Перейти к содержимому

Мавқеъи ман

Ба қалами Зафари Сӯфӣ

Ман, ба золим ҳам, ба мазлум ҳам, нафрат дорам. Ба золим ба хотири он, ки зулм мекунад ва ба мазлум барои он, ки зулмро мепазирад.”

(Сайид Ҷамолиддини Асадободӣ)

Озмоиш
Ҳамааш аз ҳамин як озмоиш ё таҷрибаи иҷтимоӣ оғоз шуд. Манзурам оғози мавҷи тозаи ҳуҷум бар алайҳи ман. Вақте он субҳ хабари гарон шудани нархи интернетро хондам ва эҳсоси норизоии ҳамватанҳоро аз навиштаҳояшон ҳис кардам, пеши худ гуфтам, ки бояд як озмоиши рӯзноманигорӣ доир кард. Идея бароям ҷаззоб буд ва аз паи кор шудам. Ман на ҳукуматро хунхор ва саркӯбгар ва душмани озодиҳои маданӣ тасаввур кардам, ки эътирозро ҳамчун шӯришу исён ба ҳисоб меораду мардумро ба хоку хун мекашад ва на мардумамро авбош медонам, ки ба ҷои эътироз харобкорӣ мекунад. Мутмаин будаму ҳастам, ки ҳама гуна тазоҳурот ва гирдиҳамоиро ҳукумат бояд ҳамчун зуҳури мусолиматомези эътироз бипазирад ва мардум ҳам ин амалро фақат барои нишон додани норизоияташон ба кор баранд.

Он эъломи ман озмоише буд, ки натиҷааш, ҳам ғайрати мардумро ва ҳам истиқомати ҳукуматро метавонист ба намоиш гузорад. Яъне барои дифоъ аз ҳаққи худ ва қад алам кардан дар баробари зулму беадолатӣ мардум то чи ҳад омода аст ва ғайрату шуҷоату матонати ин корро дорад? Аз сӯи дигар ҳукумат иддаои мардумсолорӣ ва давлати иҷтимоъӣ буданашро то чи ҳад дар амал мепазирад ва ба он арзиш қоил аст? Оё аз эътирози мусолиматомези мардум метарсад ё онро як навъи баёни норизоӣ аз амалкарди худ мепазираду аз паи ислоҳи хатояш мешавад?

Ҳоло намехоҳам аз он озмоиш натиҷа гирам. Натиҷагириро ба худи хонандагон вогузор мекунам, зеро ҳар чи шуд ҳама диданд ва бигзор бар мабнои дидаҳояш ҳар кас пеши худ хулоса барорад.

* * *

Маҳак

Барои ман даҳшат он лаҳза аст, ки маддоҳони ҳукумати золим ҳарфи маро ҷонибдори кунанд ва ё маро таьриф намоянд. Вақте дар баробари зулм ва беадолатӣ қад алам карда бошӣ бояд чоплусон, дурӯяҳо ва шайтонмиҷозҳо бар зиддат бишӯранд. Агар ҷое онҳо аз ту ҳарфи хуб гуфтанд, пас хатое кардаӣ, аз роҳи аслии муборизаат берун пой мондаӣ, бояд бибинӣ, ки дар куҷо иштибоҳ кардӣ ва фавран иштибоҳатро ислоҳ намоӣ!

Дидгоҳи танг ва ғуломонаи ҳукуматдорон, мақомоти қудратӣ ва масъулони дастгоҳҳои таблиғотии ҳукумат воқеан боиси афсӯс ва ҷои нигаронӣ дорад. Онҳо хеле ибтидоӣ, ба қавле бар меъёри асри сангӣ фикр мекунанд, албатта агар он аъмолашонро натиҷаи фикр кардан ба ҳисоб орем. Ҳар касе аз зулму беадолатӣ хушаш наояд ва эътироз кунад ҳатман ӯро ба гурӯҳ ё ҳизби мухолифи сиёсӣ пайванд медиҳанд. Ин кавданҳо дарк кардан наметавонанд, ки масалан барои Барзӯ Абдураззоқов, Исфандиёри Назар, Луқмон Бойматов, Ҳафиз Бобоёров, Абдулло Давлатов, Савфат Бурҳонов, Сайёфи Мизроб, Саймуддин Дӯстов ва афроде мисли онҳо ҳеч зарурате ба ҳизбу гурӯҳе барои расондани назару паёмашон вуҷуд надорад. Онҳо ҳар кадом дар танҳоӣ як ҳизб ва як гурӯҳ, балки қавитар аз онанд.

Ман, на бо Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонам, на бо Гурӯҳи 24 ва на бо ҳеч гурӯҳу ҳизби дигар! (Агар бо ҳар кадоме будам ё бошам ҳатман эълом мекардам ва ҳеч ибоеву тарсе ҳам надоштаму надорам!)

Ман бо мардумам ҳастам! Як рӯзноманигор ва шоир ҳастам! Шукри Худо он қадар тавон ва ҷойгоҳе дорам ва суханам ба он ҳад дар миёни мардумам асаргузор ҳаст, ки ҳеч ниёзе ба ҳаводории ин ё он гурӯҳу ҳизб дошта бошам. Агар онҳо аз навиштаҳои ман хушашон меояд, хуш ба ҳолам, ки дарди ин қишре аз ҷомеаи тоҷикро низ баён кардаам.

Аммо ҳамин як нукта, ки фейкҳову ҷонибдорону кормандони ҳукумати худкома ба навиштаҳои ман ба ин ҳад тунду сареъ вокуниш нишон медиҳанд худ нишони он аст, ки ҳарфам асаргузор буда. Агар асар намегузошт аслан вокуниш намекарданд. Ман дар дифоъ аз манфиати мардумам ва эътироз ба зулму беадолатии Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводаву дору дастааш ҳеч ниёзе ба ҳизбу гурӯҳе надорам.

Ман рисолати инсонии худро, масъулиятам назди Қалам ва Суханро барои рост гуфтан анҷом медиҳаму бас! Ҳамҳизбиҳову ҳамгурӯҳиҳои ман мардуми мазлуми тоҷик аст! Он ҷавонони боғайрате, ки дар муҳоҷират дар мулки рус азият мекашанд, аммо мардонавор сабр мекунанд, то хонаводаашон гурусна набошад. Онҳое, ки аз нотавонӣ ва нокоромадии ҳукумати хонаводагии Раҳмонов гирифтори ҳазорон мушкилот шудаанд, ҳамҳизбиву хамгурӯҳии ман ҳастанд.

* * *

Харҷҳои беҳуда

Ҳукумат базмҳои миллиондолларӣ барпо мекунад. Дар сурате, ки мешавад ба ин маблағ корхона сохт ва садҳо ҷавони тоҷикро ба ҷои кор таъмин кард. Фақат харҷи аксҳои Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишварро ҳисоб кунем миллионҳо доллар мешавад. Агар пули ин ҳама аксро барои сохтани корхонаҳо ва эҷоди ҷои кор сарф мекарданд, зарурате набуд, ки гунаҳкорона ва сархамона аз Путин дархости авфи муҳоҷиронро кунад. Акси Раҳмонов дар тамоми кабинетҳо, толор ва даромадгоҳи мактабу идораҳо дар саросари биноҳои ҳар шаҳр, дар роҳҳои байни шаҳрҳо, хуллас ҷое нест, ки акси Рахмонро набинӣ…

Шояд фикр кардаанд ба ин тариқ муҳаббати мардумро нисбати шахси раисҷумҳур зиёд мекунанд. Аммо ҳар чизе зиёд шавад ва дар ҳар коре зиёдаравӣ шавад ҳатман боиси нафрат мегардад. Ин табиати зоти инсон аст, онро наметавон тағйир дод!

Ахиран хабари дигаре пахш шуд. Ҳоло мехоҳанд дар масоҳати 30 ҳектар боғе бунёд кунанд. Албатта ба номи Истиқлол онро пардапӯшӣ кардаанд. Дар асл ин гуна корҳо барои хушҳолии чандлаҳзаинаи Раҳмонов амалӣ мешавад. Талош доранд торихи кишварро ба номи ӯ пайванд зананд. Талоши беҳудае, ки тамоми худкомаҳо дар ҷаҳон анҷом додаву дар ниҳоят ба ҷое нарасидаанд ва ҳатто хидматҳояшонро ҳам дигар мардум фаромӯш кард.

Дар ин 30 ҳектар садҳо хонавода зиндагӣ мекунанд. Ҳамаи онҳоро бояд бо хона таъмин кунанд, ки ин кор садҳо миллион доллар харҷ дорад. Кӯчондану тоза кардани ин масоҳати 30 ҳектар ҳатман боз даҳҳо ва шояд садҳо миллион доллар харҷ дорад. Сохтани он боғ низ ҳатман боз садҳо миллион доллар ҳазина мебардорад. Як кишваре, ки аз назари рушди иқтисодӣ дар ҷадвалҳои тамоми созмонҳои ҷаҳонӣ дар радифи охиринҳо ва дар қатори нодортарин кишварҳои қораи Африқо қарор дорад, чи зарурате ҳаст, ки барои сохтани боғе ин ҳама ҳазина кунад? Охир чаро намешавад аввал бо ин ҳама харҷ чандин корхона созӣ ва мардуматро ба ҷои кор таъмин кунӣ ва баъд вақте аз ин корхона даромад гирифтӣ ҳар ғалате дилат бихоҳад бикунӣ ва ҳар гуна боғе бисозӣ?!

* * *

Ташхис

Ҳамаро набояд ё сафед ё сиёҳ дид. Дар ин маврид пештар навишта будам. Мебинам ҳамчунон зарурати ёдрасиаш вуҷуд дорад.

Ҳукуматро ва он ҳам ҳукумати худкомаву хонаводагиву фасодзадаро танқид кардан душманӣ бо миллат ва давлат нест. Балки камоли миллатдӯстӣ ва ватанхоҳӣ аст. Як ҳукумати нокоромад ва зиддитоҷикӣ, ки манфиати як хонаводаро аз ҳама чиз боло гузошта дар кишвар ҳар ғалате хоҳад анҷом медиҳад ва онро гуфтан ва ҳатто истеъфояшро талаб кардан аслан камоли ватандӯстӣ аст.

Ахиран яке аз раҳбарони гурӯҳҳои мухолиф бидуни зикри ном гуфт, ки “ба тазоҳурот даъват кардани баъзе бародарон иштибоҳ аст. Ҳанӯз фурсат нарасида ва вақташ шавад мо худамон даъват мекунем”. Дар ин миён ҳамин иддаои мо худамон даъват мекунем бароям ҷолиб буд. Магар кӣ ба шумо чунин ҳуқуқи истисноӣ дода? Ҳар тоҷик ва тоҷикистоние вақте дид беадолатӣ мешавад ҳуқуқ дорад садо баланд кунад ва пешниҳод намояд, ки мардум, саҳеҳтар бигӯям, бахше аз мардум эътироз кунанд, ҳоло он шакли эътироз ҳар гуна метавонад бошад.

Бояд фаромӯш накунем, ки тоҷик фақат аз ҳукумат бо Ҳизби халқи демкративу чор ҳизби дигари сохтаву фармонбардораш аз як сӯ ва Ҳизби наҳзат ҳамроҳ бо Паймони миллии Тоҷикистон ва чанд гурӯҳи мухолиф аз сӯи дигар иборат нест. Садҳову ҳазорон, балки милллионҳо нафари дигар ҳастанд, ки на бо ҳукумати зиддимардумӣ ҳастанд ва на ба гурӯҳҳои мухолифи ин ҳукумат. Онҳо бо мардумашон ҳастанд ва манфиатҳои мардумашонро аз манофеъ ва дидгоҳҳои гурӯҳиву ҳизбӣ боло мегузоранд.

* * *

Олуда
(Номҳое, ки зикрашон ва ба ёд оварданашон бӯи ганди хиёнат мепароканад)

Сироҷиддин, ки салафӣ, мавлавӣ, мулло ва эшон ҳам ба ин ном пайваст мекунанд ва барои ифротгароӣ чанд сол зиндонӣ буд.

Оятулло Гиляев, ки худашро собиқ узви Гурӯҳи 24 мегӯяд ҳамеша ва аксаран Шерек хитобаш мекунанд, ки иллаташро намедонам.

Меҳрубон Сатторов, ки низ худашро собиқ узви Гурӯҳи 24 медонад.

Умед Сатторов, ки худро собиқ узви Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон медонад.

Фирӯз Лоиқов, ки худро узви Гурӯҳи 24 мегӯяд.

Албатта метавон ин феҳрестро идома дод ва боз чанд номи дигарро овард. Аммо бар масали мушт намунаи хирвор, саҳеҳтараш наҷас кам бошад ҳам бӯяш атрофро фаро мегирад, иктифо мекунам.

Ин номҳоро баробари шунидан ҳар шахсе, ки аз торихи даҳ понздаҳ соли ахири кишвар хабар дорад, бидуни ихтиёр симои хиёнаткорро тасаввур мекунад. Ин номҳо дигар ҳамвазну таҷассумгари хиёнат ва номардиянд. Инҳо ба дӯстони худ, ба ҳамраҳони худ, ба ҳаммаслакони худ осон хиёнат карданд. Инҳо тарсуҳои беномусанд! Ҳукуматдорон ҳам гӯё инҳоро истифода мекунанд ва ба маҳзи гузаштани муҳлати масрафашон дур хоҳанд андохт.

(Тасаввур мекунед, ки чизро истифода кардаву дур меандозанд. Аз рӯи одоб нест, ки зикр кунам!) Аммо би ин ҳама вой бар ҳоли ин ҳукуматдорон, ки рӯзашон ба чунин бадномҳову хиёнатпешаҳо мондааст! Магар намедонанд, ки ин афрод ба дӯстони худ хиёнат кардаанд ва ҳатман дар лаҳзаи муносиб ба ҳукматиҳо ҳам хиёнат мекунанд. Як руспӣ бори аввал хиҷолат мекашад ва баъд ин кор барояш одат мешавад. Ин хиёнаткорҳо ҳам шояд вақте бори аввал ҳамраҳонашонро фурӯхтанд каме хиҷолат кашида бошанд, аммо ҳоло дигар фурӯхтан, бӯзигарӣ ва хиёнаткорӣ як одати доимияшон шудааст.

Хеле хандадор буд, ки ҳукумати Тоҷикистон аз ин бадномҳо истифода кардаву алайҳи ман ба фикри худашон як ҳуҷуми таблиғотиро роҳандозӣ кардаанд. Охир гапи инҳоро касе ба як пазиш намегирад! Чи тур мехоҳед ҳарфи хиёнаткор ба мардум асаргузор бошад?

Аммо агар барои ман таблиғ карданӣ ҳастед, хоҳишам ин аст, ки афродеро ёбед арзанда бошанд ва ба худу ҳаммаслаконашон хиёнат накарда бошанд, мардӣ, садоқат, ҷасорат ва арзишҳое аз ин дастаро бишносанд ва ба он арҷ гузоранд.

* * *

Охирсухан

Ё боз аз ТАЗОҲУРОТ

Кавданҳое иддао доранд, ки қонун вуҷуд дорад ва барои тазоҳурот бояд дархост нависӣ ва иҷоза бигирӣ. Ин ҳарф дуруст, фақат дар як кишваре бо низоми мардумсолорӣ ва қонунмеҳвар сидқ мекунад. Тоҷикистон як кишваре бо низоми диктотурӣ ва ҳукумати хонаводагӣ аст ва тамоми қонунҳоро зери по мекунад.

Ҳатто агар дархости гирдиҳамоӣ ё тазоҳурот ва эътироз ҳам карданд оё иҷоза медиҳад? Ба ҳеч ваҷҳ! Ҳанӯз эътироз ношуда онро талош барои барҳам задани амнияту субот ва ҷангталаби арзёбӣ кардаву ҳукм содир намудаанд! Пас, касе дархост диҳад ҳатман мебарандаш зиндон ё нобудаш мекунанд. Оё таи бист соли охир ҳеч гирдиҳамоиро иҷоза доданд?

Аслан як нуктаро ин ҷо таъкид мебояд. Эътироз, гирдиҳамоӣ ва тазоҳурот ҳатман ба маънои ҷангу хунрезӣ нест. Баҳонаву далел овардани оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-и асри гузашта ҳам дигар ба дард намехӯрад ва ин матарсак дигар кӯҳна шудааст. Миллатро ҳам дигар бо ин гуна иддаоҳо таҳқир накунед! Агар ҳукумат хунхор набошад, золим набошад, диктотурӣ ва саркӯбгар набошад, ба ҳеч ваҷҳ гирдиҳамоӣ, тазоҳурот ва эътироз ба ҷангу беназмиву хунрезӣ намеанҷомад. Мардум ҳаққи худро талаб мекунад. Ҳукумат онро қонеъ мекунад ё далели мантиқии қонеъ накарданашро мегӯяд ва мардум меравад ба хонаҳояш!

Вакте онҳоро авбош мепиндоред ва бо зӯри пулису артиш ба сараш меборед, ҳатман вокуниши тунд хоҳад кард. Ҳар ҳукумате дар симои эътирозгарон ва мунтақидон ҷангталабу пархошҷӯро мебинад, он ҳукумат душмани мардумаш ва зиддимииллӣ аст ва ҳуқуқи маьнавии сари қудрат монданро надорад.

Барои баргузории гирдиҳамоӣ ва эътирози мусолиматомези мардум бояд ҳамеша шароит фароҳам овард ва ҳукумат бояд ба ҳарфи мардум гӯш кунаду хатоҳояшро ислоҳ кунад, то як рӯз мардум аз диктатураву зулму беадолативу фасоду инҳисорталабиву хешутаборгароии ҳукуматдорон безор шудаву ба охири хат нарасад…

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: