Перейти к содержимому

Саргузашти босмачиҳо (7)

(Ёддоштҳо ва хотираҳои Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон аз қиёми миллӣ-исломии босмачиён дар баробари болшевикҳо дар Осиёи Марказӣ)

Ҷадидҳо кӣ буданд?

Тараққихоҳон ва “ҷадид”-ҳои Бухоро чӣ касоне буданд? Дар бораи ин мавзӯъ, дар солҳои ахир Файзулло Хоҷа, Фёдоров, Ризқулов ва чанд тани дигар саргарми таҳқиқот буда ва осоре нашр додаанд. Файзулло дар ҷойе менависад, ки хостаҳои ҷадидҳои Бухоро дар аввалҳои 1918 ба сурати барномае тадвин шуда буд ва дар ҷойи дигар мегӯяд: “Ҷадидҳо ҳизбе сиёсӣ нестанд ва фақат дастаҳое аз хӯрдабуржуоҳои алоқаманд ба масоили сиёсӣ ва ҳаводори Ғарбанд.” – ки албатта назари ахир дурусттар аст.

Файзулло Хоҷа (-ев)

Ҳангоме ки дар Бухоро ва Самарқанд будем, дар дасти чунин афроде осоре чун “Руъёи Равшанибег” — барномаи чопии “Ҷамъияти иттиҳод ва тараққии Боку” ва ба унвони асари идеулужик, аз тарафе “Сарзамини турк” ва маҷаллаи “Ҷадид” ва осори Зиё Гуколп, ва аз тарафи дигар дар дасти равшанфикрони тоҷик нусхаҳои маҷаллаи “Кова”, чопи Берлин, “Савонеҳи Абдурраҳмонхон” ва “Саёҳатномаи Иброҳимбек” дида мешуд. Варақҳое, ки Анварпошшо дар Берлин ба чоп мерасонд — “Ливо ул-ислом” ва соири рисолоти ӯ, бо афкори ин афрод созгортар менумуд.

Исмоил Субҳибег, узви Маҷлиси бузурги Туркия, ки дар июни 1921 ба Туркистон омада буд, дар мувофиқат бо хоҳиши иддае аз сардамдорони ҷадидҳо, ба таърихи 30 июн, рисолае ба номи “Усули сиёсӣ ва иҷтимоӣ” навишт ва арза кард. Ин рисола шомили 7 қисмат аст:

1) “Усули сиёсат” дар 10 модда.

2) “Усули низоми вазифа” дар 7 модда.

3) “Усули маориф” дар 11 модда.

4) “Усули тандурустӣ ва варзиш” дар 13 модда.

5) “Усули иқтисод” дар 11 модда.

6) “Усули дин ва ахлоқ” дар 17 модда.

7) “Усули умумӣ” дар 3 модда. Дар маҷмӯъ 72 модда.

Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, аз фаъолони ҷадидҳо

Ин рисола агар барномаи ҳизбӣ ҳам номида шуда бошад, дар воқеъ рисолае аст бо ҳолу ҳавои як асари ахлоқӣ. Дар қисмати сиёсии он, моддаҳое чун истиқлол, берун рондани истилогарон ва куштани хонҳо низ вуҷуд дорад. Дар моддаи 8 гуфта мешавад: “Уламо, муллоён ва охундҳои мусалмонон дар муборизоти озодӣ ва истиқлол дар саффи муқаддам ҳастанд. Уламое, ки аз чунин вазифае сар боз мезананд ва мусалмононро чашмбаста нигаҳ медоранд, хоини дину миллатанд; қатли онон воҷиб аст.”

Дар қисмати “низоми вазифа” гуфта мешавад: “Силоҳ номуси мусалмонон аст. Бар ҳар мусалмон фарз аст, ки туфангу таппонча дошта бошад, ва ҳаддиақал 100-то фишанг. Касоне, ки натавонанд туфангу таппонча таҳия кунанд, метавонанд шамшеру корди бузург таҳия кунанд. Ҷамъиятҳои махфӣ бояд мусалсал ва бомб фароҳам кунанд. Ваҷҳи закот бояд харҷи таҳияи силоҳ шавад.

Дар бораи маориф, аз маорифи олӣ ва толӣ, таърих, ҷуғрофиё, риёзиёт, табииёт, наққошӣ, мусиқӣ ва зарурати ёдгирии забонҳо сухан мегӯяд ва изҳор мекунад, ки: “мусалмонони мутаъассиби мухолифи маориф хоин талаққӣ мешаванд.”

Дар қисмати чаҳорум, аз варзишу беҳдошт, дар қисмати иқтисод, аз исроф накардан, нахаридани колоҳои бегона, кӯмак ба тангдастон, ва дар мавриди кишоварзӣ, аз эҷоди муассисоте бо усули навин ва масоиле аз ин даст баҳс мекунад.

Ва аммо дар бораи дин: “Комилтарини адён, ислом аст. Ҳамаи мусалмонон бо ҳам бародаранд. Зарурӣ аст, ки мусалмонон одатҳои нописандро тарк гӯянд ва ба тафреҳоти солиму баданӣ чун теотр, мусиқӣ ва варзиш одат кунанд.”

Ва дар охирин қисмат, пешниҳод мешавад, ки ҳар сол кунграе барпо шавад.

Ин рисола ба унвони барнома пазируфта нашуд, вале нусхаҳои бисёре аз он таксир ва дар миёни ҷадидҳо тавзеъ шуд.

Шахсе, ки раҳбарии тӯдаи сусиёлистҳоро дошт, аъзои гурӯҳи худро ба мизоҳ, “бечорагоне, ки натавонистаанд сусиёлист будани худро ба Ленин ва Бухорин тафҳим кунанд” меномид. Аммо бархе аз ҳамин аъзо худро хеле наздик ба сусиёлизм нишон медоданд. Бо вуҷуди ин, чун дидгоҳҳояшон – ба вежа дар заминаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ – шакл нагирифта буд, наметавонистанд барномаи мушаххасе фароҳам оваранд.

Абдурауф Фитрат, аз фаъолони ҷадидҳо

Ман ва Орифов, ки кор кардан бо фард ё гурӯҳи бидуни барномаро хатарнок медидем, мӯътақид будем ҷадидҳо, ки дар барномаҳояшон ба масоили динӣ аҳаммият медиҳанд, рӯзе рақибамон хоҳанд шуд. Саъй кардем то барномаҳои онон – бо ҳазфи масоили динӣ ва мунҳасир кардани ихтилофи фикрии онон бо тӯдаи сусиёлист фақат ба заминаи иқтисодӣ – иҷро шавад. Бо кӯшише, ки дар ин маврид кардем, натавонистем онро ба сурати барномае дароварем. Ба ҳар ҳол, як барномаи 19-моддаии дигарро – ки аз овардани номи возеъ (тартибдиҳанда)-и он маъзурем – бе он ки дар шумораи моддаҳояш тағйир диҳем, дар муҳтавои моддаҳояш тағйироте додем. Яке аз раҳбарони дастаи ахир (пайравони ин барнома), ки дар хориҷ ба сар мебарад, дар соли 1927 мехост, ки ин гурӯҳ ба ҷойи “ҷадидҳо” “Ҳизби родиколи Туркистон” номида шавад.

Яке аз ашколи мухталифи барномаи 19-моддаи матруҳ дар он замон, чунин буд:

1) Зистан ба сурати як миллати мустақил ва бо фарҳанги миллӣ, асоси зиндагӣ аст, ва ин ормони ҳамаи миллатҳост. Ҳадафи мо истиқлоли Туркистон ва миллӣ шудани ҳукумати он аст. Миллият муттакӣ бар ваҳдати забон, дин, суннатҳо, адабиёт ва одатҳост.

2) Шаклу шеваи ҳукумати Туркистони озод “Ҷумҳурӣ” аст, ва “Маҷлиси миллӣ” ва “Маҷолиси вилоятӣ” ва “Маҷолиси шаҳрӣ” дар вилоятҳо ва шаҳрҳо, ки намояндагонаш бо усули демукросӣ интихоб шуда бошанд, хостгоҳи ҳокимият ҳастанд.

3) Аъзои ҳукумати марказӣ ба фармони раисиҷумҳур ва бо тасвиби аъзои Маҷлиси миллӣ (порлумон) таъйин мешаванд ва намояндагони ҳукумати марказӣ дар вилоятҳо (волиён)-ро ҳукумати марказӣ, ва аъзои мусассисоти идоракунандаи шаҳру вилоятҳоро маҷолиси худи он шаҳрҳо ва вилоятҳо бармегузинанд. Усули интихоби Маҷлиси миллӣ ва раисиҷумҳур ва маҷолиси вилоятӣ ва тафсилоти лозим дар бораи теъдод ва муддати лозимро нахустин “Қурултой”-и (Маҷмаъи) Туркистони мустақил таъйин хоҳад кард.

4) Ақаллиятҳои миллии Туркистон аз ҳуқуқи озодии маданӣ баҳраманд хоҳанд буд.

5) Ҳукумати миллии Туркистон ба артиши миллӣ такя дорад; хидмати низом иҷборӣ аст.

6) Идороти вилоятӣ барои ҳифзи амнияти дохилӣ нерӯҳои шибҳинизомии маҳаллӣ ташкил хоҳанд дод; ва ин созмонҳо вобаста ба Идораи миллии дифоъи кулли мамлакат хоҳанд буд.

7) Дар малакат озодии комили ақида вуҷуд хоҳад дошт ва иҷрои озодонаи маросими мазҳабӣ, дар партави ҳимояти давлат таъмин хоҳад шуд. Ба миссионерҳо (мубаллиғони мазҳабӣ)-и бегона иҷозаи фаъолият дода намешавад.

8) Озодии матбуот ва нашриёт ва озодиҳои фардӣ, бар мабнои қонуни асосӣ таъмин мешавад.

9) Молиёти куллии мамлакат мутаносиб бо мизони даромад хоҳад буд. Аз ирс низ ба ҳамин мизон молиёт ахз мешавад. Молиётҳои қуруни вустоии боқимонда аз рӯзгорони қадим, лағв ҳастанд.

10) Дар масъалаи замин, асос бар ин аст, ки обу хоку маъодини рӯйи замину зери замин ва ҷангалҳо, ба давлат таъаллуқ дорад. Замин ба деҳқонон ба сурати мулки шахсӣ вогузор мешавад.

11) Афроди хусусӣ ҳақ надоранд ба хариду фурӯши обу замин иқдом намоянд; кулли муъомилоти обу замин ба дасти давлат анҷом мешавад. Ҳуқуқи моликияти замин бар мабнои шароити маҳаллӣ ва мутобиқи қонун таъйин хоҳад шуд.

12) Озодии Туркистон фақат ба сурати истиқлоли иқтисодӣ амалӣ аст; ва ба ҳамин далел, саъй мешавад то равобити иқтисодии Туркистон бо кишварҳои ҳамсоя, бино ба шароити замон, эҳё шавад.

13) Дар Туркистон, асоси масъалаи замин, об аст, ва бинобар ин, об бо тамоми қудрат сарфи тавсиъаи ободонӣ хоҳад шуд ва барои таъмини об, бо таваҷҷӯҳ ба аҳаммияти хосси он, иқдом хоҳад гардид.

14) Дар Туркистон ворид кардани кӯчнишинон – ба хусус дар илҳои қазоқ, қирғиз ва туркман – ба зиндагии иҷтимоӣ, аз муҳимтарин масоил аст; ва ин мавзӯъ аз роҳи густариш додани ҳавзаҳои ҷадид дар масири рӯдхонаҳои бузург қобили таъмин аст. Қавмҳои муҳоҷири ғайри туркнажод ва ғайри мусалмононро набояд дар Туркистон искон дод. Домпарварии кӯчнишинона, бо тағйири шакл ба домпарварии навин дар миёни кӯчнишинон тавсиъа дода хоҳад шуд.

15) Ҳалли масъалаи коргарон дар Туркистон, баста ба тавсиъаи санъати миллӣ аст. Шароити кории коргарон, соатҳои кор, ҳимоят аз кӯдакону занони коргар ва бима кардани онон ва масоиле аз ин қабил, тибқи усули маъмул дар кишварҳои мутараққӣ, аз ҷумла Урупо, таъйин хоҳад шуд.

16) Дар мавриди адлия, барои ҳар кас ва тамоми аҳолии мамлакат, бидуни таваҷҷӯҳ ба ихтилофи дину мазҳаб, тиқби қавонини замон ва таъйиди он, ҳаққи додрасии баробар таъйин хоҳад шуд.

17) Дар мавриди фарҳанг, саъй мешавад, ки қонуни таълимоти иҷборӣ ва маҷҷонии ибтидоӣ иҷро гардад. Шаҳрвадони мамлакат низ, машрут бар ин ки амалашон мунофии давлат набошад, метавонанд мадориси хусусӣ доир кунанд ва дар ин роҳ ҳеч монеъе вуҷуд надорад.

18) Дар Туркистон, ба таври ахасс, ба таъмими мадориси ҳирфаӣ ва эъзоми донишҷӯ ба Урупо аҳаммият дода мешавад.

19) Кӯшиш мешавад то осори тамаддуни мавҷуд дар Туркистон, ки ёдгори қуруну аъсор аст, дар ин маҳди тамаддуни бостон нигаҳдорӣ шавад ва ба сурате дарояд, ки дар хидмати эътилои фарҳанг ва тамаддуни мустақилли бумӣ қарор гирад.

* * *

Аксе аз ҷадидҳои Туркистон

“Ҷамъият”-и Туркистон, ибтидо, аз истиқлоли ҷумҳуриҳои Бухоро ва Хева ва худмухтории соири сарзаминҳо дифоъ мекард. Шиъори истиқлоли Туркистонро гурӯҳҳои сиёсии Туркистон ва “Иттиҳоди миллӣ” дар иҷтимоъоти 18 октябри 1922 дар Тошканд, муттафиқан пазируфта буданд. Аз он ҷо, ки зиндагии озоди сиёсӣ танҳо ба ҳаёти ғайри расмӣ мунҳасир шуда буд, чӣ ҷадидҳо ва чӣ тӯдаҳои сусиёлист дар “Рисолоти пурсишу посух” ва барномаҳои худ, тобеъи вазъи мавҷуди зиндагӣ шуданд ва натавонистанд дар мақоми муҷодила бароянд; ва ихтилофти фикрии марбут ба масоили иқтисодии онҳо фақат бар рӯйи коғаз боқӣ монд. Вобастагии як фарди сусиёлист ё кумунист ба “Иттиҳоди миллии Туркистон” на бар мабнои пазируфтани барномаи ҷадидҳо, балки бо доштани як барномаи сусиёлистӣ ба ҳангоми вуруд дар иттиҳод, беш аз ҳар чизи дигар, як амри виҷдонӣ буд; вагарна барои фаъолият дар заминаи набарди миллӣ ва ташвиқи мардум ба он, ҳамон барномаи 7-моддаии “Ҷамъият” кофӣ ба назар меомад.

* * *

Идома дорад

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: