Перейти к содержимому

Наъли қурбоқа

(Бардоште аз пойкӯбиҳои артиши беномҳои таблиғотӣ)

Зафари Сӯфӣ

Ҳамеша ба сифати як форсизабон ба ҳар ҳаводиси сарнавиштсоз дар Эрон таваҷҷуҳ доштаму дорам. Албатта бештар ба унвони як тамошогар, зеро медонам на аз назари қонун ва на аз назари мавқеъияти иҷтимоъӣ таъсире дар он ҳаводис наметавонам дошта бошам. Мисли бархеҳо ба сари зонуи даридаи дигарон ҳам намехандам, зеро мебинам, ки ҷомеаи худам шалвори пора-пора дорад. Эрониҳоро ҳам мешиносам ва медонам, ки аз ҳамзабонони тоҷикистонияшон чандин бор саводи бештари сиёсӣ, ҷасорати бештари сиёсӣ ва адолатталабиву ҳақталабии бештар доранд. Мардуме пӯё ва зинда ҳастанд ва он қадар тавоноӣ, дироят ва зарфияте доранд, ки барои сарнавишти худ ва низоми ҷомеа ва ояндаи ватанашон роҳат метавонанд тасмим бигиранд.

Ҳамеша гуфтааму мегӯям, ки Эронро дӯст дорам ва мардуми эрониро ҳамзабону ҳамтабори худ медонам. Албатта талош кардаву талош мекунам, ки ин муҳаббати ман дар навиштаҳо ва арзёбиҳоям ба унвони як рӯзноманигор таъсири манфӣ надошта бошад. Барои ман ин марзҳои сиёсии имрӯзӣ ба ҷуз як садди маснӯъӣ дар расиданам ба зиёрати остони бузургони миллатам, мисли Ҳаким Фирдавсӣ, Шайх Аттори Нишопурӣ, Ҳаким Умари Хайём, Саъдӣ ва Ҳофизи Шерозӣ, Пури Синои Бухороӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ахавони Солис, Нимо Юшиҷ ва даҳҳо, балки садҳо бузурги дигар набудаву нест.

Ман бо низоми ҳоким дар ин кишвар ҳам коре надорам. Медонам, ки миллионҳо ҷонибдори ин низом ҳозиранд дар дифоъ аз он ҷон диҳанд. Дар муқобил ҳазорон нафар ҳам ҳастанд, ки аз ҳукумати ҷумҳурии исломӣ хушашон намеояд ва ошкору ниҳон алайҳи он мубориза мебаранд. Ин як амри табиӣ ва шояд ҳеч дахле ба ман надорад. Ҳамчунин пуштибонии миллионҳо нафар аз ҳар ниҳоди ҳукуматии ин кишвар, аз ҷумла Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ як воқеъияти ҷомеаи Эрон аст ва мани шаҳрванди як кишвари дигар ҳукме ба муқобили Сипоҳ содир карданам ҳамоқате беш нест. Агар Сипоҳ ё ҳар ниҳоди дигар бад бошад, бар алайҳи манфиати мардуми Эрон фаъолият кунад, мутмаин бошед ин мардум гузашт нахоҳад кард. Пас мо бояд дар паи марҳам ба захмҳои чиркгирифтаи ҷомеаи худ бошем, на ин ки ба фикри хароше сабук дар бадани ҷомеаи Эрон. Бояд нуқсро дар амалҳои иштибоҳи худ биҷӯему дар паи ислоҳаш шавем. Тақсирро ба дӯши дигарон гузоштан як роҳи гурези муваққат ва поёне ҷуз шикасту пушаймонӣ надорад. Аз сӯи дигар расми ҷавонмардӣ ин нест, ки аз амали душманонаи бегонае дар баробари ҳамтабори худ изҳори хушҳолӣ кунем. Мо яке ҳастем ва он гуна, ки шоири бузурги мо фармуда “Об агар садпора гардад боз бо ҳам ошност!”

Аммо асли хабар ва далели хушҳолии бедалел ва носанҷидаи масъулону артиши гумному бадноми таблиғотии ҳукумати худкомаи мо чи буд? Расонаҳои ҷаҳон хабар доданд, ки ҳукумати Амрико дар як иқдоми бесобиқа Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эронро созмони терористӣ эълом кард. Ба куҷо анҷомидани ин иқдоми Амрико ҳанӯз мушаххас нест. Оё таъсире ба фаъолияти Сипоҳ хоҳад дошт? Мутмаинан на! Ин фақат як эъломияи бенатиҷаи сиёсие беш нахоҳад буд. Беш аз ин бо таваҷҷӯҳ ба амали муқобила ба мисл аз ҷониби ҶИЭ нисбати Амрико аз эҳтимол дур нест, ки фаъолиятҳои моҷароҷӯёна ва амалиёти низомии Амрико дар Ховари Миёна аз ин ба баъд ба мушкилоти фаровон рӯ ба рӯ шавад.

Фурсати зиёд мунтазир будан лозим нест. Чанд ҳафта ё таи моҳҳои оянда шоҳиди ҳаводисе хоҳем шуд ва натиҷаи ин иқдоми якҷонибаи Кохи Сафед ва амали ҷавобии ҳукумати Эронро мушоҳида хоҳем кард. Пас, набояд аҷулона тасмим гирифт ва дар ҷои холӣ кафкӯбиву пойкӯбӣ дошт. Ин амалро барои ҷашнҳои Кадуву Зардолуву Харбузаву Асалу… хуллас, барои ҳамоишҳову идҳои масхараи худамон бо ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нигоҳ дорем беҳтар аст.

Як зарбулмасали ҳикматомӯзе дорем: Аспро наъл мезаданд, қурбоқа ҳам пояшро бардошт. Хушҳолии артиши дастгоҳи таблиғотии ҳукумат айнан мисли кори ҳамон қурбоқа аст.

Инҳо ё намедонанд ва ё худашонро ба нодонӣ мезананд, ки Амрико интиқоми шикастҳои пай дар паяш таи чанд соли ахир дар Лубнон, Афғонистон, Ироқ, Сурия ва дигар нуқоти Ховари Миёнаро аз Эрон гирифтанист. Ҳама коршиносон медонанд, ки як омили қавӣ ва муассир дар ин шикастҳо ҳамин Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон мебошад.  Амрико як абарқудрати ҷаҳонист. Даҳсолаҳост, ки Эрон дар баробараш қад алам карда ва собит сохта, ки як қудрати асаргузори минтақаисту таслими зӯргӯе намешавад. Манзур ихтилофи онҳо нав нест ва таҷрибаи бо ҳам дар ин ё он масъала сохтанро ҳам доштанд. Албатта масоили усулӣ ва ихтилофи асосӣ, амсоли масъалаи Қудс ва ҷонибдории сардамдорони Кохи сафеду Пентагон аз режими Исроил истисно буда ва зоҳиран истисно хоҳад монд. Ҳоло, ин мавзӯъи баҳси дигарест. Вале бо таваҷҷӯҳ ба комилан сиёсӣ ва асари ончунон корсоз надоштани ин эъломи терористӣ хондани Сипоҳ ва ҷавоби ингунаи ҶИЭ аз эҳтимол дур нест, ки баъди чанд сабоҳе як нармиш аз ин ё он сӯ заминасоз гардаду онҳо бо ҳам сари созиш биёянд. Пас он ҳангом шумо чи хоҳед кард? Рӯсиёҳиятонро куҷо пинҳон мекунед? Фикр мекунед эронӣ мисли мухолифини тоҷик аст, ки фиреби шуморо мехӯраду ин ҳама сӯяш санг заданҳоятонро фаромӯш мекунад?

Тасаввур кунед, ки ду фили бузург бо ҳам дар ҳоли қувваозмоӣ ҳастанд. Харгӯше дар ин миён худро ба майдони ҳарб меандозад. Ҳоло зери пои ҳар кадом аз ин ду фил монд, ҳатман устухонҳояш реза- реза хоҳанд шуд. Фикр намекунед кори ҳукумати мо бо фарёди шодмонӣ сар доданҳои артиши таблиғотияш имрӯз монанди рафтори ҳамон харгӯш аст?! Мутмаин бошед эрониҳо бовар нахоҳанд кард, ки ин ҳама фейкҳои бадному беному рӯсияҳ бе дастури генералҳову вазирҳои Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Пушти ин мавҷи бадхоҳӣ киҳо нишастаанд ва тарроҳии ин ҳама талоши душмансозӣ киҳоянд, ҳама медонад ва эрониҳо ҳам аз он бехабар нестанд.

Далели хушҳолии намояндаҳои беноми ҳукумати кишвари мо гӯё Ҳизби фаъолияташ дар кишвар мамнуъи Наҳзати Исломии Тоҷикистонро пуштибонӣ кардани Сипоҳ аст.

Намедонам шояд ниҳодҳои амниятии кишвар далелҳои мувассақ дошта бошанд, ки собит кунад Сипоҳ воқеан Ҳизби наҳзатро пуштибонӣ мекард ё мекунад. Умедворам далелҳояшон мувассақ ва бар пояи ҳуҷҷату санадҳо бошад. Он чи таҳти фишору тазйиқу шиканҷа ин ё он шаҳрванди кишварро ба бастани иттиҳом водор карда бошанд, бидонанд, ки далели маҳкамаписанд нест. Он гуна шавоҳид ва далел фақат дар маҳкамаҳои Тоҷикистон бадард мехӯраду бас!

Ба ҳар сурат банда ба иддаои тарафдорони ҳукумати кишвар шак дорам. Зеро фақат як мисоли пуштибонии Сипоҳ аз Ҳизбуллоҳ нишон медиҳад, ки агар Сипоҳ аз ҳизбу гурӯҳе пуштибон бошад ҳатман бо ҷое мерасонад. Аммо мебинем, ки фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар кишвар мамнуъ эълом шуд. Садҳо узви қаторӣ ва раҳбарони Наҳзат зиндонӣ шуданд. Мушкилоти ба сари аъзои ин ҳизб омада нишон медиҳад, ки пуштибони қавӣ надорад. Ба вижа бо таваҷҷӯҳ ба фаъолияти Сипоҳ дар чанд кишвари дигари Ховари Миёна дар пуштибонӣ аз ҳаракатҳои исломӣ ва милливу озодихоҳӣ метавон натиҷа гирифт, ки иддаои пуштибонии Сипоҳ аз ҲНИТ беасос мебошад.

Дар баробари мушкилоти ба сари наҳзатиҳо омада (ҳоло ба иллату омилҳояш намепардозем, ки ин худ як мавзӯъи баҳси тӯлонист!) ҳама шоҳиданд, ки Сипоҳ коре накард.

Бо таваҷҷӯҳ ба ҳамкории муассири сипоҳиён бо Русия дар Сурия метавонистанд аз тариқи Маскав ҳам ба қавле дар сарнавишти Наҳзату наҳзатиҳо таъсир расонанд. Аммо ҳама дид, ки чунин нашуд. Пас Сипоҳ пуштибон набуда, агар воқеан ҲНИТ дар Эрон пуштибоне дошта бошад ё нерӯе ё гурӯҳи дигаре будааст.

Ҳикмату зарбулмасалҳои мардумӣ ҳамеша барои иштибоҳ накардану хато тасмим нагирифтан роҳнамо ва ҳушдори хубест. Ва ин зарбулмасал дақиқан ифодагари фардои на чандон дур ва оқибати рафтори носанҷида ва аҷулонаи дастгоҳҳои таблиғотии кишвар мебошад: Зимистон мегузарад ва рӯсиёҳӣ ба зуғол мемонад!

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: