Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (365)

Муртад шудани котиби ваҳй ба сабаби он ки партави ваҳй бар ӯ зад, он оятро пеш аз Пайғомбар саллалоҳу алайҳи ва саллам бихонд, гуфт: пас ман ҳам маҳалли ваҳйам. (6)

* * *

Ҷони ҷон чун вокашад поро зи ҷон,

Ҷон чунон гардад, ки беҷон тан, бидон.

Ҳамин ки “ҷони ҷон” аз ҷони солик фосила бигирад, ҷони ӯ ҳамон ҳолро пайдо мекунад, ки тани беҷон дорад.

Нукта: Мурод аз “ҷони ҷон” ҳазрати Ҳақ аст, ки агар солик дучори буъд (дурӣ) шавад, ҷонаш табоҳ гардад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.944)

Сар аз он рӯ мениҳам ман бар замин,

То гувоҳи ман бувад дар рӯзи дин.

Ман аз он рӯ сар бар замин мегузорам ва ба саҷда дармеоям, ки дар рӯзи қиёмат замин гувоҳи ман аст.

Нукта: Акбарободӣ гӯяд: “Дар инҷо огоҳ менамоянд ва иршод мефармоянд, ки гумон набарӣ, ки ҷисмҳое, ки дар зоҳир ҷон надоранд мутлақ беҷонанд ва аз гӯёӣ ва биноӣ холианд, балки инҳоро низ руҳе махфӣ ва қувое пӯшида ҳаст, ки аҳли камол онро мебинанд. Пас, замин аз саҷдакунандагон огоҳ бувад.” (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.255)

Явми дин, ки “зулзилат зилзолаҳо”

Ин замин бошад гувоҳи ҳолҳо.

Рӯзи қиёмат, ки замин сахт ба ларза дармеояд, бо ин ҳаракатҳо ва ҷунбишҳояш аҳволи бандагонро гувоҳӣ медиҳад.

Нукта: Муқтабас аз ояти аввали сураи Зилзол:

إِذَا زُلْزِلَتِ الأرْضُ زِلْزَالَهَا

Он гоҳ ки замин сахт ба рафтор ояд.

К-ӯ “туҳаддис ҷаҳратан ахбораҳо”,

Дар сухан ояд замину хораҳо.

Зеро замин ошкоро хабарҳои худро бозгӯ мекунад ва замину хорҳо ба нутқ меоянд.

Нукта: Муқтабас аз ояти 4 сураи Зилзол:

يَوْمَئِذٍ تُحَدِّثُ أَخْبَارَهَا

Он рӯз, ки замин хабарҳои худ бозгӯяд.”

Фалсафӣ мункир шавад дар фикру зан,

Гӯ бирав, сарро бар он девор зан.

Фалсафӣ (ё мутафалсиф) бар асоси гумону фикри қосири худ ин ҳақоиқро инкор мекунад, яъне ӯ нутқу гӯёии ҷомидотро инкор мекунад. Пас, ба ин шахс бигӯ: бирав саратро ба девор бизан.

Нукта: Фалсафӣ нутқу идрокоти ҷамодотро мункир аст ва дар ин мақом ба ҳасби дарёфти ақл чизҳо мегӯяд, ва ҳол он ки ақлро дар ниҳонхонаи асрор роҳ нест. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.256)

Мурод аз “фалсафӣ” дар Маснавӣ касе аст, ки ба мушикофиҳои сатҳии ақли ҷузъӣ дил хуш дошта ва аз лояҳои рӯини ҳастӣ фаротар нарафтааст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.945)

Нутқи обу нутқи хоку нутқи гил

Ҳаст маҳсуси ҳавоси аҳли дил.

Нутқи обу хоку гилро танҳо соҳибдилон эҳсос мекунанд, яъне ҷамодот низ дорои эҳсосу баёнанд, мунтаҳо аҳлуллоҳ онро мешунаванд.

Нукта: Урафо бо илҳом аз оёти қуръонӣ ва бо дарки суннати набавӣ ва мукошифоти руҳонӣ, ба ин матлаб воқиф шудаанд, ки ҷамиъи мавҷудот ва аҷзои ҷаҳон ҳушёру нотиқанд, чунон ки дар сураи Исро, ояти 44 омадааст:

تُسَبِّحُ لَهُ السَّمَاوَاتُ السَّبْعُ وَالْأَرْضُ وَمَنْ فِيهِنَّ وَإِنْ مِنْ شَيْءٍ إِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهِ وَلَكِنْ لَا تَفْقَهُونَ تَسْبِيحَهُمْ إِنَّهُ كَانَ حَلِيمًا غَفُورًا

Тасбеҳ мегӯянд Худовандро осмонҳои ҳафтгона ва замин ва ҳар он чӣ дар онҳост. Ва ҳеч чиз нест, магар он ки ба ситойиши Ӯ машғул аст, вале шумоён ситойиши онҳоро дарнаёбед. Ҳамоно Ӯст бурдбори омурзгор.” Мавлоно дар Маснавӣ ба каррот ба ин ҳақиқат тасреҳ кардааст.

Фалсафӣ, к-ӯ мункири Ҳаннона аст,

Аз ҳавоси авлиё бегона аст.

Фалсафӣ ва он ки ҳама чизро мехоҳад бо қиёсоти ақлӣ дарёбад, муддаӣ аст, ки сутуни чӯбини Ҳаннона наметавонад бинолад, бад-ин сон ӯ аз маъонӣ ва асроре, ки авлиё онро мушоҳида мекунанд бархӯрдор нест.

Нукта: Сутуни Ҳаннона (нолакунанда) сутуне будааст аз дарахти хурмо ё чизи дигар, ки ҳазрати Расули Акрам (с) дар масҷид бад-он такя медод ва хитоба ва мавъиза менамуд. Баъдҳо барои он ҳазрат минбаре сохтанд, ки з-он пас аз болои он сухан мегуфт. Дар натиҷа он сутун ба ҷиҳати дур шудан аз он ҳазрат, ба нолаву ҳанин пардохт ва аз ин ҳиҷрону ҷудоӣ ба фиғон омад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.646)

Ин достон маъруф аст ва дар бештари манобеи ривоии исломӣ омада. Бухорӣ аз Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ (р) ривоят мекунад:

كَانَ جِذْعٌ يَقُومُ إِلَيْهِ النَّبِيُّ (ص)، فَلَمَّا وُضِعَ لَهُ الْمِنْبَرُ، سَمِعْنَا لِلْجِذْعِ مِثْلَ أَصْوَاتِ الْعِشَارِ، حَتَّى نَزَلَ النَّبِيُّ (ص) فَوَضَعَ يَدَهُ عَلَيْهِ

Расули Худо (с) дар ибтидо бар танаи дарахте такя мекард ва хутба мехонд, вале пас аз ин ки барои он ҳазрат (с) минбаре сохтанд, он танаи дарахт (ки дигар мавриди истифода қарор намегирифт) ба оҳу нола даромад ва монанди шутури обистан менолид, то ин ки Расули Худо (с) аз минбар поин омад ва дасти муборакашро чиҳати тасаллӣ бар рӯи он кашид.”

Гӯяд ӯ, ки партави савдои халқ, 

Бас хаёлот оварад дар рои халқ.

Шахси сатҳиандеш мегӯяд: таъсири хаёлоту орзуҳои башарӣ аст, ки мӯҷиби пиндорҳо ва назариёти беасос мешавад, ки бархе гумон медоранд, ки сутуни масҷид ҳам метавонад нола кунад ва дар фироқи Паёмбар (с) фиғон сар диҳад ва ё ҷамодот зам сухану нутқ доранд.

Балки акси он фасоду куфри ӯ

Ин хаёли мункириро зад бар ӯ.

Вале ӯ намедонад, ки табоҳӣ ва куфри дарунии ӯст, ки ӯро ба мартибаи нафю инкори ҳақоиқ расондааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: