Перейти к содержимому

Зелинский хостори ташдиди таҳримҳо ва фишорҳо алайҳи Русия шуд

Раисиҷумҳури мунтахаби Укройн дар вокуниш ба иқдоми ҷадиди раисиҷумҳури Русия дар бораи Донбасс, хостори ташдиди таҳримҳо ва фишорҳо алайҳи Русия шуд.

Владимир Зелинский, раисиҷумҳури мунтахаби Укройн, дар баёнияе дар бораи иқдоми раисиҷумҳури Русия дар бораи эътои гузарномаи русӣ барои сокинони манотиқи шарқи Укройн гуфт: “Укройн тамоми талоши худро хоҳад кард, то аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар Донбасс ҳимоят кунад.”

Зелинский ҳамчунин дар ин баёния, хостори ташдиди таҳримҳо ва фишорҳо алайҳи Русия шудааст.

Аз сӯи дигар Петро Порошенко, раисиҷумҳури кунунии Укройн, дар вокуниш ба иқдоми Русия эълом кард, ки Русия дар ҳоли фурӯ рехтани раванди сулҳ дар Донбасс аст.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, имрӯз (чаҳоршанбе, 24 апрел), бо имзои ҳукме, раванди касби шаҳрвандӣ ва гузарномаи русиро барои сокинони манотиқи шарқи Укройн осон кардааст.

Тибқи дастуре, ки Путин имзо кардааст, вазири дохилаи Русия муваззаф аст тақозоҳои сокинони манотиқи истиқлолталаби шарқи Укройнро зарфи се моҳ пас аз таҳвил мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Кремлин дар баёнияе гуфта ҳадафи Путин аз эъмоли тадобири ҷадид “ҳифзи озодиҳои башарӣ ва маданӣ”-и ҳудуди 3.7 миллюн аз сокинони ин манотиқ будааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: