Перейти к содержимому

Пайдоиши шӯҳратталабӣ дар даврони мудерн

Ба қалами Мустафо Малакиён

Эриш Фром, равоншиноси иҷтимоии маъруфи омрикоӣ, ки олмонитабор аст, таҳқиқе кардааст роҷеъ ба шӯҳратталабӣ. Ин таҳқиқро дар китоби “Инҳидоми сохтори башарӣ”, ки китоби бисёр муфассале аст ба чоп расондааст. Дар воқеъ аввалин бор ӯ буд, ки нишон дод шӯҳратталабӣ як хостае аст мутаъаххир (яъне вобаста ба имрӯз). Яъне инсонҳо то тақрибан аввалҳои даврони мудерн хостаҳои бисёр дигаре доштанд, аммо шӯҳратталабӣ надоштанд. Шумо агар бо диққат ба китобҳои адёну мазоҳиб руҷӯъ кунед, ки ҳама қабл аз даврони мудерн навишта шудаанд (ва) ба китобҳои ахлоқӣ, ки қабл аз даврони мудерн навишта шудаанд, мебинед, ки доим мегӯянд, фалон вежагиро надошта бош, чун ин аз разоил аст. Вале ҳеч кадом шӯҳратталабиро ном намебаранд. На ба далели ин ки шӯҳратталабӣ он вақтҳо ҷузъи фазоил буда, балки ба ин далел, ки аслан шӯҳратталабӣ вуҷуд надоштааст. Ин як чизе аст, ки ахиран падид омадааст.

Эриш Фром мегӯяд, ба ин далел падид омада, ки ҷомеаи башарӣ, ҷомеае тӯдаӣ шудааст. Ва чун ҷомеа тӯдаӣ шуда, ҳар касе дунболи ин аст, ки аз васати ин тӯда ба ҳар наҳве, ки шуда боло биёяд ва чанд лаҳзае мавриди таваҷҷӯҳ қарор бигирад ва шӯҳрат пайдо кунад.

Ин масъала қаблан вуҷуд надошт, чун қаблан дар як деҳе, ки зиндагӣ мекардӣ, дар ин деҳ масалан ҳафтод нафар зиндагӣ мекарданд, ки ҳама ҳамдигарро мешинохтанд ва ҳама ҳам каму беш зиндагие шабеҳ ба ҳам доштанд. Ва аз деҳоти атроф ҳам хабари чандоне набуд. Аммо имрӯз телевизиюн метавонад маро дар як лаҳза ба ҳамаи олам нишон диҳад; як чизе дар ман падид меоварад, ки ба нуктаи охире, ки мехостам бигӯям, рабт пайдо мекунад: ин, ки абзори эъмоли як майл, дар падид омадани он майл муассир аст. Ба унвони мисол, ман омадаам хонаи шумо меҳмонӣ. Шумо ба ошпазхона меравед то мева ва чой биёваред. Ман ҳамин тавр, ки танҳо нишастаам ва дорам ба дару девори хона нигоҳ мекунам, таваҷҷӯҳам ба нохунгире, ки рӯйи миз аст ҷалб мешавад. Баъд ба нохунҳои худам нигоҳ мекунам, ки баланд аст. Пас тарғиб мешавам, ки нохунҳоямро бигирам, ва ин корро мекунам. Ҳоло шумо яқин дошта бошед, ки агар ман ин нохунгирро намедидам, аслан майл ба кӯтоҳ кардани нохунҳо дар ман падид намеомад.

Имрӯза ин абзори эъмоли шӯҳратталабӣ дар миёни инсонҳо падид омадааст. Яъне мумкин аст дар як лаҳза тамоми мардуме, ки телевизиюн доранд, битавонанд маро аз тариқи телевизиюн бибинанд. Қаблан ҳамчин чизе вуҷуд надошт. Аммо акнун ман аз тариқи китоб навиштан, мусоҳиба, мизи гирд, родию, телевизиюн, моҳвора, сойт ва амсоли инҳо метавонам машҳур бишавам. Хуб ҳоло, ки васоили машҳур шудан омода аст ва ман метавонам машҳур шавам, чаро нашавам?! Чаро маро фақат масалан дӯкондори сари кӯчаамон бишносад?! Чаро ҳама, то маро мебинанд, нагӯянд ин фалонӣ аст?!

Irdiplomacy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: