Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (366)

Муртад шудани котиби ваҳй ба сабаби он ки партави ваҳй бар ӯ зад, он оятро пеш аз Пайғомбар саллалоҳу алайҳи ва саллам бихонд, гуфт: пас ман ҳам маҳалли ваҳйам. (7)

* * *

Фалсафӣ мар девро мункир шавад,

Дар ҳамон дам сухраи деве бувад.

Он фалсафӣ, ҳамон дам, ки вуҷуди дев (шайтон)-ро инкор мекунад, дар ҳамон лаҳза мағлубу мақҳури дев аст. (Зеро агар ӯ мақҳури деву шайтон набуд, чунин инкоре низ изҳор намекард. Ин инкорҳо ва лаҷоҷатҳои ӯ маълули васавасаҳои деви нафсонии ӯст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.946))

Гар надидӣ девро, худро бибин,

Беҷунун набвад кабудӣ бар ҷабин.

Агар ту, эй фалсафӣ, девро надидаӣ, пас ба худ нигоҳ кун, зеро агар касе бар пешониаш кабудӣ бошад, яъне лаккае аз ҷароҳат бар пешониаш нақш баста бошад, нишон медиҳад, ки ӯ дучори саръу ғаш шуда ва сарашро бар санг кӯфтааст.

Нукта: Кабудӣ бар пешонӣ, киноя аз осори куфру инкор аст, ки дар симои фалсафӣ намоён мешавад. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.257)

Ҳар киро дар дил шаку печонӣ аст,

Дар ҷаҳон ӯ фалсафий пинҳонӣ аст.

Ҳар кас дар дилаш шакку тардид аст, чунин шахсе дар ин ҷаҳон, ниҳонӣ фалсафӣ аст.

Печонӣ: эътироз, шакку тардид.

Нукта: Касе, ки дар суханони асрору маориф ба мартибаи яқин нарасидааст ва аз вуруди эътирозоту шукуку шубаҳот роҳи халос надида, дар ботин фалсафӣ ва мункир аст, агарчи ба зоҳир мӯъмину мӯътақид бувад. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.257)

Менамояд эътиқоду гоҳ-гоҳ,

Он раги фалсаф кунад рӯяш сиёҳ.

Шахси фалсафӣ мумкин аст гоҳ-гоҳе ақидае мувофиқи аҳли дил бар забон оварад, вале билохира раги фалсафии ӯ ба ҷунбиш дармеояд ва ӯро расвову сияҳрӯ месозад.

Алҳазар, эй мӯъминон, к-он дар шумост,

Дар шумо бас олами бемунтаҳост.

Эй мӯъминон! Ҳазар кунед, ки хӯйи фалсафӣ дар шумо вуҷуд дорад, яъне заминаи руҳӣ ва фикрии тафалсуф ва қиёсоти ақлӣ ва истидлолоти назарӣ дар шумо ҳаст, вале ин нуктаро низ таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки дар вуҷуди шумо, оламе бас бузургу бекарон вуҷуд дорад..

Нукта: Мисроъи дуввум назар дорад ба ин фармоиши мансуб ба Алӣ (а):

أتزعم أنّك جرمٌ صغيرٌ

وفيك انطوى العالم الأكبر

Оё пиндоштаӣ, ки ту колбаде хурдӣ? Чунин нест. Балки дар вуҷуди ба зоҳир ночизи ту ҷаҳони бузург мунтваӣ шудааст.”

Ҷумла ҳафтоду ду миллат дар ту аст,

Ваҳ, ки рӯзе он барорад аз ту даст.

Ҳамаи ҳафтоду ду миллат дар вуҷуди туст, яъне заминаи ихтилофоту ситезаҳои фирқаӣ дар ҳамагон вуҷуд дорад, ва битарс аз ин ки ин заминаҳо рӯзе дар ту зоҳир шавад ва ба феълият бирасад.

Нукта: Акбарободӣ дар бораи мисроъи дуввум гӯяд: “Битарс аз ин ки шакку шубҳаву эътирози беҷо дар амре аз умури маориф, бар ту ворид шавад.” (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.257)

Мисроъи аввал низ ишора ба “Ҳадиси тафриқа” дорад. Санади ин ҳадис, бо ихтилофи ривоёт, ба Абӯҳурайра мерасад. Ин ҳадисро аз Паёмбар (с) нақл кардаанд, ки фармуд: “Уммати ман ба ҳафтоду ду фирқа тақсим мешаванд.” Бархе аз арбоби фирақу ниҳал чун ба зоҳири ин ҳадис тамассук кардаанд, кӯшидаанд то ба таври тасаннуъӣ фирқаҳои исломиро ба ҳафтоду ду фирқа бирасонанд. Аз ҷумлаи инон аст Абдулқоҳири Бағдодӣ дар китоби “Алфарқу байнал-фирақ” (с.9-10). Лекин бо фарзи сиҳҳати интисоби ин ҳадис ба ҳазрати Хатмимартибат (с) ва адами таҳрифи он, бояд гуфт, ки зикри адад дар ин ҳадис далолат бар касрату муболиға дорад ва манзур ин аст, ки пас аз он ҳазрат (с), мусалмонон ба фирқаҳо ва дастаҳои бисёре тақсим мешаванд на фақат ҳафтоду ду фирқа. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.948)

Ҳар кӣ ӯро барги он имон бувад,

Ҳамчу барг аз бими ин ларзон бувад.

Ҳар кас, ки барги он имонро дошта бошад, яъне имон дошта бошад, ки дар рӯзи ҷазо ботини ҳамаи одамиён ошкор хоҳад шуд, ӯ аз тарс монанди барги дарахат ларзон мешавад.

Бар Билису дев аз он хандидаӣ,

Ки ту худро неки мардум дидаӣ.

Ту барои ин ба Иблису шайтон хандаҳои тамасхуромез задаӣ, ки худро беҳтарини мардум донистаӣ.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: