Перейти к содержимому

Боздошти бастагони Умар ал-Башир

Шӯрои интиқолӣ дар Судон аз боздошти ду бародари раисиҷумҳури барканоршудаи ин кишвар ба иттиҳоми фасод хабар дод.

Ба гузориши Алқудс ал-арабӣ, Зайнулобидӣ ал-Кабошӣ Иброҳим, сухангӯи Шӯрои низомии интиқолӣ дар Судон дирӯз (чаҳоршанбе, 17 апрел) эълом кард, ки Абдуллоҳ ва Аббос — бародарони Умар ал-Башир, раисиҷумҳури барканоршуда, ба иттиҳоми фасод боздошт шудаанд ва боздошти дигар бастагони вай ва наздиконаш, ки махфӣ шудаанд, идома дорад.

Сухангӯи Шӯрои низомии интиқолӣ дар айни ҳол ваъда дод, ки қудратро “дар сареътарин замони мумкин” ба мардум вогузор хоҳад кард.

Рӯзи гузашта эълом шуд, ки Умар ал-Башир ба зиндони Кубар дар пойтахт мунтақил шудааст. Манобеъ дар Судон ба хабаргузории Ройтерз гуфтанд, ки Умар ал-Башир аз замони барканорӣ тавассути артиш дар мақарри риёсати ҷумҳурӣ таҳти муроқибати шадид қарор дошт.

Ин дар ҳоле аст, ки як манбаи огоҳи наздик ба Умар ал-Башир пештар гуфта буд, ки вай дар хонае дар Хортум таҳти ҳифозати нерӯҳои пуштибонии сареъ қарор дорад.

Гуфтанист, панҷшанбеи ҳафтаи гузашта (11 апрел) Умар ал-Башир пас аз 3 даҳа ҳукумат бар Судон сарнагун гардид.

Артиш Шӯрои низомии интиқолиро ба муддати 2 сол ташкил дод ва дар ҳоли музокира барои дастёбӣ ба тафоҳумоте бо аҳзоб ва нерӯҳои опозисиюн дар бораи идораи марҳилаи оянда аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: