Перейти к содержимому

Вақте зимоми умури мамлакат дар дасти афроди чашмгурусна меафтад…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

З-он гадорӯёни нодида зи оз,

Он дари раҳмат бар эшон шуд фароз.

(Мавлоно)

Мақомоти Тоҷикистон, ки дар гузаштаи наздик тамоми дороиҳои Зайд Саидовро тороҷ карда буданд, имрӯз бино доранд молу мулки Муҳиддин Кабириро ҳам талаву тороҷ ва тасоҳуб намоянд. Албатта, чун дар раъси як кишвар қарор доранд, ногузиранд ба талаву тороҷи худ ранги “қонунӣ” бидиҳанд ва аз ин рӯ номашро “мусодара” гузоштаанд; “мусодара ба фоидаи давлат”. Вагарна, ин ҳамон талаву тороҷ аст, номе дигар надорад. Зеро бар касе пӯшида нест, ҳамин ки “мусодара” шуд, билофосила мақомот ин “ғаниматҳо”-ро байни худ тақсим хоҳанд кард, албатта дар чорчӯби “қонун”.

Пурсише, ки дар ин миён худнамоӣ мекунад ва ниёз ба посух дорад ин аст, ки чаро зимомдорони кишвари мо бо мухолифони сиёсии худ якчунин бархӯрде доранд? Яъне, на танҳо бо шахси мухолиф дармеафтанд, балки чашми тамаъ ба молу мулку дороиҳои ӯ низ медӯзанд ва ҳамаро, ба истилоҳ, “мусодара” ва тасоҳуб мекунанд?

Посухаш, ба назарам, бисёр равшан аст. Инон чашмгурусна ва нодида ҳастанд. Чашмгурусна ба касе гӯянд, ки ҳатто агар тамоми дунёро ҳам дар ихтиёраш гузоранд, боз ҳам чашмонаш сер намешавад ва мехоҳад бештар дошта бошад ва забони ҳолаш ин аст, ки пайваста гӯяд:

هَلْ مِنْ مَزِيدٍ

Оё боз ҳам ҳаст?!” (Сураи Қоф, ояти 30)

Вагарна, инсоне, ки барои худаш эҳтиром қоил аст, агар бо касе аз назари сиёсӣ мушкиле дорад, ҳаргиз коре ба молу мулки ӯ, ба падару модари ӯ, ба хоҳару бародарони ӯ, ба наздикон ва хешовандони ӯ нахоҳад дошт. Ӯ, ба ҳеҷ ваҷҳ ба худаш ин иҷозаро намедиҳад, ки ба дороиҳои мухолифаш чашми тамаъ бидӯзад ва ба ҳадде суқут кунад, ки онҳоро тасоҳуб намояд. Ин, ниҳояти пастӣ аст. Якчунин рафтори зишт, фақат аз ноҳияи афроде сар мезанад, ки аз назари иҷтимоӣ паст ва нодида ва чашмгурусна ҳастанд.

Дар бораи чашмгуруснагӣ ва ҳирсу тамаъи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ — ки бо вуҷуди ин ки фармонравоии кишвари паҳновареро дошт, аммо ҳаргиз хӯйи пастӣ ва чашмгуруснагӣ аз ӯ дур нашуд — ҳикоятҳои зиёде овардаанд, аз ҷумла ин ки: боре ба ӯ гуфтанд: тоҷире дар Нишопур аст, ки сарвати зиёде дорад. Маҳмуд он тоҷирро пеши худ хонд ва ба вай тӯҳмат зад, ки: шунидаем, ту пайрави фирқае золла ҳастӣ? Тоҷир, ки маргу зиндагии худро баста ба як ишораи Султон Маҳмуд медид, гуфт: туро ба Худо савганд медиҳам, ки розӣ ҳастам тамоми дороии маро аз ман бигирӣ, вале чунин тӯҳмате бар ман мазанӣ! Маҳмуд тамоми дороии ӯро гирифт ва озодаш кард.

Асосан, фаҳмондани ин ҳақиқат ба як одами гурусначашм, ки ҳирсу озу чашмгуруснагӣ як хислати паст мебошад, хеле душвор аст, ӯ намефаҳмад, магар он ки инсон битавонад зиштии ин хислатро дар назари ӯ муҷассам созад, мисли коре, ки он чӯпон бо вазири чашмгурусна ва нодида анҷом дод. Мегӯянд, рӯзе подшоҳе вазирашро садо кард ва гуфт:

— Дилам мехоҳад бидонам, чӣ чиз дар дунё наҷистар аз ҳама чизҳост ҳатто аз мадфуъ ва наҷосати саг ҳам наҷистар.

Вазир, ки барои пайдо кардани ҷавоб як ҳафта фурсат дошт, либосе гаронбаҳо пӯшид ва бар аспе гаронқимат савор шуд, то бигардад ва ҷавоби подшоҳро пайдо кунад. Ду-се рӯзе ба инҷову онҷо сар зад, аммо ҷавоби дурусте наёфт. Хаста шуд ва канори рӯде нишаст. Чӯпонеро дид, ки барои галаи гӯсфандонаш най мезанад. Бо худ гуфт: ӯ чизе намедонад, аммо бо ин ҳама бад нест суоламро аз ӯ бипурсам. Ба ӯ гуфт:

— Эй чӯпон! Наҷистарини чизҳо дар дунё чист?

Чӯпон нигоҳе ба саг андохт. Билофосила вазир гуфт:

— Ҳарфе аз наҷосати саг назан. Ман худам қаблан гуфтам, аммо шоҳ қабул накард. Шоҳ хост чизеро пайдо кунам, ки наҷистар аз мадфуъи саг бошад.

Чӯпон гуфт:

— Медонам, аммо росташ хабаре дорам, ки ба шуниданаш меарзад. Ман пушти ин теппа ганҷе пайдо кардаам, метарсам агар онро худам ба бозор бибарам, маъмурони шоҳ хабардор шаванд ва маро дастгир кунанд. Аммо ту чун вазир ҳастӣ, метавонӣ ин корро бикунӣ ва баъд аз фурӯш бо ман нисф кунӣ.

Вазир гуфт:

— Зуд бош, аҷала кун, маро ба сӯи ганҷ роҳнамоӣ кун.

Чӯпон гуфт:

— Аммо як шарт дорам. Шарти ман ин аст, ки се бор бо забонат пушти (к…и) саги маро билесӣ.

Вазир гуфт:

— Чӣ шарти аҳмақонае! Аммо барои дастёбӣ ба ганҷ ин корро мекунам. Ва ҳамин корро ҳам кард.

Чӯпон гуфт:

— Ганҷе дар кор нест, фақат мехостам амалан ҷавоби суолатро пайдо кунӣ. Яъне бидонӣ, чизе, ки дар ин дунё аз наҷосати саг ҳам наҷистар аст, ин ҳирсу озу чашмгуруснагӣ аст, ки одами чашмгурусна ҳозир аст наҷосати сагро билесад.

Ин ҳикоят баъдҳо як зарбулмасал гардида ва ба одамҳои чашмгурусна ва таммоъ мегӯянд: “Тамаъ аз наҷосати саг ҳам наҷистар аст”. Шоир мегӯяд:

Он ки хиссат ба зоти ӯ чира аст,

Чашмҳояш ба дасти ту хира аст.

Қатрае об пеши ӯ дарёст,

Ду риёле ба назди ӯ лира аст.

Нони ҷав мехӯрад ба ёди палав,

Фазлаи муш пеши ӯ зира аст.

Шоми ӯ оҳ, ноҳори ӯ ҳасрат,

Оби бинӣ зи баҳри ӯ шира аст.

Гар риёле зи ӯ шавад мафқуд,

Рӯзу шаб пеши чашми ӯ тира аст.

Саломат бошед ва аз ҳирсу озу тамаъ ба дур!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: