Перейти к содержимому

Малик ва Укройн (танз)

(Ба тақлид аз ҳикоятҳои “Гулистон”-и Саъдӣ)

Яке аз мулуки Аҷамро ҳикоят кунанд, ки ба наздики сӣ сол бар билоде ҳукумат ронда ва дар он муддат дасти татовул ба моли раъият дароз намуда ва ҷавру азият карда. Халқ аз макоиди феълаш роҳи ғурбат гирифта ва ба ҷаҳон пароканда шуда буданд; баъзе аз курбати ҷаври ӯ паноҳ ба Урупо оварда ва баъзе дигар аз барои ёфтани қуте лоямут рӯй ба Русия намуда буданд.

Ва чун раъият кам шуд ва хизона тиҳӣ монд, малик чора дар ин дид, ки бар молиёт бияфзояд ва қимати “интернет” боло бибарад, то ҳам хизона пур бишавад ва ҳам ҷайби мақомот пур.

Боре ба маҷлиси ӯ сухан аз шӯру ҳаяҷони мардуми Укройн ва таъассуби онҳо бар миҳанашон рафт. Ҳакиме дар он маҷлис ҳозир буд; маликро пурсид:

— Ҳеч тавон донистан, ки мардуми мамлакати Укройн чӣ гуна аз шӯру нишот бархӯрдоранд ва бар миҳанашон мутаъассиб?

Малик гуфт:

— Мӯҷиби шӯру нишоти ин мардум ва таъассуби эшон бар миҳанашон чӣ бошад?

Ҳаким гуфт:

— Подшоҳони он мамлакат пойбанд ба қонун бошанд; бо раъият бар тибқи қонун рафтор намоянд ва дасти татовул ба моли раъият дароз накунанд ва ҳаргиз ҷавру ситам бар онҳо раво надоранд, ба хусус он ки нишемангоҳи эшон бар курсии подшоҳӣ начаспад, балки дар ҳар як аз чаҳор сол интихоботе баргузор гардад ва подшоҳ бо раъйи мардум баргузида шавад.

Бинобар ин, маликро савоб он бошад, ки сирати подшоҳони Укройн пеша кунад, то халқ шӯру нишот ёбанд ва мамлакат тақвият гардад.

Накунад ҷаврпеша султонӣ,

Ки наёяд зи гург чӯпонӣ.

Подшоҳе, ки тарҳи зулм афканд,

Пойдевори мулки хеш биканд.

Маликро панди ҳакими носеҳ мувофиқи табъ наёмад, рӯй аз ин сухан дарҳам кашиду ба зиндонаш фиристод.

Басе барнаёмад, ки мухолифини малик қувват гирифтанд ва раъият, ки аз дасти татовули ӯ ба ҷон омада буданд ва парешон шуда, бар мухолифин гирд омаданд ва тақвият карданд, то мулк аз тасарруфи ин бадар рафт ва бар онон муқаррар шуд.

Подшоҳе, к-ӯ раво дорад ситам бар зердаст,

Дӯстдораш рӯзи сахтӣ душмани зӯровар аст.

Бо раъият сулҳ кун в-аз ҷанги хасм эмин нишин,

З-он ки шоҳаншоҳи одилро раъият лашкар аст.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: