Перейти к содержимому

Мусалмони андешазод, на модарзод

Рӯзи панҷшанбе (18 апрел) дар Эрон маросими накӯдошти яке аз донишмандони муосири омрикоӣ, устоди фалсафа, зебоишиносӣ ва илми ахлоқ, профессор Гэри Корл (Муҳаммад) Легенҳоузен, баргузор шуд.

Ба гузориши Хабаргузории Меҳр, дар ин маросим Аллома Алиакбари Рашод дар таҷлил аз мақоми илмии профессор Муҳаммад Легенҳоузен гуфт: “Ҳар як аз мо ба эшон эҳсоси дайн мекунем, ва ин ҷаласа барои адои дайн ба эшон баргузор шудааст. Эшон яке аз пешоҳангон ва шахсиятҳои барҷастаи илму ҳикмату маърифат ҳастанд. Пурсишгар ва ҷустуҷӯгаре, ки мусалмониро Салмонвор баргузид ва аз пойгоҳи фалсафаи дин, ба дин даст ёфт, ва бо ин нигоҳ ба дини ҳақ расид.”

Рашод афзуд: “Дар воқеъ вай мусалмоне андешазод аст ва на модарзод. Осори эшон дар ҳавзаҳои гуногун, хосса фалсафаи дин, гиреҳгушо аст. Файласуф ва ҳаким ва хосса ҳаким, ки як гом ҷилавтар аз ҳаким аст, хусусияташ тавозӯъ аст ва эшон воқеан мутавозеъ ҳастанд, ба ҳамин далел ӯро “файласуфи фурӯтан” хондаем.”

Ӯ афзуд: “Дар яке аз сафарҳои ҳаҷ, ки банда муовинати пажӯҳишии Беъсаро бар ӯҳда доштам, ҷаласоти илмӣ дар миёни андешамандони ҷаҳони ислом дар Беъса баргузор мекардем, як рӯз эшон ба ман гуфтанд, тавсия мекунам ба ин афроде, ки инҷо ҷамъ мешаванд, бигӯед, ки ба ҷойи ҳузур дар ин ҷаласот, бираванд дар Масҷидулҳаром ва Каъба.”

Вай дар бахши дигари суханонаш, ба аҳаммият ва зарурати баҳс дар мавриди фалсафаи дин пардохт ва аз маҳҷурияти он гуфт: “Арзиш ва коркарди фалсафаи дин дар ҷомеаи илмии мо мавриди таваҷҷӯҳ нест ва махсусан дар ҳавза камтар мавриди таваҷҷӯҳ аст. Ин дар ҳоле аст, ки асосан фалсафаи дин донише ҳавзавӣ аст ва як хокрез ақибтар аз калом аст. Асҳоби ҳавза ҳастанд, ки бояд ба фалсафаи дин, ки нигоҳе фарокаломӣ ва хориҷнассӣ дорад, бипардозанд. Имрӯза таҳаввул дар донишҳои ҳавзавӣ, дар гарави таваҷҷӯҳ ба фалсафаҳои музоф аст ва дар миёни фалсафаҳои музоф фалсафаи дин ҷойгоҳи хоссе дорад.”

Рашод афзуд: “Фалсафаи дини илҳодӣ ва яҳудӣ ва масеҳӣ, ки роиҷ аст, барои мо коргушо нест, балки мумкин аст зиёнбор бошад; чаро ки фалсафаи дин дар нигоҳи роиҷ, қаламрави маҳдуд яъне 78 масъаларо баррасӣ мекунад ва ба мабоҳиси маҳдуде мепардозад, чун зодгоҳи он масеҳият аст ва масеҳияти мавҷуд дини ноқису фоқиди шариат аст ва як дини ҳаддиақаллӣ аст. Фалсафаи дини роиҷ нозир ба дини маҳалли таваллуди худаш, яъне масеҳият, масоили фалсафаи динро тарҳу баррасӣ кардааст, ва ин дар ҳоле аст, ки ба бисёре аз масоил, ки дар нигариши исломӣ дар чорчӯби дин аст, таваҷҷӯҳ нашудааст.”

Ин файласуфи муосири эронӣ дар идома афзуд: “Фалсафаи дин дар зеҳни мо қаламраве ба густурдагии дини ислом дорад ва бояд ба ҳамаи азлоъи дини ислом посухгӯ бошад. Фалсафаи дини роиҷ гиреҳгушо барои имрӯзи мо нест, мо бояд кори дигареро оғоз кунем ва бояд фалсафаи дини исломиро таъсис кунем ва профессор Легенҳоузен эҳтимом ба ин доштанд ва мӯътақиданд, ки “фалсафаи дин”-и воҳид надорем, чун адён бо ҳам мухталиф ҳастанд.”

Ӯ дар идома бо тарҳи ин суол, ки чаро ба баҳси фалсафаи дин ҷойгоҳ ва дарси расмӣ дар ҳавза дода намешавад, гуфт: “Бидуни фалсафаи дин, фиқҳ низ мутаҳаввил намешавад ва илми динӣ пеш намеравад. Фиқҳ ва иҷтиҳод ниёзманди баҳсу мутолеа дар мавриди фалсафаи дин аст. Каломи мо дар воқеъ мутаассир аз фалсафаи дин аст ва усули фиқҳи мо, ки мутаассир аз калом аст, мутаассир аз фалсафаи дин хоҳад буд. Агар биност фиқҳи мо мудирияти ҷомеаро бар ӯҳда бигирад, бидуни андешидан дар ҳавзаи ғоятҳои дин ва фалсафаи дин, ин муҳим фароҳам нахоҳад шуд. Низомсозии мо, дар гарави низомманд дидани дин аст, ва таваҷҷӯҳ ба дин, дар ҳадди иртикозоти мо аз дин, кофӣ нест.”

Вай идома дод: “Назди қудамои асҳоби мо касе, ки дар калом муҷтаҳид набуд, муҷтаҳиди фиқҳӣ талаққӣ намешуд ва қудамои мо таваҷҷӯҳ доштанд, ки муҷтаҳид бояд бар асоси мабонии каломии худ фатво бидиҳад, ва муқаллид дар калом, дар фатво низ муқаллид аст. Имрӯз низ ба назари мо агар касе дар калом ва фалсафаи дин муҷтаҳид набошад, дар он бахш аз мабонии иҷтиҳоди худ муқаллид аст ва ин амалан мусовӣ бо фиқҳи тақлидӣ аст. Инҳо ҳама зарурати пардохтан ба фалсафаи динро барои мо равшан мекунад. То масоили мо дар фалсафаи дин ба сурати ҷиддӣ ва олимона ҳал нашавад, фиқҳи ҳукуматӣ ва фиқҳи тамаддунӣ низ таҳаввули ҷиддӣ нахоҳад дошт.”

* * *

Легенҳоузен: “Асли кори мо дар дин ин аст, ки мехоҳем зиёрат кунем”

Дар бахши дигари ҷаласа, профессор Легенҳоузен гуфт: “Амсоли банда бояд аз се нукта парҳез кунем; шаҳват, сарват, шӯҳрат. Аз вақте ба Эрон омадаам, хеле мавриди лутфи дӯстон ва асотиду донишҷӯён қарор гирифтаам ва махсусан аз Оятуллоҳ Мисбоҳ ташаккур мекунам, ва банда қабл аз омадан ба Эрон бо эшон мулоқот доштам ва эшон дар масоили илмӣ ҳассосияти зиёде доранд.”

Ин донишманди омрикоӣ афзуд: “Дар робита бо фалсафаи дин ва иртиботи фалсафа ва дин, хеле метавонем баҳс кунем, аммо ба назарам, дар робитаи диндорӣ ва фалсафа бояд бигӯем. Асли кори мо дар дин ин аст, ки мехоҳем зиёрат кунем ва зиёрат бо қалб аст ва барои омода шудани қалб, бояд ходимҳое биёянд ва фикрро аз инҳирофу касофатҳо ҷорӯ кунанд, то қалби мо таваҷҷӯҳи дуруст дошта бошад, то битавонад зиёрат кунад.”

* * *

Оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ: “Легенҳоузен намунаи барҷастаи инсони ҳақиқатталаб”

Дар бахши поёнии ҷаласа Оятуллоҳ Муҳаммадтақии Мисбоҳи Яздӣ суханони худро дар се бахш ироа намуд ва дар бахши аввал ба нукоти барҷастаи шахсиятии профессор Легенҳоузен пардохт ва гуфт: “Нуктаи аввал, ҳақиқатҷӯии эшон аст, ҳамаи мо инсонҳо фитратан толиби ҳақиқат ҳастем, аммо ин ки воқеан чӣ андоза талош ва ҳазина мекунем, ки ин дар афрод мухталиф аст. Эшон яке аз намунаҳои барҷастаи инсони ҳақиқатталаб аст ва аз чиҳил соли гузашта то ба имрӯз қадамҳои баланд ва қобили тақдире дар масири ҳақиқатҷӯӣ бардоштаанд.”

Ин устоди фалсафа дар идома афзуд: “Нуктаи дуввум, хастагинопазир будани эшон аст, ки воқеан назири эшон кам дорем, гоҳе инсон як чизеро дӯст дорад, вале бархе машоғилу масоили зиндагӣ боис мешавад, ки ба хотири он чизе, ки дӯст дорад ҳам хеле ҳазина накунад, аммо эшон воқеан зиндагии оддиашон боис нашуд, ки он чиро дӯст дорад канор бигузорад.”

Мисбоҳи Яздӣ афзуд: “Нуктаи севвум, шахсият, шуҷоат ва истиқлоли назари эшон аст. Хелеҳо, ки дар як замина кор мекунанд ва ба як назар мерасанд, вақте шароити ҷомеа ба онҳо иҷоза намедиҳад, изҳори назар намекунанд, аммо эшон агар ба як натиҷаи илмӣ бирасанд, изҳори назари худашонро доранд ҳарчанд мухолифи фазои ғолиб бошад ва эшон таҳти таъсири ҷавву фазо ва шароити муҳитӣ воқеъ намешаванд.”

Вай дар идома гуфт: “Худованд ба ҳидояти ҳамаи инсонҳо дар тамоми ақтори олам иноят дорад, раҳмати илоҳӣ ба гунае аст, ки агар касе содиқона аз Худо тавфиқ бихоҳад, ончунон бо васоиле ӯро ҳидоят мекунад, ки ақли ҳеч инсоне наметавонад дарк кунад, ки як намунаи он профессор Легенҳоузен аст, ки бо хондани “Наҳҷул-балоға” ба ислом алоқаманд мешаванд. Натиҷа ин ки мо таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки дар дунё афроди ҳақиқатҷӯ пайдо мешаванд ва фикр накунем, ки кишваре, ки нисбат ба Эрон душманӣ дорад ҳамаи афроди он кишвар он гуна ҳастанд. Вазифаи мо ин аст, ки дар нашри ҳақоиқи дин дар ҳамаи дунё ба вазоифамон амал кунем ва ин мавриди ғафлат аст ва мо имрӯз дар як чорчӯби маҳдуд ва он ҳам кишвари худамон ва он ҳам на дар ҳамаи бахшҳои дин балки дар бахше, ки дар мавриди ҳалолу ҳаром.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: