Перейти к содержимому

ПМТ хитоб ба мақомоти тоҷик: “Қарори боло бурдани қимати интернетро бекор намоед!”

Паймони Миллии Тоҷикистон бо интишори баёнияе, зимни маҳкум кардани тасмими мақомот дар боло бурдани қимати интернет, аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб намудааст, ки “билофосила қарори боло бурдани қимати интернетро бекор намуда, соҳаи телекомникатсионии кишварро аз монополияи як гурӯҳи кӯчак ва тасодуфӣ озод кунад.”

Ба гузориши сомони АОТ, матни ин баёния ба шарҳи зерин аст:

Паймони Миллии Тоҷикистон зимни мувофиқат бо эҳсоси хашми корбарон, тасмими мақомот мабнӣ бар боло бурдани қимати интернетро хилофи манофеъи миллӣ мешуморад.

Дар замоне ки кишварҳои ҷаҳон мекӯшанд бо бардоштани камтарин монеъаҳо аз роҳи рушди соҳаи телекоммуникатсионӣ онро ҳарчӣ бештар ба мардуми худ дастрастар гардонанд ва технологияву ширкатҳои пешрафтаро ҷалб кунанд, мақомоти Тоҷикистон бо тасмимҳои носанҷида ин соҳаро сол то сол заъифтар месозанд.

Илова бар ин, як гурӯҳи бузурги мардум, ки зери хатти фақр ба сар мебаранд, аз дастрасӣ ба интернет ва муколима аз тариқи NGN маҳрум мегардад. Наздик ба 2 миллион муҳоҷири кории тоҷик маҷбур мешаванд иртибот бо хонаводаашонро камтар кунанд, чун ягона воситаи алоқаи арзон гарон мешавад. Ин кор метавонад зарбаи бештари ҳам иқтисодӣ, ҳам иҷтимоӣ ва ҳам равонӣ ба муҳоҷирон ва хонаводаҳояшон бизанад.

Боло бурдани қимати интернет ба ҳеч ваҷҳ наметавонад воридоти андоз аз ширкатҳои мобилиро бештар кунад, ҳамон тавр ки мақомоти иддао мекунанд. Ин як таноқуз аст ва таҷрибаи ҳазорсолаи иқтисодӣ онро нишон додааст. Мақомот қимати фурӯши интернет аз тарафи ширкатҳои мобилиро ба шаҳрвандон эълон кардаанд, аммо қимати хариди он аз давлатро пинҳон медоранд. Ҳамаи ширкатҳои мобилӣ интернетро аз Шабакаи ягонаи коммуникатсионӣ харидорӣ мекунанд, ки ба Хадамоти алоқа мутаъаллиқ аст; ниҳоде, ки имрӯз ба бизнеси шахсии қудои Эмомалӣ Раҳмон — Бег Сабурӣ табдил ёфтааст.

Ба илова, ин тасмим боз як иқдоми дигар дар эҷоди маҳдудияти бештари озодиҳои шаҳрвандӣ ва ташвиқе барои ривоҷи фасод дар идораҳо ва ниҳодҳои давлатӣ аст. Зеро имрӯз шаҳрвандон танҳо аз тариқи расонаҳои интернетӣ имкони фош кардани фасод дар идораҳои давлатиро доранд.

Мардуми Тоҷикистон имрӯз шадидан муқобили ин тасмими мақомот ҳастанд. Нодида гирифтани хоставу талаботи мардум, танҳо хосси ҳукуматҳои худкома ва зиддимиллӣ мебошад.

Паймони Миллии Тоҷикистон аз хостаҳои мардум пурра тарафдорӣ намуда ва то охир аз он дифоъ ва дар паҳлӯи мардум дар гирифтани ҳуқуқашон хоҳад буд.

Дар 1 июли соли 2018 Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард мабнӣ бар ин ки ҳуқуқи дастрасӣ ба интернет мусовӣ бо соири ҳуқуқи башар мебошад ва касе ҳаққи маҳдудкунӣ ё манъи дастрасии шаҳрвандон ба онро надорад.

Паймони Миллӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб менамояд билофосила қарори боло бурдани қимати интернетро бекор намуда, соҳаи телекомникатсионии кишварро аз монополияи як гурӯҳи кӯчак ва тасодуфӣ озод кунад.

Паймони Миллии Тоҷикистон

17 апрели 2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: