таҳия карда буд, барои рафиқони дигар ва аз ҷумла барои ман, фиристода ва хоста буд, ки агар матлабе роҷеъ ба он пешниҳоди 12-моддаӣ дорам, бинависам ва ироа кунам. Бо ҳам музокира кардем ва тасҳеҳоти зиёде дар он анҷом додем ва яке-ду моддаи дигар ба он афзудем. Лузуми таърифи равшани “хурдабуржуо” (аз мелкая буржуазия) ва таъдил дар иборатҳои ҳокӣ аз тадовуми “раҳбарӣ”-и прулеториёи миллати ҳоким, пас аз барчида шудани сармоядориро ба сурати тарҳи мустақилле шахсан навиштам ва арза кардам. Ба ҳеч ваҷҳ ҳозир нашуд ҳарфҳоямро дарк кунад. Ва ин нишон дод, ки Ленин бо тарзи фикри хосси худ, дар мустамлакот, танҳо ба намояндагони прулеториёи рус эътимод дорад ва дар оянда низ хоҳад дошт, ва ба мо низ фақат ба мизони пайравиамон аз “раҳбарӣ”-и онон ва садоқатамон ба он раҳбарӣ, эътимод мекунад. Ва ин беэътимодии ӯ ба замони ҳозир яъне даврони сусиёлизм, дар маҳдудаи Русияи куҳан маҳдуд набуд, балки пас аз вуқӯи инқилоби ҷаҳонии сусиёлистӣ низ идораи умури миллатҳои мустамлакот ба коргарони миллатҳои метрупули урупоӣ (англисӣ, фаронсавӣ ва ғайра…) супурда мешуд. Ба ин тартиб, собит шуд, ки Ленин дар роҳи барқарории сусиёлизм дар кишварҳои шарқӣ, ба коргарон ва сусиёлистҳои худи Шарқ итминон надорад. Ва аз ин рӯ, ҷамъ шудем ва музокира кардем. Тасмим гирифтем, ки чанд нафаре – ки ман низ ҷузъи онон будам – созмоне махфӣ ба вуҷуд биёварем ва бо гирифтани мавзеъи ғайрирасмӣ, мақсадҳои худро ба иҷбор ба шӯравиҳо тафҳим кунем.

Ва ман иҷозаеро, ки натавониста будам аз Истолин бигирам, аз тариқи муншиёни ҳизб, Крестинский ва Преображенский, ба даст овардам ва дар вагони ихтисосӣ дар ҳоле, ки нигаҳбонон ва муншиён ҳамроҳам буданд, ба баҳонаи ду моҳ истироҳат, дар 29 июн, роҳии Ҳоҷӣ Тархон (Астрахан) шудам. Аммо як рӯз субҳ, бо либоси мубаддал, дар ҳоле ки васоили шикор, танҳо ду тан сарбоз, порае аз таълифоти сиёсӣ ва таърихии худам, хонаводаам ва туфанг ва таппончаҳоямонро ҳамроҳ доштам, ба унвони узви артиши сурх, аз қатор пиёда шудам ва бо дӯстонам, ки мегиристанд худоҳофизӣ кардам. Чанд рӯз баъд, дар Боку, ва пас аз як моҳ, дар Ишқобод будем.

Абдулло Раҳимбоев

“Сиёсати ҷадид”-и Ленин ва рафиқонаш дар атрофи Тошкант низ ба зудӣ эъмол шуд. Дар рӯзи фирори мо (31 июн), ҳизби марказии кумунист тасмим гирифт, ки Ризқулов, Низом Хоҷаев ва рафиқонашро аз маркази Ҳизби кумунисти Туркистон (Крайком) ва Кумитаи иҷроии Ҳукумати Туркистон (ТурЦИК) барканор созад. Раҳимбоев ба риёсати ТурЦИК-и ҷадид, Назир Тӯрақулов, Атабоев, Султонхӯҷа Қосимхӯҷаев, Бобоҷонов, Раҳимов, Султонбек Хоҷанов ва Санҷар Исфандиёров, ки аз аҳолии маҳал буданд, ба узвияти Крайком таъйин шуданд ва ҳамин афрод дар баробари ҳаводорони Ризқулов, ки “хӯрдабуржуо” ба шумор меомаданд, намояндагони воқеии прулеториёи ӯзбаку қазоқ эълом гардиданд. “Ҳайъати турк”-и русиро низ тағйири шакл доданд ва Соколников, Сафаров, Каганович ва Петерсро ба ҷойи аъзои ҳайъат эъзом карданд.

Мустафо Субҳӣ, раиси Ҳизби кумунисти турк, дар васат.

Бино ба тасмимоти гирифташуда дар Маскав, иддае аз касоне, ки лозим буд фирор кунанд ва пинҳон шаванд, ҳамон рӯз аз Тошкант ва Истерлитамоқ, маркази Бошқиристон, ба роҳ афтоданд. Қарор буд, ки ҷумлагӣ дар шаҳри Қункрот гирд ойем, аммо вазъ иваз шуд ва Кунграи Боку, ки аз он ёд кардем, дар моҳи сентябр иҷозаи ташкил ёфт ва ба он муносибат, мо низ махфиёна ба Боку омадем ва дар онҷо идороти дохилии Ҳизби кумунисти турк ба риёсати Мустафо Субҳӣ ва як идораи расмии дигари давлатӣ марказе шуд барои мо, ки дар он, дар бораи масоили марбут ба ташкилоти миллии махфӣ ва масоили мавзӯи баҳс дар кунгра музокира кунем. Дар ин идорот, ки ҳеч гуна шубҳае ба онҳо намерафт, музокироти худро анҷом додем. Назари Зиновев ва Радек дар ин кунгра мабнӣ бар ин ки шарқиҳо чун рамаҳои гӯсфанд ҳастанд ва таъйини чанд маъмури махфӣ барои таъйину ину он ва доду фарёдҳошон дар ҷаласот, ҷумла таблиғе бар зиёни Шӯравӣ ба шумор меомад, ва намояндаи қирғиз, Ҷонзонков ва рақифонаш аз ин лиҳоз бисёр хушҳол шуданд.

Масъалаи Бухоро низ, ки то он рӯз даступогирамон буд, дар 2 сентябр ҳал шуд ва амир шаррашро кам кард ва рафт. Тасмим гирифтем, ки ба ҷойи Қункроти Хоразм, дар аввалҳои сол, дар Бухоро гирд ойем. Дар ҳоле ки маъмурони махфии ЧеКа (Созмони амнияти миллӣ)-и эъзомии Истолин дар ҷустуҷӯи ману дӯстонам дар ҳамаҷо, искила (причальная стенка)-ҳо ва истгоҳҳои қаторро зери по мениҳоданд, мо аз Боку фосилаи як истгоҳоро бо утумубил паймудем, савори қатор шудем ва ба Петровский омадем ва аз онҷо бо киштӣ ба Делтои Волга ва аз онҷо низ бо киштии бодбонӣ ба Гурев расидем ва сипас аз вилояти Урал бо аспу шутур аз роҳи Устюрт дар сари мавъид ба шаҳри Қункроти Хева омадем. Яке аз дӯстон дами дарвозаи шаҳр аз мо истиқбол кард. Шаҳр дар ишғоли Бобобек, аз дӯстони Ҷунайдхон буд. Дар ин ноҳия, дар Чембой иқомат кардем ва саранҷом пас аз як моҳ мондан дар Хева, маркази Хоразм, дубора бо асп ба роҳ афтодем ва дар 31 январ ба Бухоро расидем. Тамомии ҷамъиятамон дар онҷо ҷамъ буданд. Дар ин ҳангом, дӯстони ман низ, ки дар моҳи июн барои таҳқиқ дар авзоъ ва касби маълумот онҳоро роҳии Маскав ва Бошқиристон карда будам, ҳамроҳ бо афсарон аз роҳ расиданд.

* * *

Идома дорад

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: