Перейти к содержимому

Ҳамдастии Омрико ва Русия дар Либӣ ва ба ҳошия рондани СММ

Хабаргузории Фаронса дар гузорише навишт: баёнияи Кохи сафед дар бораи ин ки Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, шахсан бо женерол Халифа Ҳафтар — ки нерӯҳояш ба Троблус, пойтахти Либӣ ҳамла карда ва ба дунболи контроли ин шаҳр ҳастанд — тамоси телефонӣ барқарор кардааст, як бозии байналмилалиеро фош мекунад, ки Вошингтун ва Маскавро дар як урдугоҳ қарор додааст. Ба назар мерасад, ки Омрико ва Русия ба дунболи ба ҳошия рондани Созмони Милал дар Либӣ ҳастанд.

Дар ҳоле, ки Англис пешнависе барои оташбас ироа мекард, ки ҳамла ба Троблусро мавриди интиқод қарор медиҳад, дар ҳамон рӯз ҳамон тавр, ки Кохи сафед эълом кард, Тромп, раисиҷумҳури Омрико, бо женерол Ҳафтар дар бораи “чашмандози муштарак” барои ояндаи демукротики Либӣ, сухан мегӯяд.

Ин ҳимояти ошкор аз Ҳафтар – ки ба зарари давлати Фоиз Ассарроҷ, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ба расмият шинохтааст мебошад — ба рағми ба расмият шинохтани ин давлат ба унвони танҳо давлати машрӯи Либӣ сурат мегирад ва ҳамон тавр, ки дар баёнияи риёсати ҷумҳурии Омрико омадааст, бо тақдир аз “нақши муҳимми женерол Ҳафтар дар мубориза бо теруризм ва тазмини амнияти манобеи нафтии Либӣ” сурат гирифт.

Коршиносон бар ин боваранд, ки тақдиру ташаккури Тромп аз женерол Ҳафтар мадраке бар ҳимояти Омрикост, ки тасмими Ҳафтар барои идомаи ҳамлааш ба Троблус барои тасарруфи онро тафсир мекунад.

Як диплумот дар Созмони Милал, ки нахост номаш фош шавад, ба Хабаргузории Фаронса гуфт, ки ҳимояти Омрико боис мешавад, ки далели рӯй овардани “Ҳафтар ба мантиқи рафтан то охири хатт”-ро ба шакли беҳтар тафсир мекунад. Бархе диплумотҳои дигар низ бо ишора ба душвориҳои низомӣ мегӯянд, ки Ҳафтар пас аз гузашти 15 рӯз аз оғози ҳамла ба Троблус, ҳамчунон таъкид мекунад, ки метавонад пирӯз шавад.

Як диплумоти дигар навишт, ҳимояти рӯзи ҷумъаи Вошингтун “масоилро дар Созмони Милал равшан мекунад” ва низ масоили марбут ба талоши бефоида ва панҷрӯзаи Англис барои расидан ба қатъномаи оташбас ва вуруди ғайри машрути кӯмакҳои инсонӣ ба манотиқи даргириро возеҳ мекунад.

Дар як мавзеъгирии аҷиб тайи ройзаниҳо барои судури қатънома, Русия ва Омрико дар як урдугоҳ қарор гирифтанд ва хостори “андаке замон” шуданд ва таъкид карданд, ки “омодагӣ барои қатъномаро надоранд” бидуни он ки далели ин мавзеъгириашонро ба шарикони худ тавзеҳ диҳанд.

Дар айни ҳол, Ғассон Салома, намояндаи вежаи Созмони Милал дар Либӣ, нисбат ба густариши доманаи низоъҳо ҳушдор дод ва хостори вокуниши фаврӣ шуд.

* * *

Шикасти талошҳои Созмони Милал

Се кишвари офриқоии узви Шӯрои амният (Офриқои ҷанубӣ, Соҳили Оҷ ва Гинеяи истивоӣ) рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар канори Омрико ва Русия қарор гирифтанд.

Як коршинос дар парвандаи Либӣ гуфт, ки ин се кишвар дархостҳои “бемаънӣ” ироа карданд. Вай баъид надонист, ки ин се кишвар бо “контрол аз роҳ дур” тавассути қудратҳои бузург ё тавассути Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раисиҷумҳури Миср, ки “ба шиддат аз Ҳафтар ҳимоят мекунад” ва ба Тромп наздик аст, монеъ аз раванди музокирот шуданд.

Миср дар ҳоли ҳозир риёсати Иттиҳодияи Офриқоро ба ӯҳда дорад ва дидгоҳҳои худро бар кишварҳои офриқоии узв дар Шӯрои амният дар бештари маворид таҳмил мекунад.

Дар заминаи тавозуни қувваҳо миёни Ҳафтар ва Ассарроҷ бояд гуфт, ки женерол Ҳафтар аз ҳимояти Миср, Арабистон, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва аз рӯзи ҷумъа низ ба шакли аланӣ аз ҳимояти Русия ва Омрико бархӯрдор аст.

Аммо раиси давлати Вифоқи миллӣ, ки қудрати иқдомоти ончунонӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи қудратманд дар Троблусро надорад ва ба бовари ғарбиҳо заъиф аст ва тавонаш барои раҳбарӣ чандон ба мазоқашон хуш намеояд, аз ҳимояти Туркия ва Қатар бархӯрдор аст.

Бархе диплумотҳо гуфтанд, ки Ҳафтар ҳамла ба Троблусро бидуни чароғи сабзи ҳомиёнаш анҷом намедод ва хуруҷ аз “бунбаст”-и кунунӣ то ҳудуди зиёде муртабит бо ин ҳомиён аст.

Дар Созмони Милал низ Англис пешнависи худро ба каноре ниҳодааст агарчи кишварҳое монанди Олмон, ки “ноумедӣ”-и худро иброз карданд, умедвор ҳастанд, ки ин пешнавис ҳафтаи оянда тасвиб шавад.

Фарқе намекунад ояндаи пешнавис чӣ бошад, балки он чи муҳим аст ин аст, ки каффаи тарозуи таҳаррукоти диплумотик дар бораи Либӣ ба нафъи Созмони Милал нест. Ҳамлаи Ҳафтар ба Троблус бо сафари Онтуниу Гутереш, дабири кулли Созмони Милал ба Либӣ ба манзури ташвиқ ба баргузории конфронси оштии миллӣ сурат гирифт ва шикасти воқеӣ барои вай ба шумор меравад.

Салома, ки бисёре аз диплумотҳо вайро ба шуҷоъ будан ва шаффоф будан тавсиф мекунанд, маҷбур шуд ин конфронсро лағв кунад.

Салома ҳафтаи гузашта ба шиддат аз женерол Ҳафтар интиқод кард, то ҷое, ки ҳамлаи вай ба Троблусро “кудето” тавсиф кард ва бо ин кор мавзеъи худ дар Либиро дар сурати муваффақияти Ҳафтар дар контроли ҳамаи Либӣ, ба хатар андохт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: