Перейти к содержимому

Шарикони ҷурм

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Ҳар масъалае, махсусан масоили иҷтимоӣ, то ба сурати ҷиддӣ коршиносӣ ва осебшиносии илмӣ нашавад, ҳаргиз роҳи ҳалли асосии худро пайдо нахоҳад кард.

Коршиносии илмӣ кори давлатмардон ва сиёсатмадорон нест, яъне ин кор аз онҳо барнамеояд, ин вазифаи донишмандон ва коршиносони ҷомеа аст. Бинобар ин, дар ҷомеаҳои пешрафта давлатмардон ва сиёсатмадорон пеш аз ҳар тасмиме аввал назари коршиносони соҳаро мегиранд ва аз ин рӯ тасмимоташон ғолибан, ҳам ба нафъи давлат ва ҳам ба нафъи ҷомеа меанҷомад. Ва асосан иллати асосии муваффақияти ҳар давлат ва пешрафти ҳар ҷомеа ҳамин масъала аст.

Вале мутаассифона дар ҷомеаи мо, на давлатмардон ба ин масъала пойбанд ҳастанд ва донишмандон ба он таваҷҷӯҳ мекунанд. На танҳо пойбанд нестанд ва таваҷҷӯҳ намекунанд, балки ҳатто баръакс амал мекунанд. Яъне ба ҷои ин ки давлатмардон тобеи назари донишмандон бошанд ва баъд аз коршиносӣ ва осебшиносии илмии масоил тасмими худро бигиранд, баръакс донишмандони мо тобеи тасмими давлатмардонамон ҳастанд ва саъй мекунанд ба ҳар тасмими онҳо ранги илмӣ диҳанд.

Чунин аст, ки мебинем бештари тасмимоти давлатмадрони мо на танҳо ба нафъи давлат ва ҷомеа нест, балки ҳам бар зарари худи давлат ва ҳам бар зарари ҷомеа тамом мешавад. Шояд аҳёнан бархе аз тасмимоташон дар кӯтоҳмуддат ба нафъи давлат ва ё ҳатто нафъи ҷомеа бошад, вале мебинем, ки дар дарозмуддат боз бар зарари ҳар ду тамом мешавад.

Агар таваҷҷӯҳ карда бошед, бештари тасмимоти давлатмадорони мо ҳолати зоҳирсозона ва касметикӣ дорад. Иллаташ ин аст, ки асосан онҳо тавони дидани умқи масоилро надоранд, на тавонашро доранд ва на саводашро.

Ин вазифа ва масъулияти донишмандон ва коршиносон аст, ки мушкилотро баррасӣ ва осебшиносӣ кунанд ва баъд назароти илмии худро дар шакли лоиҳа ба давлатмадорон пешниҳод кунанд. Агар ҳам давлатмадорони мо фаҳмашон намерасад, ё ғурурашон иҷоза намедиҳад, ки назари донишмандонро ҷӯё шаванд, ин сабаб намешавад, ки масъулият аз дӯши донишмандон салб гардад. Ин сабаб намешавад, ки донишмандон ба ҳар тасмими давлатмадорон бо сукути худ мӯҳри таъйид бигзоранд. Ва бадтар аз он гоҳе ҳам ба он тасмимоти ҷоҳилона ранги илмӣ диҳанд. Зеро агар ҳеч кас ҳам надонад, донишмандон ва коршиносони соҳа аз паёмадҳои хатарнок ва зиёнбори он тасмимоти ғалат хуб огоҳ ҳастанд.

Бинобар ин, донишмандон ва коршиносони ҷомеа дар ҳар тасмими ғалати давлатмардон саҳим ва дар ҳар паёмади зиёнбори он шарики ҷурманд.

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: