Перейти к содержимому

Чаро Тромп Сипоҳи Посдоронро теруристӣ эълом намуд?

Ба қалами Дэвид Горднер (David Gardner) дар нашрияи Financial Times

Дэвид Горднер (David Gardner)

Агарчи моҳи Рамазон ва тобистон дар ҳоли наздик шудан аст, аммо Дунолд Тромп дар тавоноӣ дар афзоиши дамо дар Ховари Миёна ҳамчунон берақиб мондааст. Иқдоми раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар задани барчасби созмони теруристӣ бар нерӯҳои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон иқдоме бесобиқа дониста шуда; ва ин дар ҳоле аст, ки маълум нест, ки ин иқдом як сиёсатгузорӣ буда ё сирфан бо ҳадафи таҳрик сурат гирифтааст.

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ аз замони ташкил шудан (пас аз инқилоби 1979) ҳамвора ва ба таври ҳамзамон ба унвони нерӯи муҳофизи ҳукумати исломӣ дар дохили кишвар ва артиши эъзомии Ҷумҳурии Исломӣ ба хориҷ аз кишвар — аз тариқи нерӯҳои афсонаии Қудс — амал карда ва то кунун тақрибан дар ҳар ду замина муваффақ будааст.

Манофеъи тиҷории Сипоҳи Посдорон, ки дар натиҷаи ошуфтагии иқтисодии ношӣ аз таҳримҳои байналмилалӣ афзоиш ёфта, акнун ба манзилаи як имперотурӣ шуда, ки ҳатто дар набуди таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ҳам сармоягузорони хориҷиро аз наздик шудан ба бозори навзуҳур ва ҷаззоби Эрон бозмедоштааст.

Тасмими соли гузаштаи Дунолд Тромп ба хуруҷ аз тавофуқи ҳастаӣ (Барҷом)-и мавриди таъйиди Созмони Милал ва эъмоли муҷаддади таҳримҳои лағвшуда, асосан ба Сипоҳи Посдорон қудрати бештаре бахшид. Давлати Тромп ба вежа аз замони сари кор омадани Ҷон Болтон — мушовири амнияти миллӣ, ки аз тағйири низом дар Эрон ҳимоят мекунад, ҳеч фарқе байни эрониҳое, ки хостори тағйир ҳастанд ва онҳое, ки аз тағйир бим доранд, қоил намешавад.

Тромп дар аввалин сафари хориҷии худ ба Риёз дар соли 2017, аз Арабистони Саудӣ хост, то раҳбарии як навъ ҷиҳоди арабии сунниро алайҳи шиъа ва Эрон бар ӯҳда бигирад, аммо ин масъала дар амал ба ташдиди фирқагароӣ ва ҷангҳои ниёбатӣ байни ду тафаккури рақиб дар саросари ҷаҳони араб ва мусалмон анҷомид.

Тромп аз он замон асосан бо нақзи меъёрҳои байналмилалӣ дар пайи ба расмияти шинохтани Уршалим (Қудси ишғолӣ) ба унвони пойтахти Исроил ва интиқоли сафорати Иёлоти Муттаҳида ба онҷо, роҳ ҳалли ду кишваре, ки метавонист ба ташкили ду кишвари мустақилли Фаластин ва Исроил дар канори якдигар бианҷомад-ро барбод додааст. Ӯ ҳамчунин ахиран Баландиҳои Ҷулон дар Сурияро, ки дар ҷанги арабҳо ва Исроил дар соли 1967 ишғол шуда буд, ба унвони сарзаминҳои исроилӣ ба расмият шинохт. Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ин тасмими Тромпро “бетаъсир ва номаълум” хондааст.

Эрон, ки аз доманаҳои Зогрус то дарёи Медитрона (Миёназамин) нуфуз дорад, акнун танҳо кишваре аст, ки метавонад ба унвони мудофеъи ҳақиқии ҳуқуқи фаластиниҳо ва араб зоҳир шавад. Эрон аз иштибоҳоти душманонаш барои ташкили меҳваре аз кишвари Ироқ то Сурия ва Лубнон, ки Ҳизбуллоҳ дар он қудрат гирифта, истифода кардааст. Ҷангҷӯёни ҳаводораш ба унвони нерӯҳои таҳти раҳбарии Эрон дар сарзамини Шом ҷангидаанд ва нақши мушовараро барои ҷунбиши Ҳусӣ дар Яман дар баробари нерӯҳои таҳти фармони Арабистони Саудӣ ифо кардаанд; ва ин дар ҳоле аст, ки “обрӯ ва эътибори” Арабистон дар ин ҷанг куллан аз байн рафтааст.

Ҳанӯз мушаххас нест, ки иқдоми давлати Тромп дар задани барчасби гурӯҳи теруристӣ чӣ тағйире дар ин равандҳо эҷод мекунад ё ин ки аслан Кохи сафед чунин ҳадаферо дунбол мекардааст ё хайр. Дар ҳақиқат, Иёлоти Муттаҳида пештар дар соли 2007 алайҳи нерӯҳои Қудс иқдом карда буд.

Аммо масъалаи мутаноқиз ин аст, ки ин нерӯҳо таҳти раҳбарии сарлашкар Қосим Сулаймонӣ, ки дар бештари маворид дар хутути муқаддам ҳузур дошта, ағлаб дар даргириҳо дар Ховари Миёна ба таври мувозӣ бо Иёлоти Муттаҳида ҷангидаанд. Чӣ ошкор ва чӣ дар хафо, Сипоҳи Посдорон дар Афғонистон дар баробари Толибон, дар Боснӣ алайҳи сербҳо буда ва дар Ироқ, ҳамонанди Иёлоти Муттаҳида, қотеъона алайҳи ифротиҳо ва доъишиҳои бераҳм истодааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҷузъиёт, дарки ин ки Дунолд Тромп саъй дошта аз тасмими худ алайҳи Сипоҳи Посдорон чӣ натиҷае бигирад, душвор аст.

Трито Порсӣ, мунтақиди эронӣ-омрикоии сиёсати Иёлоти Муттаҳида мегӯяд: “Тасмими бесобиқаи задани барчасби як гурӯҳи теруристӣ бар Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, фишори иқтисодии музоъаф ва хоссе ба Эрон ворид намекунад. Бо ин ҳол, ин иқдом дарро бар рӯий ҳалли мусоломатомези танишҳо бо Эрон мебандад. Замоне, ки ҳама дарҳо баста шаванд, ва диплумосӣ ғайримумкин гардад, онгоҳ ҷанг ногузир хоҳад шуд.”

Financial Times

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: