Перейти к содержимому

Кабирӣ: “Раҳмон ҳеч гоҳ инсони сулҳхоҳ набуд ва нест”

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо сомонаи Ахбор, дар посух ба ин пурсиш, ки оё имкони муколама бо ҳукумат вуҷуд дорад ё на, бо баёни ин ки “мо муколамаро усулан инкор нахоҳем кард, чун эътиқоди мо ин аст, ки беҳтарин василаи ҳалли мушкилот муколама ва гуфтугӯ аст» гуфт: «Аммо, таҷрибаи гузашта нишон дод, ки бо Раҳмонов тавофуқ кардан, яъне болои оби дарё навиштани созишнома аст.” Кабирӣ афзуд: “Раҳмон ҳеҷ гоҳ инсони сулҳхоҳ набуд ва нест.”

Ба гузориши сомонаи Ахбор, ҳафтаи оянда – рӯзи 18 апрел додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо талаби Додситонии кулли Тоҷикистон масъалаи ба фоидаи давлат мусодира кардани манзилҳои истиқоматӣ, як нуқтаи савдо ва як қисми толори савдои мутааллиқ ба роҳбари эътилофи оппозитсияи тоҷик Муҳиддин Кабирӣ ва фарзандону наздикони ӯро баррасӣ мекунад. Мусодираи молу мулки хонаводаи Кабирӣ бар асоси ҳукми Додгоҳи олӣ аз 2 октябри соли 2018 сурат мегирад. Ҳукми Додгоҳи олӣ дар мавриди Кабирӣ расман нашр нашудааст, вале бино ба иттилои дарёфтӣ, додгоҳ Кабириро бар асоси 15 моддаи Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор шинохта, ба ҳабси умрбод бо мусодираи молу мулк маҳкум кардааст.

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ва Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) — эътилофи нави нирӯҳои мухолифини тоҷик, ки аз баҳори соли 2015, инак 4 сол боз дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад ва дар Олмон паноҳанда шудааст, ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистонро қабул надорад.

Муҳиддин Кабирӣ дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо сомонаи Ахбор дидгоҳаш дар мавриди азми мақомот барои мусодираи молу мулки ӯву наздиконашро шарҳ дод:

Ахбор: Пеш аз ҳама, вокуниши шумо ба ин азми мақомоти Тоҷикистон барои мусодираи молумулки шумову наздиконатонро мехоҳем бифаҳмем?

М.Кабирӣ: Ман ин қарорро мисли қарорҳои дигари Додгоҳи Олӣ ва дигар мақомоти кишварро дар бораи ҳизби мо, ҳизбу ҳаракатҳои дигар, шахсиятҳои сиёӣ ва иқтисодӣ аз беху решааш ғайриқонунӣ ва ноодилона медонам, ки камтарин вазни ҳуқуқӣ надорад. Ин амал идомаи ҳамон сиёсатҳоест, ки пас аз қабули Протоколи 32-20 бо имзои Раҳмонов нашр шуд. Яъне, оппозитсия бояд аз саҳнаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ қадам ба қадам берун карда шавад ва кишвар дар қабзаи як нафар бо хонаводааш қарор бигирад. Аз нигоҳи инҳо беҳтар аст, ки дар кишвар оппозитсия умуман набошад, агар бошад ҳам, заъифу нотавон бошад. Барои инҳо нафарони аз лиҳози фикрӣ ва молӣ мустақил хатарнок ҳисоб мешаванд. Инҳо фикр мекунанд, ки миллат бояд дар умум қашшоку нодор боқӣ бимонад, то вақте гоҳ-гоҳ ба камбизоате, пиронсоле ё ятиме аз ҳисоби буҷа ягон манзил, либос ё ҳадяе кунанд, дар чашми мардуми нодор ҳамчун роҳбари саховатманд ва ғамхор намудор шаванд. Барои шаҳрванди доро ва хатто миёнаҳол ин ҳилаву найрангҳо таъсир надорад. Бояд фақат онҳо “саховатманд” бошанд ва он ҳам аз ҳисоби буҷаи худи миллат. Ҳамин буд, ки Зайд Саидовро таҳаммул карда натавонистанд ва паси панҷара бурданд. Ҳамин буд, ки моликияти маро аз соли 2013 шурӯъ ба мусодира карданд. Аз бозори Турсунзода оғоз шуд ва то имрӯз давом дорад. Шикастани инсонҳои муваффақ, мустақил ва озод чӣ аз лиҳози молӣ ва чӣ фикрӣ барои инҳо аз вазифаҳои асосиашон ҳисоб мешавад ва танҳо бо ҳамин роҳ қудратро мехоҳанд нигаҳ доранд.

Ахбор: Дар эълони додгоҳ сухан дар бораи манзилҳои истиқоматӣ, як нуқтаи савдо ва як қисми толори савдо меравад. Мешавад, мушххас кунед, ки чӣ молу мулке аз шумову наздиконатон феълан дар Тоҷикистон дар ҳабс қарор дорад? Чун дар гузоришҳои расонаҳои давлатӣ тавре тасвир мекарданд, ки Кабирӣ ба маблағи миллионҳо доллар молу мулк ҷамъ кардааст.

М.Кабирӣ: Шояд бовар накунед, аҳамият ҳам надодаам ки чиро гирифтанд ва чиро гирифтан мехоҳанд. Чун одат кардем ин чанд соли охир, ки ҳар рӯз як ҳукм, ҳар рӯз як зиндонӣ, ҳар рӯз як мусодара. Дигар мушаххас кардану фикр кардан чӣ маънӣ дорад?

Вақте соли 2013 судяи додгоҳи шаҳри Турсунзода бо сари хам ва овози ларзон ҳукми мусодараи моликияти моро хонд, ба наздиконам гуфтам, ки дар ақидаи мо ризқ азалӣ аст ва агар Худованд хоста бошад, рӯзе мол ба соҳибаш бармегардад. Вақте раҳматии падарам гирифтани бозорро шунид, бо табассум гуфт, “аҷаб кори хубе шуд, ҳисобу китобат рӯзи қиёмат камтар”.

Албатта, мол барои ҳар инсон арзиш дорад ва талош барои ҳифзи моли мулк барои ҳар инсон воҷиб аст. То он ҷое, ки қонун иҷозат медод, мо ҳам талоши худро кардем ва адвокати ман ҳам Бузурмеҳр Ёров буд.

Агар масъулияти сиёсӣ ва тақдири ҳазорҳо инсон намебуд, шояд ҳифзи моликияти худро ҷиддитар мегирифтам. Аммо, дар шароити ман мубориза барои манфиатҳои умумӣ авлотар буд ва барои ҳамин зиёд талош накардам, ки моликиятро ҳифз кунам. Агарчӣ ҳукумат инро мусодара меномад, ман ба ин назарам, ки моликиятро ба миллат амонат супурдаем. На танҳо ман. Ҳама касоне, ки солҳои охир моликияташон аз тарафи хонаводаи ҳоким ё ҳукумат ғасб шуд, бояд инро ҳамчун супурдани амонат ба миллат ҳисоб кунанд ва рӯзе ки баргаштанд, ҳатман бозпас хоҳанд гирифт.

Ахбор: Яъне сӯҳбат аз миллионҳои Кабирӣ беасос набуд?

М.Кабирӣ: Бале, ба маблағи миллионҳо моликият доштам ва аз касе ҳам намепӯшондам. Аввалин касе, ки моликияти ман ва сарчашмаҳои онро медонист, мақомоти кишвар буданд. Соли 2005 вақте вакили Маҷлиси намояндагон шудам, тибқи қонун декларатсия дар бораи моликият пур кардам ва ҳама чизро нишон додам.

Дертар маҷаллаи “ВИП-Зона” мақолае бо сарлавҳаи “Сарватмандтарин вакили парлумон” нашр кард ва билофосила раиси Маҷлис Хайруллоев маро даъват кард. Гуфт, ки Раҳмонов асабӣ аст ва комиссия фиристодааст, ки моликияти туро санҷанд. Чаро чунин сарлавҳа мондаанд? Гуфтам, ки аз рӯзноманигорон пурсед, ман ҳаққи даҳолат ба кори рӯзноманигорон надорам, чӣ тавре ки хоҳанд, сарлавҳа мемонанд. Пурсид, ки чаро соддагӣ карда, ҳама моликиятро дар декларатсия нишон додаам? Магар намедонам, ки дар парлумон собиқ вазирон ҳастанд, ки даҳ баробар аз ман бойтаранд, аммо декларатсияашон хоксорона аст. Гуфтам, ки ман ба дигарон кор надорам, аммо чизе барои пинҳон кардан аз давлату миллат ҳамнадорам, ҳарчӣ дорам, ҳалол ва қонунӣ аст. Сарчашмааш ҳам маьлум. Санҷанд ва агар маълум шуд, ки моликияти ман ғайриқонунӣ аст, омодаам, ҷавоб гӯям. Ман ҳарчӣ дорам, натиҷаи фаъолиятҳои тиҷоратиам то вакил ва раиси ҳизб шуданам ҳаст, бо санад, таърихи хариду фурӯш ва маблағҳояш дар сарчашмаҳои расмӣ зикр шудаанд.

Аҷибаш ҳам ҳамин аст, ки 80 % моликиятамро ман аз худи ниҳодҳои ҳукумат харидаам, на аз бозор. Ягон моликияти ман дар кӯчаҳои асосии пойтахт набуду нест. Ҳамааш дар ноҳияҳо ва кӯчаҳои дурдасти Душанбе, ки солҳои 2000 то 2005 касе он ҷойҳоро писанд намекард. Ҳамашон корхонаҳо ва биноҳои фарсуда ва партобмонанд буданд. Вақте, ки ҳамаи онҳоро обод кардем ва ҷойҳои барҳаво ва бозоргир шуданд, чашмашон сих зад, ки чаро инҳо соҳиби чунин ҷой бошанд. Аз рӯзе, ки вакили парлумон шудам, фаъолияти тиҷоратиро қать кардам ва танҳо кори даромаднокам дарс додан дар донишгоҳ аст, ки қонун иҷозат медиҳад.

Ахбор: Ва дар ҳақиқат коммисия омаду санҷид, ки боигариҳои «бойтарин вакили парлумон” аз куҷост?

М.Кабирӣ: Он комиссия хеле кор кард ва тамоми фаъолиятҳову санадҳоро санҷид ва ба Раҳмонов гузориш пешниҳод кард. Рӯзе дар хиёбон собиқ роҳбари (марҳум марди хушахлоқе буд, ки мутаъассифона исмаш аз ёдам рафтааст) биржаи назди Кумитаи амволи давлатиро дидам, ки хеле шикоят кард аз фишорҳои мақомот болои ӯ ва дигар кормандони биржа. Гуфт, талаб доранд, ки коре карда ягон қонуншиканӣ дар санадҳо ва ҷараёни хариду фурӯши амволат пайдо кунем, вагарна худамон азият мешавем. Бинобар ин, агар касе фикр кунад, ки мушкилоти мо баъди 2015 оғоз гашт, иштибоҳ мекунад. Ҳодисаҳои 2015-ро онҳо ҳамчун баҳонаи расмӣ барои анҷоми барномае истифода карданд, ки аз рӯзи аввали имзои Созишнома дар фикраш буданд. Яъне, фиреб, тақаллуб ва нобуд кардан.

Ман аз аввал фаъолияти сиёсӣ ва иқтисодии худро шаффоф роҳандозӣ карда будам ва то ҳол ин давом дорад. Чаро то имрӯз ягон санад ба мардум нишон намедиҳанд? Чаро додгоҳ ошкор баргузор намешавад, то исбот кунанд ба мардум, ки ман ва ҳамроҳонам бо роҳи ғайриқонунӣ моликият ҷамъоварӣ кардаем? Зеро, худашон забонкӯтоҳанд ва маҷбуранд, ки додгоҳро паси дарҳои пӯшида баргузор кунанд, то сиррашон ошкор нашавад. Ҳоло ҳам агар лозим аст, омодаам дар асоси санадҳо ва рақамҳо ҳамаи сарчашма ва дороиҳои доштаамро барои мақомот ва мардум исбот кунам.

Ахбор: Ҳукми Додгоҳи олӣ нисбат ба шумо, ки рӯзи 2 октябри соли 2018 содир шуда буд, расман дар ягонҷо нашр нашуд. Танҳо сомонаи «Ахбор” бо такя ба яке аз иштироккунандагони мурофиа хабар дод, ки ба ҳабси умрбод маҳкум шудаед. Оё худатон аз ҷараёни ин мурофиа ва ҳукме, ки содир шуд, иттилое доред?

М.Кабирӣ: Ҳеҷ иттилоъи хоссе ҷуз он чӣ ки дар расонаҳо ҳаст, надорам. Ҳатто рӯйхатти моликияти мусодарашударо ҳам нашр намекунанд, то бинем, ки воқеъан моликият ба ман таъаллуқ дорад ё ба каси дигар? Чун, онҳо метавонанд моликияти хешу табор ва ашхоси дигарро, ки замоне онҷо кор кардаам ё зиндагӣ кардаам, ҳамчун моликияти ман мусодара кунанд.

Дар ҳукм ҳам навиштаанд , ки мусодараи амволи “Муҳиддин Кабирӣ, Тиллозода Руҳулло ва дигарон…” Дигарон кистанд? Чаро моли дигарон гирифта шавад? Пас мисли асрҳои миёна ҷазои дастаҷамъӣ, авлодӣ ва қабилаӣ ҷорӣ кардаанд? Як нафар ба қарибӣ ба мо муроҷиат кард, ки чанд моҳ пеш аз ҳодисаҳои сентябри 2015 аз ҷияни ман мошини Лексус харида будааст. Кадом мансабдоре аз ӯ кашида гирифтааст ва гуфтааст, ки ин мошини Кабирӣ буд ва мо мусодира кардем. Рафта пулатро аз Кабирӣ бигир.

Агар додгоҳ имрӯз ҳукм содир карда бошад, “таракаи” амволи мо ҳамон рӯзҳо сар шуда буд. Ҳоло мумкин бо нархҳои арзон ба фурӯш мебароранд ва ба хешу табори худ тақсим мекунанд. Хуб мебуд, агар онҳоро дар ихтиёри камбизоатон, донишҷӯён ва ятимон мегузоштанд. Шунидам, ки як бинои сеқабатаи калонамонро, ки дар ҳамсоягии манзили устод Нурӣ буд, шаҳрдорӣ гуфтаст, мактаб мекунем. Фикри хуб аст. Дар маҳаллаи Ховарон як бинои чорқабатаи нимсохт барои 112 манзили зист дорам, ки 80 % бино тамом шудааст. Ният доштам, ки дар заминаи он як Донишгоҳи хусусӣ созам ва бо яке аз Донишгоҳҳои Малайзия ҳам тавофуқ шуда буд. Агар ҳамонро дар ихтиёри донишгоҳ мегузоштанд, мамнун мешудем. На мисли бозори Турсунзода, ки гуфтанд, варзишгоҳро аз нав барқарор мекунем, вале 7 сол гузашту аз варзишгоҳ дараке нест ва маълум ҳам нест, ки бозор ба нафъи кадомаш кор мекунад.

Ахбор: Додгоҳи олӣ ҳанӯз дар оғози мурофиа гуфта буд, ки ба зидди шумо бар асоси 18 моддаи Кодекси ҷиноятӣ айбнома эълон шудааст. Баъди судури ҳукм гуфтанд, ки бар асоси 15 модда шуморо гунаҳкор шинохтаанд. Дар он айбнома иттиҳомоти сангине, чун ташкили иттиҳоди ҷиноӣ; барангехтани кинаю адовати динӣ; ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ; тасарруфи силоҳу лавозимоти ҷангӣ; одамкушӣ; исёни мусаллахона, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба соҳибияти каси дигар додани лавозимоти ҷангӣ мавҷуд буд. Назари худатон ба ин иттиҳомот чӣ гуна аст? Оё ин иттиҳомот ва ҳукмеро, ки содир шуд, қабул доред?

М.Кабирӣ: Ҳама он ҳукмҳое, ки алайҳи ман ва дигар ҳамкоронам содир кардаанд, қабул надорам ва онҳоро ҷуз тӯҳмат чизе намедонам. Омодаам, ки дар як додгоҳи озод, дар як маконе, ки озоди ва адолати байналмилалӣ кафолат дода шавад, ширкат кунам ва бигузор ҳамаи ин иттиҳомотро алайҳи ман эълон кунанд ва бо санаду далел исбот кунанд. Ман аз 15 иттиҳоми “исботшуда” таъаҷҷуб надорам, аз ҳамон 3 иттиҳоми “исботнашудаашон” таъаҷҷуб дорам, ки чигуна натавонистанд онро исбот кунанд? Мехоҳам бидонам, ки он се иттиҳом чӣ будааст, ки маро “сафед” кардаанд? Инаш ҷолибтар аст бароям.

Ахбор: Оё кӯшише барои дар сатҳи байналмилалӣ ба чолиш кашидани ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистонро кардед ё нақшае чунин доред?

М.Кабирӣ: Мо бояд бо вакилони худ машварат кунем, ки оё чунин имконе вуҷуд дорад ё не. Агар чунин имконият ҳаст, пас бояд шикоят бурд, на фақат барои бозгардонидани моликият ба соҳибонашон. Балки, бояд дар кишвари мо пеши роҳи чунин дастдарозии ҳукумат ба моли мардум гирифта шавад. Ҳукуматдорон бояд дарк кунанд, ки барои ҳар ҷинояташон ҷавоб хоҳанд гуфт, дер ё зуд. Албатта, кори осон нест. Ҳукуматдорони Тоҷикистон аз меъёрҳои байналмилалӣ ва қарорҳои байналмилалӣ ҳамонеро иҷро мекунанд, ки ба нафъи шахсияшон бошад. Оне, ки ба нафъи миллат бошад, бо сад баҳона рад мекунанд. Барои мисол, агар Бонки ҷаҳонӣ бо ними даҳон тавсия кунад, ки нархи барқро каме боло баред, инро ҳамчун тавсияи байналмилалӣ далел мекунанд ва нарх чанд баробар бештар мешавад. Агар ягон тавсия ё қарор бар зарари ҳукуматдорон ва ба нафъи мардум бошад, ба ёдашон мерасад, ки “Тоҷикистон давлати мустақил аст ва худаш тасмим мегирад,чӣ кор кунад”. Агар гӯянд, ки интихоботҳои озод гузаронед, зиндониҳоро озод кунед, ҳуқуқи мардумро помол накунед, инро дахолат ба умури дохилӣ медонанд. Бино бар ҳамин, набояд зиёд умед дошт, аммо муҳим ки то охир рафт. Қарори Кумитаи махсуси СММ дар бораи ҳукми Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров ва Муҳаммадалӣ Ҳаит содир шуд ва аз мақомоти кишвар талаб карданд, ки ҳарчӣ зудтар онҳоро озод кунанд ва ҷуброн пардохт кунанд. То ҳол ҳукумат ин талабро иҷро накардааст ва мо феълан думболи иҷрои ин қарорҳо ҳастем.

Аз тарафи дигар, мо бояд коре кунем, ки ингуна додгоҳҳо барои бекор кардани ин ҳукмҳои ноодилона дар худи кишвар баргузор гарданд ва на танҳо ин ҳукмҳо бекор шаванд, балки касоне, ки чунин ҳукмҳои золимона ва сохта бароварданд, ба ҷазо кашида шаванд. Аммо, дар сатҳи байналмилалӣ мо талош дорем, ки нисбати бархе ҷинояткорон дар мақомоти кишвар парвандаҳо барои нақзи ҳуқуқи башар ва ҷиноятҳо алайҳи башарият боз гардад. Инчунин, таҳримҳои инфиродӣ болои мақомоти боло ҷорӣ гардад. Ба назарам, ин ба воқеъиятҳо бештар наздик аст ва муҳимтар ҳам ҳаст.

Ахбор: Дар ин шароит, ки ҷониби ҳукумат ба саркӯб ва душмансозӣ аз ҲНИТ идома медиҳад ва дасти шумо ҳам ба далели берун мондан аз Тоҷикистон кӯтоҳ аст, оё дурнамои ин рӯёрӯии байни ҳукумат ва ҲНИТ чист? Роҳи ҳалле ё ягон роҳи муросову мусолиҳа вуҷуд дорад ба мисли сулҳи соли 1997?

М.Кабирӣ: Дурнаморо ман чунин мебинам, ки вазъият дар ояндаи наздик тағйир нахоҳад кард. Ба ду далел: аввал, Раҳмонов ин нақшаро барои он тарҳрезӣ накарда буд, ки зуд хатмаш кунад ё тағйир диҳад. Барои ӯ лозим буд, ки вақти додани мансаби президентӣ ба яке аз фарзандон дар саҳнаи сиёсӣ ягон нафар муҳолиф набошад. Фарқ надорад ин нафари муҳолиф аз як нерӯи динӣ аст ё дунявӣ. Ҳар кас баробари қудраташ барои Раҳмонов хатарнок аст, на аз рӯйи ақидааш ё ҷаҳонбиниаш.

Ҳоло моро ба баҳонаи “ҳизби мазҳабӣ” будан мамнӯъ кард ва далелаш “мубориза бо ифротгароӣ” аст. Искандаровро барои чӣ зиндонӣ кард? Зайд Саидов ҳам ифротгаро буд? Ёров чӣ? Шабдолови коммунистро барои чӣ аз парлумон ва раиси ҳизб барканор карданд? Чун инҳо метавонистанд ҳар кадом даъво кунанд, ҳаддиақал зид раъй диҳанд, эътироз кунанд.

Ҳар касе ки ба тарҳи “пешво” будани ӯ ва “президент” будани яке аз фарзандон мухолиф метавонад бошад, бояд аз байн бурда шавад, ё зиндонӣ бошад ё дар ҳориҷ. Бинобар ин, ӯ талош мекунад вазъиятро то тамомшавии амалиёти “меросбар” ҳамин хел нигаҳ дорад.

Дуввум, ӯ солҳои 90 натавонист дар ҷанг пирӯз шавад, агарчӣ артиш ва танку тӯпи кишварҳои хориҷӣ ӯро пуштибонӣ мекарданд ва маҷбур ба сулҳе шуд, ки барояш нофорам буд. Ҳоло бо ин тарҳ мехоҳад ниҳоятан таъми пирӯзиро бичашад ва талош мекунад ин ҳолати гӯё “пирӯзӣ”-ро тӯлонитар кунад. Албатта, ин эҳсосро бештар баъди сентябри 2015 дошт, ҳоло кам-кам мефаҳмад, ки на танҳо пирӯзие нест, балки метавонад оғози заволи ҳокимияти худаш ва хонаводааш ҳам бошад. То ҳол касе бар миллати хеш пирӯз нашудааст, ки ӯ шавад. Агар шавад ҳам муваққатӣ аст.

Вале, ӯ талош мекунад зоҳиран ин вазъро ҳамчун пирӯзии худаш таблиғ кунад. Вагарна, чӣ зарурат дорад дар душвортарин вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ ҳар рӯз маъракаҳои пурхароҷот ва пурдабдаба баргузор кунад? Ин як ҳолати равонӣ аст, мехоҳад худро пирӯзу дастболо нишон диҳад ва мардумро ба ин бовар кунонад. Як роҳбари муваффақ ва дорои эътимод ба худ ниёз ба ин ҳама ҳангомаву таблиғ надорад. Пули миллатро ба сохтани ҷойи кору таъмини зиндагии мардум харҷ мекунад, на ба ҷашну маъракаҳои таблиғотӣ.

Ахбор: Ва ин ҳолати дастбагиребонӣ байни ҳукумат ва мухолифинаш то кай давом мекунад, ба назари шумо?

М.Кабирӣ: Гуфтан душвор аст, ки ин рӯёрӯӣ чӣ қадар дигар давом мекунад, аммо ҳама низоъҳо рӯзе тамом мешаванд, дер ё зуд роҳи ҳалле пайдо хоҳад шуд. Агар мо, сиёсатмадорон, роҳро пайдо накардем, миллат худаш бидуни мо роҳро пайдо мекунад, ман дар ин шакке надорам. Вақте мардум дастбакор шуд ва ташаббусро ба даст гирифт, дигар кафолате нест, ки масир ба кадом тараф меравад. Ҳам қиёмҳои мардумии мусолаҳатомезро дорем, мисли Арманистон, Алҷазоир ва ахиран Судон. Ва ҳам таҷрибаи талхи Либияро дорем.

Раҳмонов аз лиҳози шахсиятӣ ва шеваи роҳбарӣ бештар ба Қаззофӣ наздик аст, аз он ки ба Саргсян ё Бутафлиқа монанд бошад. Аммо, вазъияти кишвари мо бештар ба Алҷазоир наздиктар аст. Ин кишвар ҳам 30 сол пеш як ҷанги шаҳрвандии 5-соларо паси сар кард, ки 150 ҳазор қурбони дошт. Мардуми кишварҳои ҳамсояаш мисли Тунис, Миср, Либия инқилоб карданд, вале мардуми Алҷазоир ором буд. Зеро, ҳамагон таҷрибаи ҷангро доштанд ва касе намехост аз нав ҷанг шавад. Бутафлиқа ҳам ҳамеша мардумашро аз ҷанг метарсонд, мисли Раҳмонов. Ва инҷо худашро фиреб кард. Мардуми Алҷазоир зирактар баромад. Гуфтанд, бале, мо ҷангро намехоҳем, вале туро ҳам дигар таҳаммул надорем. Ва хеле ором дар хиёбонҳо рехтанду эътироз карданд, то лаҳзае, ки ӯ маҷбур ба ақабнишинӣ шуд.

Судониҳо ҳам ҳамин тавр рафтор карданд.

Суол ин аст, ки оё мардуми тоҷик равиши арманиҳо, алҷазоириҳо ва судониҳоро интихоб хоҳад кард, ё ливиягиҳо ва суриягиҳоро? Ба назари ман, ин аз рафтори ҳукумат вобаста аст.

Ахбор: Аммо имкони муколама вуҷуд дорад ба ҳар сурат?

М.Кабирӣ: Дар бораи муколама ва мусолаҳа чизе гуфтан феълан душвор аст. Чун ман заминаҳои воқеъӣ барои оғози чунин равандро намебинам. Ба чанд далел: аввал, Раҳмон ҳеҷ гоҳ инсони сулҳхоҳ набуд ва нест. Солҳои 90 русҳо маҷбур ба сулҳ карданд ӯро. Мусоҳабаи муовини вазири ҳоричаи Русия Адамишинро бинед, ҳамааш равшан мешавад. Ҳоло, касе ҳам ба сулҳ маҷбур намекунад, мухолифин ҳам дур ҳастанд ва бидуни силоҳ. Аз нигоҳи ӯ, ҳеҷ зарурате барои муколамаву мусолаҳа нест. Ва ҳамагуна муколамаро барои худ шикаст медонад. Мо ҳам муколамаро усулан инкор нахоҳем кард, чун эътиқоди мо ин аст, ки беҳтарин василаи ҳалли мушкилот муколама ва гуфтугӯ аст. Аммо, таҷрибаи гузашта нишон дод, ки бо Раҳмонов тавофуқ кардан, яъне болои оби дарё навиштани созишнома аст.

Пештар ҳам пешниҳоди музокирот ба мо шуда буд, ва мо ҳам шартҳои худро гуфтем. Озод кардани ҳамаи зиндониҳои сиёсӣ, бекор кардани қарорҳои золимона ва боз кардани фазои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ барои мардум. Иқдомҳои ахири мақомот нишон медиҳад, ки онҳо рӯз ба рӯз камтарин эҳтимолияти ҳамдигарфаҳмиро ҳам аз байн бурда истодаанд. Ҳукми Наимҷон Самиев далели ҳамин гуфтаҳост. Пас, дар чунин шароит ягона роҳ муколама бо мардум аст, на бо ҳокимият. Мардум, ки дарк кард, ҳам зиндониҳо зуд озод мешаванд, ҳам қарорҳои золимона бекор мегардад ва ҳам фазои боз барои ҳама фаъолиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба миллат дода мешавад. Мисле, ки дигар миллатҳо яке паси дигар доранд кори худро бо диктотурҳояшон мекунанд.

Роҳи аз ҳама кӯтоҳ, ором ва бидуни хушунат барои расидан ба як Тоҷикистони нав ва озод ин гуфтугӯ ва ҳамраъйӣ бо мардуми худ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: