Перейти к содержимому

“Эъмоли фишори бештар” бар Эрон ҷавоб намедиҳад

Ба қалами Пол Пиллар (Paul R. Pillar) дар LobeLog

Пол Пиллар (Paul R. Pillar), устоди донишгоҳ ва узви собиқи Ожонси иттилооти марказии Омрико (CIA) аст, ки 28 сол дар ин ниҳод хидмат кардааст. Вай акнун узви аршади ғайримуқими Маркази мутолеоти амниятии Донишгоҳи Ҷорҷтовн (Georgetown University) ва ҳамчунин муҳаққиқи Маркази иттилоот ва амнияти қарни 21-и Муассисаи Брукингз аст. Пиллар собиқаи тадрис дар Донишгоҳи Ҷорҷтовнро дорад ва акнун мақолотеро дар нашрияи National Interest мунташир мекунад.

Ҷойи таъаҷҷуб надорад, ки мухолифони сарсахти Барҷом (тавофуқи ҳастаӣ), ки бештари онҳо мухолифи ҳар гуна тавофуқе бо Эрон ҳастанд, барои нишон додани вазъият ба гунае, ки ингор иқдоми Тромп дар хуруҷ аз тавофуқи ҳастаӣ дастовардҳои мусбате дошта, ба дардисар афтодаанд. Барои намуна, Потрик Клоусон (Patrick Clawson) аз “Муассиса барои сиёсати Ховари наздик” дар ишора ба суханронии Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон, ки ба боло бурдани муқовимати ин кишвар, худкифоӣ ва тақвияти қобилиятҳои дифоъии он ишора дошт, гуфт: “Суханронии соли нави Оятуллоҳ Хоманаӣ аз эътимод ба нафси гузашта холӣ буд ва нишон медод, ки давлати Тромп дар мутақоъид кардани Эрон ба ин ки фишорҳо идома хоҳад дошт ва ин ки Эрон наметавонад рӯйи ғалаба бар хусумати Иёлоти Муттаҳида ҳисоб кунад муваффақ амал кардааст.”

Интишори достоне ба қалами Бен Ҳаббард (Ben Hubbard) дар New York Times, ки аз Бейрут дар бораи душвориҳои молии Ҳизбуллоҳ ва дигар гурӯҳҳои муттаҳиди эронӣ хабар медод ва албатта вокуниши Брет Стивенс (Bret Stephens) ба он ҳам, ҷойи таъаҷҷуб надошт. Стивенс дар вокуниш ба ин матлаб навишт: «Ин бад-он маъност, ки изҳороти раисиҷумҳур Борок Убомо мабнӣ бар ин ки таҳримҳо тағйири чандоне дар тавоноии Эрон дар иқдом дар Ховари Миёна эҷод намекунад, иштибоҳ будааст

Аммо дар ҳақиқат, Убомо дуруст гуфтааст. Иштибоҳи Стивенс ва дигароне, ки аз эъмоли муҷаддади таҳримҳои ҳастаӣ тавассути давлати Тромп дифоъ мекунанд ин аст, ки тасаввур мекунанд, ки душвор кардани вазъ ва афзоиши ҳазина ва дарднок кардани зиндагӣ барои дигарон, ба маънои пешбурди манофеъи Иёлоти Муттаҳида аст. Аммо таҳмили дард танҳо замоне метавонад манофеъи Иёлоти Муттаҳидаро таъмин кунад, ки ба тағйири рафтори кишвари мавриди назар ё ба тағйир дар сиёсатгузориҳои он мунҷар шавад, ки дар як соли гузашта чунин иттифоқе дар бораи Эрон рух надодааст.

* * *

Пул танҳо масъала нест

Ҳаббард дар бахши аъзами мақолаи худ, ки албатта мавриди таваҷӯҳи Стивенс қарор нагирифта буд, ба ин масъала ишора карда, ки чаро Эрон ва муттаҳидони он ба рағми фишори молӣ сиёсатҳо ва шеваи амалиётии худро тағйир надодаанд? Ӯ ба ин масъала мепардозад, ки иттиҳод бо ин гурӯҳҳо ҳазинаи чандоне барои Эрон надорад ва онҳо аз назари идеулужик бо Эрон муттаҳиданд ва метавонанд дастури кори Эронро аз тариқи сиёсатгузориҳои маҳаллӣ пеш бибаранд. Ва ин чизе аст, ки Иёлоти Муттаҳида мехоҳад онро хунсо кунад. Бархе аз ин гурӯҳҳо худ манобеи даромад доранд, ки онҳоро комилан аз Эрон мустақил мекунад. Ин масъала ба вежа дар бораи Ҳизбуллоҳи Лубнон сидқ мекунад, ки дар ҳоли ҳозир аз пазируфта шудан ба унвони як бозигари сиёсӣ суд мебарад. Ҳаббард дар ин маврид ба вокунишҳои тунду тези мақомоти Лубнон ба Мойк Помпео ишора мекунад: “Ҷуброн Босил, вазири умури хориҷаи Лубнон (ки масеҳӣ ҳам ҳаст), дар дидор бо Помпео гуфта буд, ки аз назари давлати ӯ Ҳизбуллоҳ як ҳизби сиёсӣ аст ва на як гурӯҳи теруристӣ.”

Дар ин мақола ҳамчунин гуфта шуда, ки ақибнишинии Эрон аз амалиёт дар Сурия чандон ба далели мушкилоти молӣ нест ва бештар ба ин мавзӯъ бармегардад, ки Башшор Асад, муттаҳиди Эрон, дар ҷанг пирӯз шудааст. Дар Ироқ тангноҳои молӣ ба маҳдуд шудани дахолатҳои Эрон мунҷар нашуда, балки сабаб шудааст, ки Теҳрон ба дунболи равобити иқтисодии амиқтар бо Бағдод бошад. Ҷангҷӯёни мавриди ҳимояти Эрон ҳам, ки бо ДОЪИШ мубориза мекарданд, акнун аз давлати Ироқ ҳуқуқ мегиранд ва бидуни ҳазинаи чандоне, ба Эрон дар сиёсати Ироқ бартарӣ медиҳанд.

Ҳаббард ба нақл аз яке аз аъзои Ҳизбуллоҳ бидуни ин ки номе аз ӯ бибарад, менависад, ки мушкилоти молӣ аъзои Ҳизбуллоҳро аз он намеронад: “Касе барои пул дар Ҳизбуллоҳ нест.” Ҳамин масъаларо метавон ба Эрон дар Ховари Миёна таъмим дод. Фаъолияти Эрон дар минтақа ба далели масоили молӣ нест ва аз бардошти он дар бораи манофеи амниятӣ нашъат мегирад. Аммо ин ҳам ҷойи таъаҷҷуб надорад, чаро ки ҳамон тавр, ки Ҳаббард ҳам ишора карда, таърихи навин нишон медиҳад, ки фишори молӣ бар Эрон, лузуман бо ақибнишинии низомии он ҳамроҳ набудааст.

* * *

Пойбандии Эрон ба Барҷом

Стивенс дар ҷойи дигаре аз мақолаи худ саъй мекунад ин масъаларо, ки Эрон ба рағми хуруҷи Иёлоти Муттаҳида аз тавофуқи ҳастаӣ, ба он пойбанд аст, яке аз дастовардҳои кампини эъмоли фишори бештари Тромп муаррифӣ кунад, ки ин худ изҳори назари зидду нақиз аст: “Дигар мухолифони Барҷом ва дар ҳақиқат мухолифони Эрон, дар 3 соли гузашта борҳо пойбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаиро зери суол бурдаанд. Ба илова, мухолифони Барҷом муддаӣ ҳастанд, ки Эрон бо ҳадафи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ, танҳо барои истифода аз имтиёзҳои иқтисодӣ ба Барҷом тан додааст…” Аммо суол ин ҷост, ки агар Эрон чунин ҳадаферо дунбол мекарда, чаро ба рағми аз байн рафтани манофеи иқтисодӣ, аз Барҷом хориҷ нашудааст?

Диплумосии пешниҳодии Стивенс ҳам ҷойи таъаммул дорад: ин ки “барои пойбанд мондани як кишвар ба як тавофуқ, набояд ба он пойбанд монд, балки бояд аз он хориҷ шуд ва ба иқдоме ваҳшатноктар таҳдид кард!..” Ин тафаккур худ нақзи диплумосӣ аст ва на танҳо Иёлоти Муттаҳида, ки ҳеч кишвари дигаре ҳам наметавонад бо чунин шевае коре аз пеш бибарад.

Масъалаи дигар ҳам ин аст, ки Эрон ҳеч шакке надорад, ки Тромп то сарҳади ниҳоӣ, барои муҷозоти он пеш меравад ва агар ҳамакнун сустие дар робита бо муофият аз таҳримҳо ё эъмоли фишори бештар мушоҳида мешавад, далелаш сирфан нигарониҳои иқтисодӣ дар бораи таъсири ҳазфи муофиятҳо бар бозори ҷаҳонии нафт ва ниҳоятан қимати бензин дар Иёлоти Муттаҳида аст.

* * *

Сабри эрониҳо номаҳдуд нест

Ба рағми иқдомоти Тромп, Эрон ҳамчунон ба Барҷом пойбанд мондааст. Ин масъала то ҳудуде ба ваъдаи номзадҳои демукроти интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико ба бозгашт ба тавофуқи ҳастаӣ бармегардад. Аммо далели муҳимтари Эрон ин аст, ки тасмим ба пойбандӣ ба тавофуқи ҳастаиро бо таваҷҷӯҳ ба як бистари бузургтар гирифтааст. Бар хилофи Тромп, ки фақат худашро дар назар мегирад, дигар имзокунандагони Барҷом ҳам монанди Эрон ба муҳофизат аз ин тавофуқ пойбанд мондаанд.

Эрон эҳтимолан то поёни давраи кунунии риёсати ҷумҳурии Тромп сабр хоҳад кард, аммо шароити сиёсии мавҷуд дар Эрон сабр кардан барои муддати тӯлониро душвор кардааст. Вилём Бернз (William Burns), муовини вазири умури хориҷаи собиқи Иёлоти Муттаҳида мӯътақид аст агар Тромп муҷаддадан раъй оварад, он гоҳ Эрон эҳтимолан дигар тамоюле барои идомаи пойбандӣ ба Барҷом нахоҳад дошт.

Дар сурати вуқӯи чунин иттифоқе, он гоҳ осебҳои ношӣ аз “кампини эъмоли фишори бештар”, ки Стивенс ба куллӣ онҳоро нодида гирифта — аз ҷумла ин ки ҷанги иқтисодӣ алайҳи Эрон ба ҷанг алайҳи муттаҳидони ғарбӣ табдил шуда ва равобити Омрико бо онҳоро масмум кардааст — ташдид мешаванд. Натиҷа фақат метавонад як бӯҳрони ҳастаии ҷадид бошад, ки агар давлати Тромп раванди тахрибкунандаи умурро аз соли гузашта оғоз намекард, комилан қобили пешгирӣ буд.

LobeLog

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: