Перейти к содержимому

15 соли зиндон барои Наимҷон Самиев ба чӣ маъност?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Пештар дар як ёддошт ёдовар шуда будам, ки моҷарои Шарофиддин Гадоев як тағйиру таҳаввули решаӣ дар тасмимгириҳо ва сиёсатгузориҳои ҳукумати Тоҷикистон падид хоҳад овард; ба гунае, ки раванди таҳаввулот дар кишвар дар чаҳор-панҷ соли ахир, бо таваҷҷӯҳ ба қабл ва баъд аз моҷарои Шарофиддин Гадоев мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор хоҳанд гирифт. Ва чунин ҳам шуд, ба хусус бо таваҷҷӯҳ ба бархӯрди ҳукумат бо Наимҷон Самиев, аз раҳбарони собиқи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва маҳкум кардани вай ба 15 сол зиндон.

Ду нукта дар ин замина шоёни зикр аст:

1) Нуктаи аввал он ки: ҳукумати Тоҷикистон дар хусуси бархӯрд бо мухолифони сиёсиаш, дар як соли ахир — ва то замони вуқӯи моҷарои Шарофиддин Гадоев – сиёсати ба истилоҳ “нарме”-ро пеш гирифта буд; сиёсате, ки бар асоси он, ҳар касе аз мухолифон, ки ба кишвар бо ихтиёри худаш баргардад ва изҳори пушаймонӣ ва “тавба” намояд, мавриди авфу бахшиш қарор хоҳад гирифт ва дар натиҷа касе коре ба кори ӯ нахоҳад дошт.

Мегӯянд, дар пушти якчунин сиёсате Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳур ва шаҳрдори кунунии Душанбе ва тими ӯ, ки бештар аз ҷавонон иборатанд меистад. Ин гурӯҳ дар як соли ахир дар воқеъ тавонистанд чанд тан аз фаъолони опозисиюнро ба кишвар бозгардонанд. Ва ба сухани дигар, то замони пеш омадани моҷарои Шарофиддин Гадоев, ин сиёсат то ҳудуде ҷавоб дода буд.

Ва ҳамчунин гуфта мешавад, ки баъзе аз мақомот ба хусус мақомоти амниятӣ ва шахси Саймӯъмин Ятимов, бо якчунин сиёсате, ки тими ҷавон пеш гирифта буд, мувофиқ набудаанд.

Аммо моҷарои Шарофиддин Гадоев, ки паёмадҳои бисёр ногуворе барои ҳукумат ба дунбол овард ва аз эътибори ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаҳон кост, зоҳиран мӯҷиб шуд, ки ҳукумат — ва ба эҳтимоли зиёд, шахси Эмомалӣ Раҳмон – дар сиёсати пешгирифта аз сӯи писараш ва тими ӯ, таҷдиди назар кунад ва зери қавлу ваъдаи авфу бахшиши худ бизанад ва ба сиёсати қаблии худ, яъне ҳаддиаксари сахтгирӣ бо мухолифон, баргардад.

Далели ин муддао, рафтори ҳукумат бо Наимҷон Самиев ва маҳкум кардани ӯ ба 15 сол зиндон аст, он ҳам дар ҷараёни мурофиае, ки пушти дарҳои баста ва бидуни ҳузури бастагони Самиев баргузор гардид; мурофиае, ки дар он, Наимҷон Самиев ба се моддаи қонуни ҷиноӣ: “расондан, ҷойгир кардан ва ба кор андохтани маводи тарканда ба сурати ғайриқонунӣ”, “таълими ифротгароӣ” ва “ширкат дар иттиҳоди ҷиноӣ” муттаҳам шуд. Дар ҳоле, ки ӯро аз Русия оварда буданд, ва дурусттараш, рабуда ва ба кишвар мунтақил карда буданд, то ӯ эълон кунад, ки бо “ихтиёри худаш” бозгаштааст, сипас бар мабнои ҳамин изҳорот, Самиев мавриди авфу бахшиш қарор бигирад, то як ташвиқу тарғибе бошад барои бозгашти ихтиёрии соири мухолифон.

Аммо чунин нашуд. Ва иллаташ, чунон ки арз шуд, эҷоди тағйир дар ин сиёсат пас аз моҷарои Шарофиддин Гадоев аст. Бинобар ин, аз ин ба баъд, мақомот дигар ҳеч сухане аз авфу бахшиш ва ин ки касе бо “ихтиёри худаш” баргардад авф мешавад, ба забони ҷорӣ нахоҳанд кард.

* * *

2) Нуктаи дуввум — ки беиртибот бо нуктаи аввал намебошад — ин аст, ки усулан, ду дидгоҳ дар хусуси бархӯрд ва таъомули ҳукуматҳо бо мухолифони сиёсиашон вақте мухолифон ба муваффақияте даст биёбанд вуҷуд дорад. Дидгоҳи аввал мегӯяд, бояд ҳукуматҳо дар сиёсатҳои худ таҷдиди назар кунанд ва бештар мулойим гарданд ва бо эҷоди озодиҳо, саъй кунанд мухолифони худро дар сиёсатҳо ва тасмимгириҳои калони кишвар саҳиму шарик созанд. Дидгоҳи дуввум аммо мегӯяд, ҳукуматҳо бояд сахтгириҳо ва эҷоди маҳдудиятҳои худро ташдид ва бештар кунанд, зеро — ба гумони тарафдорони ин дидгоҳ — ҳарчи ҳукуматҳо дар баробари мухолифони худ мулойимтар ва нармиши бештар аз худ нишон бидиҳанд, мухолифонашон ба ҳамон андоза “пуррӯйтар” гардида ва дархостҳои бештаре ба миён хоҳанд гузошт, на ин ки ақибнишинӣ кунанд.

Пас аз вуқӯи баҳори арабӣ, дар кишварҳои арабӣ шоҳид будем, ки баъзе аз ин кишварҳо тибқи дидгоҳи аввал амал карданд ва аммо баъзе дигар тибқи дидгоҳи дуввум. Масалан, кишварҳое чун Мағриб (Марокаш) ва Ӯрдун тибқи дидгоҳи аввал рафтор карданд яъне ба маҳзи вуқӯи тазоҳуроти мардумӣ дар Тунис, билофосила тағйироте дар қонуни асосӣ ворид сохтанд, ки бар мабнои он, ба аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаҳои шаҳрвандӣ озодиҳои бештар дар фаъолиятҳояшон дода шуд ва интихоботи озоди порлумонӣ баргузор гардид, ки дар Мағриб ҳизби мухолиф раъйи бештар касб карда ва нахуствазир аз он интихоб шуд. Аммо кишварҳое мисли Миср, Либӣ, Сурия ва Яман тибқи дидгоҳи дуввум рафтор карданд яъне сахтгириҳо ва эҷоди маҳдудиятҳоро ташдид ва бештар намуданд ва натиҷаи ин сиёсатҳои нобихрадона ин гардид, ки бар бӯҳрон дар ин кишварҳо афзуда шуда ва саранҷом Муборак ва Қаззофӣ дар Мисру Либӣ суқут карданд ва Башшор Асад дар Сурия вориди ботлоқе гардид, ки ҳанӯз аз он берун наёмада ва дар Яман ҳам шоҳиди моҷарое шабеҳи моҷарои Сурия шудем.

* * *

Пас аз моҷарои Шарофиддин Гадоев, ки бешак дар корномаи опозисиюн ин рухдод ба унвони як муваффақият сабт гардид, ҳукумати Тоҷикистон – яъне шахси Эмомалӣ Раҳмон (чун тасмимгиранда дар кишвар танҳо ӯст) – наҳваи бархӯрд ва таъомули худ бо мухолифони сиёсиашро тибқи равиши дуввум таъйин карда; равише, ки мегӯяд, бояд сахтгириҳо ва эҷоди маҳдудиятҳо барои мухолифон ташдид ва бештар шаванд. Асосан, режимҳои худкома ва диктотур бештар ҳамин наҳва аз таъомулро бо мухолифон меписанданд бо ин гумон, ки набояд дар баробари мухолиф ҳатто як зарра ҳам кӯтоҳ омад, ки “пуррӯй” мешавад. Ғофил аз ин ки ҷаноби Раҳмон ва дору дастааш, аз ҳаводиси рӯзгор дарс намеомӯзанд ва ингор дарк намекунанд, ки саранҷоми сахтгириҳои бештари амсоли Мубораку Қаззофӣ дар Мисри Либӣ онҳоро бо суқути қатъӣ рӯ ба рӯ сохт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: