Перейти к содержимому

Саргузашти босмачиҳо (6)

(Ёддоштҳо ва хотираҳои Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон аз қиёми миллӣ-исломии босмачиён дар баробари болшевикҳо дар Осиёи Марказӣ)

Фаъолият дар Бухоро

Ташкили Кунграи Шарқ дар Боку ва кӯшиши болшевикҳо дар барандозии амирнишини Бухоро ва ногузириашон ба ин ки барои муддате кӯтоҳ аз аносури миллӣ истифода кунанд, фурсати хубе буд. Дар сояи тасмимоти Кунграи Боку, дигар дар ҳар ҷое ҳар кас ба ташкилоти махфӣ рӯй оварда буд ва касоне, ки зарурати тадовуми ин навъ ташкилотро дарк мекарданд, аз ҳар вилояте ба ҳудуди Бухоро ва Самарқанд омада буданд. Аммо чун назариёти мухталиф роҷеъ ба масоил ҳанӯз табалвур наёфта буд, табақабандии онҳо — ки дар он зиндагии тавтиаомез пеш омада буд — душвор менамуд. Эҳсос мешуд, ки бори масъалаи босмачиҳо комилан бар дӯши ташкилоти махфӣ қарор мегирад. Ҷонзоков ва бархе аз бошқирҳо ба босмачиҳо пайваста буданд ва барои ташкили кунгра тадоруки лозим дида шуда буд.

Амир Олимхон, охирин амири Бухоро

Тамос бо хориҷ ҷузъи масоили қавмҳои гуногуни мардум буд. Ориф Каримӣ, аз равшанфикрони тотор, аз атрофи Ғулча омада буд. Дар он ноҳия, тамос бо намояндагони жопунӣ, ки дар онҷо буданд, зарурӣ шумурда мешуд. Амири Бухоро таҳти таъқиб буд. Аммо пас аз фирори ӯ, масъалаи ҳаводоронаш (амирчиҳо), ҳаводорони маъдудаш, ва ҳамчунин босмачиҳое, ки ҳам аз амир ва ҳам аз болшевикҳо норозӣ буданд, ба миён омада буд. Ҷамолпошшо тасмим дошт, ки умури Туркистонро аз Кобул идора кунад ва бо босмачиҳо тамос мегирифт. Ва Анварпошшо аз Маскав ба суди болшевикҳо таблиғоти иттиҳоди исломӣ мекард. Ин ҷараён низ дар қазия муассир буд.

Дар миёни мо, яҳудиёни мутамойил ба андешаҳои мо ва туркҳои кошғарӣ, ки дар Туркистони ғарбӣ коргарӣ мекарданд, вуҷуд доштанд. Зарурати таъйини равобити ҳамаи инҳо бо дастаҳои русӣ низ дар миён буд. Пас аз ба даст омадани ҳукумати Бухоро ва Хева — ки қарор буд усули идораи онҳо ҳарчанд ба таври муваққат ба ҷойи кумунистӣ, унвони халқӣ дошта бошад — лузуми таъйини дидгоҳҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пеш меомад.

Дар гузашта, қувваҳои сиёсии маҳаллии Туркистон ба: 1) мутақаддимин, 2) мутаҷаддидин (ҳамон ҷадидиҳо) ва 3) сусиёлистҳо тақсим мешуд ва пас аз рафтани амир, қудрат дар дасти мутаҷаддидин ва сусиёлистҳо тамаркуз ёфта буд. Аммо онон низ гирифтори ихтилофи назар буданд. Дар нахустин ҳафтаи январ, масоили барнома мавриди музокира қарор гирифт. Иддае аз “исломиҳои Шӯро”-и Туркистон ва мутаҷаддидини Бухоро беш аз дигарон ба ин масоил мепардохтанд. Намояндаи сусиёлизми халқӣ низ, бошқирҳо ва марҳум Абдулҳамид Ориф (ов), вазири умури дохила (сипас вазири ҷанг) буданд. Аз онҷо, ки барномаи омодае вуҷуд надошт, дар музокироти ҷаласаи умумӣ, барномаи 27-моддаии сусиёлистҳои миллӣ, ки дар 1919 дар Бошқиристон, дар июни 1920 дар Маскав ва сипас дар Кунграи Боку бо кӯмаки ман ва Ҷонзоков танзим гардида буд, қироат шуд. Аз ҳуззор теъдоди андаке ба он тамоюл нишон доданд.

Абдуқодир Муҳиддинов, раиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро

Чанд рӯз баъд, яке аз аъзои аксарият як тарҳи 19-моддаӣ барои барнома пешниҳод кард. Дар ин тарҳ, маводде чун адами таъарруз ба печа (ҳиҷоб, рӯбанд)-и занон, ҳифзи ҳокими шариат, эҳтимом ба умури динӣ ва назархоҳӣ аз ақвоми мухталифи мардум вуҷуд дошт, ки ҳеч кадом барои тарафи муқобил пазируфтанӣ набуд; танҳо масоили мавриди иттифоқ аз ин қабил буд:

1) зарурати вуҷуди ҷамъияти махфӣ;

2) муборизаи ҷиддӣ бо амир, то охирин марҳила ва таъсиси ҳукумати миллӣ;

3) ташкили вазорати ҷанг ва комиссариат (намояндагӣ)-ҳои он ва таъсиси артиш;

4) зарурати фаъолиятҳои фарҳангии муосир.

Билохира имкони ин ки равшанфикрони Бухоро дар ҳизб гирд оянд пеш наёмад ва фақат бо танзими як маромномаи умумӣ васоили эҷоди як “ҷамъият” фароҳам шуд. Ба ин далел, Ориф ва рафиқонаш ва бошқирҳо эълом карданд, то замоне ки барномаҳои ҳизбӣ бар мабнои гароишҳо танзим нашавад, ба ҷамъият нахоҳанд пайваст ва равшанфикрон ва кумунистҳои қазоқ дар Тошканд низ ҳамин матлабро бо пайку нома хостор шуданд. Дар натиҷа, қарор шуд, ки аз тарафе тараққихоҳон (мутаҷаддидин) ва аз сӯи дигар тӯдаҳои (яъне гурӯҳҳои) сусиёлист барномае мутобиқи гароишҳои худ таҳия кунанд, вале муваққатан, бе он ки мунтазири таъйини он бошанд, барномаи муштараке муташаккил аз нуқоти мавриди иттифоқ фароҳам оварданд. Ба ин тартиб, маромномаи 7-моддаии 27 июн пазируфта шуд, ва ин ҷамъият “Иттиҳоди ҷамъиятҳои инқилобии миллӣ ва ҳамагонии мусалмонони Осиёи Миёна” ном гирифт.

Масъалаи барнома дар сентябри 1921 ва аввали октябри ҳамон сол дар Самарқанд, дар сентябри 1922 дар кунграҳои ӯзбакҳо ва қазоқҳои Тошканд ба музокира ниҳода шуд ва порае ислоҳот дар он сурат гирифт.

7 модда аз ин қарор буд:

1) Туркистон (Осиёи Миёна) бояд мустақил шавад ва худи мардуми Туркистон сарнавишти онро таъйин кунанд;

2) Усули идории Туркистон бар асоси “Ҷумҳурии демукротик” хоҳад буд;

3) Касби истиқлол фақат бо таъсиси артиши миллӣ мумкин аст, ва ҳукумати миллӣ фақат метавонад ба артиши миллӣ муттакӣ бошад;

4) Истиқлоли Туркистон (Осиёи Миёна) ҳамоно истиқлоли иқтисодии он аст ва аз ин рӯ хатти машйи куллии иқтисодиёти он, ташхиси арҷаҳияти навъи санъат ё кишоварзӣ, таъйини масири хутути оҳан ва наҳрҳо ва васоиле аз ин қабил бояд ба дасти худи мардуми Туркистон бошад;

5) Пешрафт додани фарҳанги муосир ва маорифи ҳирфаӣ ва ошно шудан бо тамаддуни урупоӣ бидуни висотати фарҳанги рус;

6) Ҳалли масъалаи миллият ва баҳрабрадорӣ аз сарвати табиии мамлакат бо риояти усули мунтаносиб;

7) Озодии комил дар умури мазҳабӣ ва наёмехтани умури ҳукуматӣ бо умури динӣ. (1)

Агарчӣ то ин охирҳо барномаи ташкилоти мазбур тағйир накардааст, вале худи он ба “Ваҳдати миллии Туркистон” тағйири ном додааст.

Нақшаи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро дар соли 1922

* * *

Идома дорад

Қисматҳои дигари ин китоб

Пайнавишт:

(1) Шодравон Муҳаммадҷон Шакурӣ низ ҳамин иттифоқоте, ки Закӣ Валидӣ ёдовар мешавад, дар китоби “Фитнаи Бухоро” овардааст. Шоиста аст аз ин китоб қисматеро, ки марбут ба Абдуқодир Муҳиддинов аст биёварем:

Фарзанди Муҳиддини Мансурзода Абдулқодири Муҳиддинзода (1892-1934) аз фаъолони ҷунбиши ҷадидия буд. Ӯ дар 17-18 солагӣ дар рӯзномаи тотории «Вақт» мақолаҳо навишта, вазъи иҷтимоъиву иқтисодии Бухороро таҳлил мекард. Имзои ӯ дар ин мақолаҳо «Бухороӣ» буд. Мардум ин мақолаҳои пурмазмунро бо ҳайрату тааҷҷуб мехонданд ва намедонистанд, ки нигорандаи онҳо кист. Устод Айнӣ дар бораи ин мақолаҳои шаҳрошӯби «Бухороӣ» навиштааст: «Ин мақолаҳо аз аввали нашри худ (соли 1910-М. Ш.) афкори умумро ба шӯр ва ҷавононро ба ғалаён оварда, сабаби ба ғайрат ва ҳиммати бештаре ба кор даромадани онон гардид».

Чунонки мебинем, навиштаҳои солҳои ҷавонии Абдулқодири Муҳиддинзода ва баъзе навиштаҳои баъдии ӯ низ аз устод Садриддин Айнӣ баҳои баланд гирифтааст. Баъдтар Айнӣ нисбат ба Абдулқодири Муҳиддинзода ҳаққи устодӣ пайдо кард. Пас дар бораи Абдулқодири Муҳиддинзода тавон гуфт: «Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро».

Пас аз апрели 1917 Абдулқодири Муҳиддинзода ба Тошканд муҳоҷират кард ва он ҷо номаш Муҳиддинов шуд. Соли 1918 А. Муҳиддинов ба Ҳизби коммунистии Туркистон аъзо шуд. Бо вуҷуди ин аз аввали муҳоҷирати Тошканд ба муқобили сиёсати мустамликадории Русия мубориза сар кард. Чун ҳукумати Туркистони шӯравӣ дар Тошканд таъсис шуд, дар ҳайъати он як нафар аз мардуми маҳаллӣ, масалан аз ӯзбакҳо набуд. Абдулқодир Муҳиддинов сахт эътироз кард. Ин рӯҳияи зидди ғасбкории Русия, ки Абдулқодир Муҳиддинов дошт, ба вежа пас аз инқилоби Бухоро қувват гирифт. Чун 4 сентабри 1920 ӯро раиси Кумитаи инқилобӣ (сарвари давлат) таъйин карданд, чунонки гуфтем, бисёр кӯшид, ки ғоратгарии аскарони сурхро пешгирӣ бикунанд, вале коре аз дасташ наомад. Лашкари болшавикони ғолиб пурзӯр буд ва ба касе итоат намекард. Сӯхтори шаҳр чанд гоҳ идома дошт, аммо сипоҳиёни ишғолгар ба ҷои ин ки барои хомӯш кардани сӯхтор ёрӣ диҳанд, ба ғорат машғул буданд. Он гоҳ Абдулқодир Муҳиддинов овози эътироз баланд кард.

Ӯ талаб кард, ки Артиши Сурх аз Бухоро бароварда ва Артиши миллӣ ба вуҷуд оварда шавад. Ӯ инчунин хост, ки коммунистони рус ва тотор, ки хеле зиёд аз Тошканд фиристода шуда буданд ва дар идораҳои ҳизбиву давлатӣ кор мекарданд, низ аз Бухоро бароварда шаванд, зеро онҳо мекӯшиданд, ки Бухоро ҳамаҷониба ба зери нуфузи Русияи шӯравӣ гирифта шавад. Коммунистҳои тотор, ки гурӯҳ-гурӯҳ ба Бухоро фиристода мешуданд, боиси он гардиданд, ки пантуркизм дар Бухоро бештар реша давонад. Аз ин рӯ, А. Муҳиддинов чун аз Бухоро берун кардани онҳоро талаб кард, ба андешаи суди миллати тоҷик буд. А. Муҳиддинов инчунин хост, ки созмонҳои инқилобхоҳони Эрон, Афғонистон, Ҳинд ва ғайра барҳам дода ё аз Бухоро бароварда шаванд.

Абдулқодир Муҳиддинов барои Ҷумҳурии Бухоро истиқлоли комил мехост. Вай, чунончи масъалае пеш гузошт, ки Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро бо кишварҳои наздику дур, аз ҷумла бо Эрон, Афғонистон, Туркия, инчунин Инглистон, Олмон ва ғайра мустақилона муносибати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дошта бошад. Ин пешниҳодҳои ватандӯстонаи Абдулқодир Муҳиддинов пазируфта нашуд. Мақомоти ҳизбии Туркистон, Турккомиссия ва ғайра А.Муҳиддиновро миллатгарои буржуазӣ эълон намуданд. Аз ин рӯ, моҳи августи соли 1921 Абдулқодир Муҳиддиновро аз кор гирифтанд, раиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ интихоб накарданд.

Ӯ чанд гоҳ дар вазоратхонаҳо кор кард ва боз «гуноҳҳои» дигар содир намуд. Чунончи ҳамеша бо Файзуллоҳ Хоҷа баҳс мекард. Ин баҳс чунон давом дошт, ки дар рӯзномаи «Бухоро ахбори» (ба забони ӯзбакӣ), ба гуфти Ҷалол Икромӣ, «Файзуллоҳ Хоҷаев ба забони туркӣ (ӯзбакӣ) мақола менавишт, Абдулқодир Муҳиддинов ба забони тоҷикӣ мақола чоп мекард».

Абдулқодир Муҳиддинов аз зиёиёни сиёсии тоҷик якумин касе буд, ки дар бораи таърихи халқи тоҷик китоб навиштааст. Китоби ӯ дар бораи таърихи Бухоро дар рӯзномаи ӯзбакии «Бухоро ахбори» ба забони тоҷикӣ дунболадор чоп шуда буд. Ба ин тариқ, рақобати Абдулқодир Муҳиддинов ва Файзуллоҳ Хоҷа пас аз инқилоб ба муборизаи як тоҷикгарой бо як панӯзбакист табдил ёфт.

Ҷараёнҳои муборизаи инқилобӣ дар Бухоро, ба вежа дар гурезагӣ гоҳ каму беш обу ранги миллӣ мегирифт, аммо пас аз инқилоб пантуркизм қувват гирифт ва рафта-рафта ошкоро муборизаи панӯзбакистҳо ва тоҷикгаройҳо ба миён омад. Сарвари талошгарони тоҷикпараст, чунонки поинтар хоҳем дид, Абдулқодир Муҳиддинов буд. Солҳои муҳоҷирати сиёсӣ (1917-1920) ё ки аз аввали инқилоби Бухоро Абдулқодир Муҳиддинов ба доми пантуркизм афтод. Сабаби ба пантуркизм гаравидани ӯ маълум нест. Шояд таъсири таблиғгарони забардасте чун Абдуррауфи Фитрат ва Файзуллоҳ Ҳоҷа, ки бо ӯ гӯё андаке хешовандӣ ҳам дошт, ё ки таъсири панӯзбакизм, ки дар солҳои 1917-1920 дар Тошканд авҷ гирифт, ё ки баъзе таъсирҳои дигар кор карда бошад, ки А. Муҳиддинов ба пантуркизм гаравид. Ба ҳар ҳол аз оғози инқилоб то нимаи даҳаи бист дар ҳамаи санадҳо миллати ӯро ӯзбак навиштаанд. Бо он ки ба ҳар тарз тоҷикгаройӣ мекард, худро ӯзбак менавишт.

Як сабаби майл кардани А. Муҳиддинов ба тоҷикгаройӣ ин буд, ки Садриддини Айнӣ бо ӯ наздикӣ дошт. Устод Айнӣ яке аз дӯстони Муҳиддини Мансурзода — падари Абдулқодир Муҳиддинов буд. Муҳиддин Мансурзода дар баъзе мавридҳо пушту паноҳи Садриддин Айнӣ буда, аз солҳои 1915-1916 дар миёни Айнӣ ва фарзанди Мансурзода – Абдулқодир Муҳиддинов дӯстии пойдор, ҳатто муносибати устодиву шогирдӣ оғоз ёфт.

Пас аз инқилоб барои ин ки Абдулқодир Муҳиддинов ба сӯйи тоҷикият ҳар чӣ бештар майл пайдо бикунад, талқинҳои устод Айнӣ аҳамияти вежа дошт. Устод Айнӣ бисёр касонро аз тӯркгаройӣ ба сӯйи тоҷикгаройӣ овардааст. Аз ҷумла Мунзим, Зеҳнӣ ва дигарон ба таблиғи Айнӣ аз рӯҳияи туркпарастӣ раҳоӣ ёфтанд. Яке аз онҳо Абдулқодир Муҳиддинов буд. Устод Айнӣ ба онҳо моҳияти муборизаи турку тоҷик ва пантуркизму тоҷикгаройиро равшан карда, оқибат муваффақ шуд, ки онҳо дар роҳи озодиву истиқлоли халқи тоҷик пархош оғоз намуданд. Мунзим, Зеҳнӣ, А. Муҳиддинов, ҳатто пантуркисти гузаро Абдулло Раҳимбоев барои аз таъсири пантуркизм раҳоӣ ёфтанашон аҳамияти тарғибу ташвиқи Айниро рӯйрост эътироф карда, баъзеҳо, чунончи Мунзим ва А. Муҳиддинов тавбаномаҳо чоп карда буданд.

А. Муҳиддинов ҳар сари чанд гоҳ ба устод Айнӣ дасти ёрӣ дароз мекард, то ки устод мададмаош дошта бошад. Айнӣ соли 1923 дар Самарқанд консултанти консулхонаи Бухоро таъйин шуд, ки ин кор бо далолати А. Муҳиддинов сурат гирифт. Пас аз ин дар Самарқанд мудири як шӯъбаи Бухгосторг (тиҷорати давлатии ҷумҳурии Бухоро) таъйин шудани Айнӣ ҳам бо ёрии А. Муҳиддинов ба амал омад. Мудирии Айнӣ дар ин ҷо «аз сари соли 1924 то сари соли 1925 давом кард». Айнӣ навиштани «Одина»—ро дар анбори ҳамин идораи тиҷорат дар байни халтаҳову қуттиҳои пуру холӣ сар карда буд.

Соли 1924 табартақсими Осиёи Миёна сар шуд. Дар Тошканд комисиюни тақсими ҳудуди миллии Осиёи Миёна таъсис гардид. Ин комисиюн чанд зергурӯҳ дошт ва Абдулқодир Муҳиддинови тоҷикгаройро узви зергурӯҳи ӯзбакон таъйин намуданд. Мақсад аз ин кор шояд бардоштани эътибори он зергурӯҳ буд. Аз чӣ сабабе, шояд аз он сабаб, ки ҳангоми кори он зергурӯҳ низ тоҷикгаройии А. Муҳиддинов аз назарҳо пинҳон намонд ва бештар ба он сабаб, ки тоҷикгаройии ӯро ҳама медонистанд, чун кори комисиюни табартақсим ба поён расид ва Ҷумҳурияти Мухтори Шӯроии Иҷтимоии Тоҷикистон таъсис ёфт, А. Муҳиддиновро Раиси Шӯрои нозирони халқӣ, яъне нахустин сарвазири Тоҷикистон таъйин карданд. Яке аз нахустин корҳое, ки А. Муҳиддинов ба унвони сарвазири Тоҷикистон кард, ин буд, ки ба устоди худаш Садриддини Айнӣ супориш дод, ки «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро тартиб бидиҳад, то мавҷудияти халқи тоҷик ва таърихи тӯлонии забону адабиёту фарҳанги ӯ исбот шавад. Бо чоп шудани ин китоб зарбае ба пантуркизм зада шуд. Аз соли 1927 сарварони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Абдулқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Шотемур ва Нисор Муҳаммад ва дигарон барои аз ҳайати ӯзбакистон баровардани Тоҷикистон, барои ба Тоҷикистон додани Хуҷанд, Бухоро, Самарқанд, Сурхон ва ғайра мубориза сар карданд. Нусратуллоҳ Махсум соли 1928 ба Сталин як номаи муфассал навишт. Муҳиддинов низ соли 1928 ба Сталин номае навишт ва баъд онро мақола карда, ба унвони «Мардуми шаҳр ва атрофи Бухоро тоҷиканд ё ӯзбак?» ба тоҷикӣ ва русӣ чоп кунонид. Ҳалли масъалаи таъсиси ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистон ба Абдулқодир Муҳиддинов ва муовини сарвазир Абдураҳим Ҳоҷибоев супурда шуд. Ин ду нафар дар ин роҳ бисёр кӯшиш карданд ва ба ривояте Абдураҳим Ҳоҷибоев дар ин бора бо Сталин суҳбат кард, ки барои ҳалли масъала нақши асосӣ дошт. Ниҳоят соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон – ҳафтумин ҷумҳурии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфт. Абдураҳим Ҳоҷибоев нахустин Сарвазири ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистон таъйин гардид.

Муборизае, ки Нусратуллоҳ Махсум, Абдулқодир Муҳиддинов ва Абдураҳим Ҳоҷибоев дар роҳи таъсиси Ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистон карда буданд, пас аз чанд сол гуноҳи азим дониста шуд. Нусратуллоҳ Махсум ва А.Ҳоҷибоев бо ҳамин «гуноҳ» соли 1933 аз кор ронда ва соли 1937 террор шуданд. Абдулқодир Муҳиддинов баъзе «гуноҳҳои» дигаре ҳам карда буд. Чунончи ба Ленинобод ва Сталинобод номида шудани Хуҷанд ва Душанбе муқобилат кард. Вай ба яке аз нақшаҳои калони ҳокимияти шӯравӣ, ки дар Тоҷикистон якказироатӣ ҷорӣ карданӣ, яъне саросар танҳо пахта кориданӣ шуданд, сахт зид баромад. Файзуллоҳ Хоҷа, ки сарвазири ӯзбакистони бузургу қавӣ шуда буд, он «гуноҳҳои» Абулқодир Муҳиддиновро дастак карда ва боз буҳтонҳои дигаре бофта, (ки гӯё Муҳиддинов дар бонкҳои хориҷӣ пул дорад), коре кард, ки соли 1932 вайро зиндонӣ карданд ва соли 1934 ба қатл расониданд. Ривояте ҳаст, ки соли 1934 Муҳиддиновро накушта буданд ва як тирро аз ӯ дареғ дошта буданд ва соли 1941 рӯзноманигоре ӯро дар як зиндони Ашқобод дидааст, ки ҳолати рӯҳиаш ба тамом хароб будааст. Чунин аст мухтасари саргузашти яке аз қаҳрамонони инқилоби Бухоро, яке аз пешвоёни сиёсии мардуми тоҷик дар садаи бист Абдулқодир Муҳиддинов. (Бознашр аз сафҳаи Қиёмуддин Сатторӣ дар Фейсбук)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: