Перейти к содержимому

Саргузашти босмачиҳо (8)

(Ёддоштҳо ва хотираҳои Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон аз қиёми миллӣ-исломии босмачиён дар баробари болшевикҳо дар Осиёи Марказӣ)

“Ҷамъият” ва босмачиҳо

То замоне ки “Ҷамъияти махфӣ” ташкил нашуда буд ва Аморати Бухоро вуҷуд дошт, равшанфикрони Бухоро наметавонистанд бо босмачиҳо робита барқарор кунанд ва дастаҳои босмачӣ бештар ба уламои кӯҳнаандеш ва афроди мутаассиби буржуозии ӯзбак муттакӣ буданд. Дар интихоботи Маҷлиси муассисони Русия, феҳристи равшанфикрони ҷавон чаҳорумин феҳрист буд ва дар натиҷа, аз онон сахт истиқбол шуда буд ва гурӯҳҳои босмачӣ ононро “тӯртинчӣ” (чаҳорум) меномиданд. Дар солҳои 1918-1919 босмачиҳо ба ин бухороиёни ҷавон, ки ҳаводори ҳукумати Шӯравӣ буданд, эътимод намекарданд.

Аммо чунонки қаблан гуфтем, вақте дар соли 1920 умедҳое, ки равшанфикрон ба шӯравиҳо доштанд нақши бар об шуд ва варақ баргашт, маълум шуд, ки Амороти Бухоро, ки дасту пойи бухороиёни ҷавонро баста буд, аз тамоми ҷунбишҳо ба суди худ баҳра меҷӯяд. Ва чун Аморат аз миён рафт ва аз нуфузи руҳониён бар гурӯҳҳои босмачӣ коста шуд, “Ҷамъият” бидуни тардид бо босмачиҳое, ки дар Самарқанд, Хева ва Фарғона буданд, робита барқарор кард. Ҳадаф ин буд, ки ба ин ҷунбишҳо назми навин дода шавад ва зери назари афроде, ки ба гумони “Ҷамъият” таҷаддудталаб ва тараққихоҳ (ҷадидҳо) буданд, дастаҳое ба вуҷуд оянд ва ҳатталимкон дастаҳои мавҷуд низ ба дасти афроде аз ин қабил супурда шаванд. Ба ҳамин далел, равшанфикрон иддае мушовиру маъмури роҳнамо назди босмачиҳо фиристоданд.

Шермуҳаммадбек маъруф ба Кӯри Шермат

Амири Бухоро ва пайравонаш болшевикҳоро ба чашми “Русия” нигоҳ мекарданд ва саъй доштанд маротиби вафодории худро ҳифз кунанд. Амир, дастаи низомии зердасти Осиповро – ки ба Бухоро паноҳ оварда буд – дар шаҳри Шаҳрисабз халъи силоҳ кард, ва ҳангоме ки Шермуҳаммадбек (Кӯри Шермат) ва дӯстонаш дар аввалҳои ҳамин соли 1920 аз Фарғона барои амир нома навиштанд ва пайкҳое фиристоданд ва хоҳони ташкили ҷабҳаи муттаҳид шуданд, Низомуддин Қушбекгӣ посух дод: “Магар шумо аз дӯстии мо бо русҳо бехабаред?” Ва номаи онҳоро аланан пора кард ва зери по андохт ва ба фармони амир пайкҳоро муддати 7 моҳ зиндонӣ кард ва саранҷом бо миёнҷигарии Афғонистон озод сохт. Шермуҳаммад дар хотироти худ, аз ин воқеа ба талхӣ ёд мекунад ва онро “нишонаи ҷаҳлу ғафлати ҳукумати амир” мехонад. Ба ҳамин далел, иддае аз босмачиҳо аз суқути амири Бухоро чандон мутаассир набуданд, ҳатто Маҳкамҳоҷӣ ва Тӯпчӣ Қӯрбошӣ – аз сарони босмачиҳо, ки бо ҳукумати Шӯравӣ оштӣ карда буданд, ҳамроҳи афродашон дар иқдомоти тасарруфи Бухоро ширкат ҷустанд. Ин ашхос агарчи баъдан болшевикҳоро тарк гуфтанд ва дубора ба босмачиҳо пайвастанд, ба дастури Шермуҳаммадбек ба қатл расиданд.

Шермуҳаммадбек ва Раҳмонқул дар Фарғона хоҳони барқарории робита бо равшанфикрон ва “Ҷамъият” шуданд ва ба ҳамин сабаб, Шермуҳаммадбек ду тан аз ҳамтирозони худро, ки дар муассисоти Шӯравӣ иштиғол доштанд, ба Кунграи Шарқ дар Боку фиристод. Дар бораи таассури ин афрод ё соири намояндагони Туркистон (Осиёи Миёна) аз сиёсате, ки болшевикҳо мехостанд дар Шарқ пеш бигиранд, ривоятҳои ҷолибе ривоҷ пайдо кард, ки Шермуҳаммадбек онро чунин нақл мекунад: “Русҳо мехостанд 14 милюну ним мусалмони Туркистон (Осиёи Миёна)-ро бикушанд ва аз миён бибаранд ва фақат 2 милюн нафарро барои охурбонии аспҳои худ зинда нигоҳ доранд – хабаре, ки аз Боку барои мо оварданд, ҳамин буд.” Шермуҳаммадбек дар ҷойи дигар менависад: “Дар Кунграи Боку мусалмонон, пас аз мушовират, ба мо тавсия карданд, ки абадан силоҳҳоямонро замин нагузорем ва ҷиддан мубориза кунем. Тӯрақул аз ҳамонҷо ва шахси мӯътабари дигаре аз Бошқиристон ва Султонбеки Андиҷонӣ назди ман омаданд. Мо мусалмонҳо ҳамагӣ муттаҳид шудем ва ҷон гирифтем.” Ва дар ҳар ҳол, ҷунбишҳои босмачӣ шиддат гирифт.

Олимхон, охирин амири Бухоро

Шӯришҳои сентябри 1920 ба маротиб нерӯмандтар аз шӯришҳои сентябри 1919 буд. Амири Бухоро, ки ибтидо номаи босмачиҳоро пора карда буд, баъдҳо пас аз гурехтан ба Бухорои Шарқӣ (Тоҷикистони кунунӣ), пайкҳо ва номаҳое ба қӯрбошиҳои Фарғона фиристод ва ҳадяҳое низ ҳамроҳ кард, то тавонист ба Бухоро бозгардад. Шермуҳаммадбек нахуст 500 тан низомӣ, ба фармондеҳии бародари худ, Рӯзмуҳаммад, равона сохт ва сипас шахсан дар Душанбе бо амир мулоқот кард. Ӯ ба ҳамин муносибат, дар хотироташ менависад: “Амир моро ба ҳузур пазируфт ва ба воситае, аз мо хост, ки маросими маъмул дар дарбори Бухороро ба ҷой биёварем, вале ман ҷавоб додам, ки мо низомӣ ҳастем ва фақат бо адои саломи низомӣ бо шумо мулоқот мекунем ва зери бори соири маросим намеравем; ва чунин ҳам кардем.”

Нерӯҳои Фарғона дар атрофи Бойсун бо русҳо ҷангиданд, аммо пас аз фирори амир ба Афғонистон дар 2 март, Шермуҳаммад нерӯҳои худро гирд овард ва ба Фарғона баргашт. Дар фасли баҳор, нерӯҳои босмачӣ қудрати фавқулъодае ба даст оварданд. Тӯрақул ва Султонбек, намояндагони “Ҷамъият”, кунграе ташкил доданд ва қатъномае 14-моддаиро пазируфтанд. Дар моҳҳои апрел ва май, Шермуҳаммадбек тамоми хутути роҳи оҳан байни Хӯқанд-Андиҷонро аз миён бурд ва корхонаҳои панбапоккуниро оташ зад. Дар ин ҳангом, босмачиҳо аз тариқи аъзои “Ҷамъият”, аз тамоми иқдомоти русҳо, пешопеш, хабар доштанд. Ба гуфтаи Кинзбург, ҳамаи мардум ҳаводори онон буданд.

Аммо аз зимистони он сол (1920-1921) бисёр сахт буд ва ҳукумати Шӯравӣ бо баҳраҷӯӣ аз ин мавқеият сиёсати “шиддат” ва “мулойимат”-ро ҳамзамон ба кор гирифт. Аз сӯе, дар фасли баҳор тамоми дастаҳо ва босмачиҳоро дунбол кард, ва аз сӯи дигар, иддае аз паноҳандагонро, бо ҳусни интихоб, ба унвони ҳанг (полк)-и мустақил дар урдуи худ пазируфт ва ба ин тартиб, Ҷонибек Қозиро (дар моҳи апрел) ба сӯи худ ҷалб ва нерӯҳояшро “ҳанги савораи маҳаллӣ” эълом кард. Бо ин ки афроди ин ҳанг аз набард бо босмачиҳо худдорӣ мекарданд, ҳукумати Шӯравӣ коре ба корашон надошт. Ҳукумати Шӯравӣ моҳҳои август ва сентябрро ба мукотиба бо босмачиҳо сипарӣ сохт. Зиновев, муовини фармондеҳ ва Назир Тӯрақулов, аз аъзои ҳукумат, бо Шермуҳаммадбек (Кӯри Шермат) мулоқот карданд. Бо ин ки Тӯрақулов дар ҳукумат мақоми муҳимме дошт, Кӯри Шермат дар хотироти худ ӯро фақат мутарҷим (переводчик)-и Зиновев муаррифӣ мекунад ва аз музокироти худ бо ӯ чизе наменависад ва фақат гуфтугӯҳои худ бо Зиновевро зикр мекунад.

Қӯрбошиҳое, ки ба болшевикҳо пайваста буданд, сар ба шӯриш бардоштанд ва аз ин рӯ ҷабҳаи набард густариш ёфт. Дар 12 сентбяр нерӯҳои Шӯравӣ аз ҳар сӯ ҳамалоти ҷиддиро оғоз карданд. Айёми бисёр душворе буд. Гуруснагӣ бар Фарғона ҳукм меронд. Болшевикҳо русҳоеро, ки аз гуруснагӣ фирор карда ва омада буданд, дар артиши сурх мепазируфтанд ва бо ғорат кардани мардум ба дасти онон, василаи имрори маошашонро фароҳам месохтанд. Ва аз ин рӯ, теъдоди довталабони рус рӯ ба афзоиш мерафт. Ин идда, ки агар сарбозӣ намекарданд, аз гуруснагӣ талаф мешуданд, хеле ҷиддӣ меҷангиданд. Бо вуҷуди ин, Кӯри Шермат дар тумони (ноҳияи) Марғилон, ва Исроилбек дар тумони Андиҷон ба шиддат дифоъ мекарданд. Кӯри Шермат дар ин ҷараён бисёр фарсуда шуд ва ногузир дар найзорҳои шимоли Марғилон махфӣ гашт.

Навбати Муҳиддин Қӯрбошӣ расид ва ӯ ба ҷойи Кӯри Шермат нишаст, аммо ба таҳрики болшевикҳо, байни қавмҳои ӯзбаку қирғиз низоъ даргирифт ва дар натиҷа, Муҳиддин мағлуб шуд ва ба сӯи кӯҳ ақиб нишаст. Дар ин миён, Тӯрақул Ҷонзоков, аз равшанфикрон низ дар маҳалле ба дасти русҳо афтод ва кушта шуд, ва ин, зойеъаи бузурге буд; зеро вай дар миёни қирғизҳои ин минтақа бисёр мӯҳтарам ва шахси равшанандеше буд ва дастандаркори гирдоварии Монос, яъне маҷмӯаи достонҳои ҳамосии қирғизӣ буд ва нусхаи кӯҳане аз онро ҳам, ки 2400 байт дошт ва дар ихтиёри ман (Закӣ Валидӣ) буд, амонат хоста ва гирифта буд. Мутаассифона ҳамаи ин чизҳо бо худи ӯ аз миён рафт. Дӯстони ӯ, Абдурраззоқ ва Султонбек низ дар ҳамин ҷангҳо ба шаҳодат расиданд.

* * *

Идома дорад

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: