Перейти к содержимому

Зуҳури популизми миллигароёна

Ба қалами Элфрин С. Круз (Elfren S. Cruz) дар нашрияи Philstar

Элфрин С. Круз (Elfren S. Cruz), устоди мудирияти истротежик ва аз аъзои депортумони тавсиъа ва мудирият дар Маркази тавсиъа ва таҳқиқоти бозаргонии DLSU аст.

Имрӯз дар бисёре аз нуқоти ҷаҳон — ҳамчун Иёлоти Муттаҳида, Туркия, Бразил, Лаҳистон (Полша), Маҷористон (Венгрия), Ҳинд, Исроил ва Итолиё — як ҷараёни сиёсии навзуҳур мушоҳида мешавад. Ин ҷараёни сиёсӣ популизм номида мешавад, ки ин гуна таъриф мешавад: “Рӯйкарде сиёсӣ дар талош барои расидагӣ ба мардуми оддӣ ва нигарониҳои онҳо, ки аз сӯи гурӯҳи нухбагони ҳоким нодида гирифта шудааст.”

Ин рӯйкарди сиёсии қадимӣ аст, аммо дар рӯйкарди ҷадид, популизм бо навъе миллигароӣ таркиб мешавад, ки бо ҳувиятсозӣ бар мабнои “миллият” ҳамроҳ аст ва аз нодида гирифтан ё эъмоли ранҷ бар дигар миллатҳо ҳимоят мекунад.

Ин навъи ҷадид аз рӯйкарди сиёсӣ “популизми миллигароёна” номида шудааст. Ин рӯйкарди сиёсӣ ҳеч идеулужие надорад; ба ин далел, ки шохисаҳои чапу рост ҳамзамон дар он дида мешавад, ки гоҳо бо якдигар дар таноқуз ҳастанд.

Таъриф кардани ин навъ аз популизм душвор аст; ба ин далел, ки бештари раҳбароне, ки чунин сиёсатеро дар пеш гирифтаанд, ҳозир нестанд аз ин вожа барои таърифи рӯйкарди сиёсии худ истифода кунанд. Бо ин ҳол, популисти маъмулӣ маъмулан аз “мардум” ба унвони як нерӯи хуб ёд мекунад ва хеле содда саъй дорад, ки намояндаи ин нерӯ, ки онро “аксарияти хомӯш” меномад бошад.

Онҳо мафҳуми дигаре ҳам таҳти унвони “душмани миллат” доранд, ки ҳамон “нухбагон” ҳастанд ва фосиду худхоҳ ба шумор мераванд. “Нухба” дар ин рӯйкарди сиёсӣ ҳамон ниҳодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва расонаҳое аст, ки умдатан ҳамчун гурӯҳе ба тасвир кашида мешавад, ки манофеи худро аз манофеи “мардум” болотару муҳимтар медонанд.

Гуфта мешавад, ки зуҳури миллигароӣ дар ҳақиқат шӯриш алайҳи ҷаҳонисозӣ аст. Ва низ гуфта мешавад, ки афзоиши нобаробарии даромад, омили шӯриш алайҳи нухбагон аст. Популистҳо мегӯянд, ҷаҳонисозӣ танҳо ба нафъи афроди хеле сарватманд аст дар ҳоле, ки афзоиши нобаробарии даромад нишонае далоаткунанда бар ин масъала аст, ки нухбагон аҳаммияте ба “аксарияти хомӯш” намедиҳанд.

Ин вазъият дар кишварҳое, ки аз рушди иқтисодии болое бархӯрдоранд ва афзоиши шумори милёрдерҳоро шоҳид ҳастанд, вахимтар аст ва нобаробариро бештар нишон медиҳад. Барои ҳазорон нафаре, ки соатҳо дар пиёдарав дар интизори савор шудан бар васоили нақлияи умумӣ мунтазир мемонанд, бояд тамошои лимузинҳое, ки ронанда доранд, дарднок бошад.

Замоне ин масъаларо бо бархе аз дӯстони сарватмандам матраҳ кардам, онҳо дуруст ҳамон посухеро доданд, ки хосси нухбагон буд. Яке гуфт: “Воқеан? Ҳаргиз ба ин масъала таваҷҷӯҳ накарда будам.” Дигаре гуфт: “Мутмаин ҳастам, ки онҳо ба ин вазъият одат хоҳанд кард.” Ва як нафари дигар ҳам гуфт: “Тақсири ман нест, ки ман сарватманд ҳастам ва онҳо нестанд.”

Дар тарафи мусбати популизм афроде қарор доранд, ки ҳақиқатан ноумедӣ ва нигаронии худро дар бораи як зиндагии беҳтар барои худ ва фарзандонашон баён мекунанд. Аммо суол ин аст, ки популизм тарафи торик ҳам дорад? Пррфессор Ҷон-Вернер Мулер (Jan-Werner Muller), аз устодони донишгоҳи Принстон, ин масъаларо ин гуна тавзеҳ медиҳад:

Популизм гоҳе вақтҳо сирфан интиқод аз нухбагон қаламдод мешавад. Агарчи дуруст аст, ки популистҳо замоне, ки опозисиюн бошанд, аз давлатҳои ҳоким ва дигар аҳзоб интиқод мекунанд. Аммо масъалаи муҳимтар ин аст, ки онҳо иддао мекунанд, ки фақат худашон намояндаи мардуми ҳақиқӣ ё аксарияти хомӯш ҳастанд. Аз ин рӯ, популистҳо ҳамаи онҳоеро, ки қудратро дар даст доранд номашрӯъ медонанд. Аз ин назар, шикоятҳои популистҳо ҳамвора асосан шахсӣ ва ахлоқӣ аст. Мушкили онҳо ҳамвора ин аст, ки душманонашон “фосид” ҳастанд. Аз ин назар, популистҳо ҳақиқатан зидди ташкилоти созмонӣ ба шумор мераванд. Аммо популистҳо онҳоеро, ки тарафашонро намегиранд, мавриди интиқод қарор медиҳанд ва ”ғайриқобили эътимод” мехонанд ва мегӯянд, онҳо бахше аз мардуми воқеӣ нестанд: онҳо ғайри омрикоӣ, ғайри лаҳистонӣ, ғайри туркӣ ва ғайра… ҳастанд. Мардумсолорӣ сирфан нухбагон ва муассисотро ҳадаф намегирад, балки ба тафаккури чандҳизбии сиёсӣ (плюрализми сисёӣ) ҳамла мекунад. Ин зиддияти онҳо бо таъаддуди ҳизбӣ то андозае иллати ин ки чаро раҳбарони популист агар ба қудрат бирасанд, кишварҳои худро ба самту сӯи истибдод пеш мебаранд, тавзеҳ медиҳад. Далели ин ки бо дастгоҳи қазоии мустақил ва расонаи озод ҳам бархӯрди хубе надоранд, ҳамин аст. Чунин раҳбароне ҳамаи интиқодҳоро радд ва иддао мекунанд, ки сирфан дар ҳоли иҷрои иродаи мардум ҳастанд. Онҳо ба дунболи даргирӣ мегарданд ва даргирӣ эҷод мекунанд. Сармашқи сиёсии онҳо асосан як ҷанги фарҳангӣ аст. Онҳо ба навъе ҳамаи суолоти мавҷудро ба суол дар бораи таъаллуқ доштан поён мебаранд: ҳар касе, ки бо онҳо мухолифат кунад, душмани мардум хонда мешавад.”

Тромп дар бисёре маворид аз иборати “ҷаҳонисозигароҳои гуруснаи фосид” истифода карда ва ҳатто як мартиба ҳам гуфтааст: “Медонед, онҳо як калима доранд, ки каме ҳам қадимӣ шудааст, ва он, миллигарост… Медонед, ман чӣ ҳастам? Ман як миллигаро ҳастам” — ва ҷамъияти ҳозир низ бо фарёдҳои “Иёлоти Муттаҳидаи Омрико” посух додаанд. Дар мунозироти Брегзит дар Бритониё ҳам ҳомиёни ҷудоӣ аз Иттиҳодияи Урупо, аз миллигароӣ ва лузуми бозпасгирии тамомияти арзии кишварашон дам заданд. Замоне буд, ки афроде ҳамчун Клору М. Ректу (Claro M. Recto) ва Лурензу Тонодо (Lorenzo Tañada) барои миллигароиашон мавриди тамҷид қарор мегирифтанд, аммо имрӯз дар бораи ин вожа шакку тардидҳои зиёде вуҷуд дорад.

Агар омилҳои муассир дар зуҳури популизм яъне афзоиши нобаробарии даромад ва ҷаҳонисозӣ, ки танҳо ба нафъи як иддаи андак тамом мешавад, ҳамчунон идома ёбанд, он гоҳ барои барканории як раҳбари популист бо зуҳури як раҳбари популисти дигар ба унвони ҷойгузине барои ӯ, ҳамроҳ хоҳад шуд. Афроде ҳастанд, ки пешбинӣ кардаанд, ки дар оянда таҳти султаи ҳуши маснуӣ ва алгоритмҳо милюнҳо нафар аз афроди ғайри мутахассис ва ғайри ҳирфаиро аз кор барканор хоҳанд кард ва ин метавонад ба ин маънӣ бошад, ки раҳбарони популисте, ки худро намояндаи аксарияти хомӯш медонанд, қавитар хоҳанд шуд.

Танҳо бахт барои халосӣ аз ин шароит ин аст, ки ренусонси нухбагонеро шоҳид бошем, ки манофеи шахсии худро дар роҳи як ҳадафи муштарак қурбонӣ кунанд; дар чунин ояндае ниҳоятан нухбагонеро шоҳид хоҳем буд, ки дарк мекунанд башардӯстии хайрия кофӣ нест ва он чи ки мавриди ниёз аст, ҷаҳоне аст, ки барои ҳар хонаводае зиндагии бокайфиятро ба армуғон оварад. Ин ки чунин ҷаҳоне воқеан таҳаққуқ ёбад, дар ҳадди як руъёст, аммо он замон аст, ки мешавад поёни популизми миллигароёнаро шоҳид буд.

Philstar

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: