Перейти к содержимому

Тӯфони ғазаб; аз баргашти Эмомалӣ Раҳмон то ғофилгир шудани КДАМ

Гузориши Раҳмати Набизода

Шоми 23-юми апрел сомонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон хабари бекор кардани нархномаҳои нави интернетӣ ва дигар хадамоти алоқаро нашр кард.

Қарори боло бурдани нархи интернет дар Тоҷикистон, аз ҷониби дастгоҳи раисиҷумҳур ва мақомотии қудратӣ дар як ҷаласаи пушти парда омода шуда, иҷроишаш ба дӯши хадамоти зидди инҳисорӣ вогузор гардида буд.

Аз рӯзи оммавӣ шудани ин хабар, вокунишҳои зиёд аз дохилу хориҷи кишвар ба он шуд. Норизогии оммавӣ, таҳлилҳои коршиносон аз дохилу хориҷи кишвар дар аввал ба инобат гирифта нашуд. Қарор қабул ва ҳукми он аз тарафи ширкатҳои мобилӣ ба иҷро даромад. Ва чанд рӯзе ҳам ин қарор амалӣ гардида, фабрикаи ҷавоб ва дигар сохторҳо дар бораи зарарҳои интернет сухан гуфта ва аз болоравии он дар кишвар ҷонибдорӣ мекарданд ва кӯшиш мекарданд, ки мардумро мутмаин созанд, ки ин қарор ба нафъи онҳост.

Аммо дирӯз бо як имзои Эмомалӣ Раҳмон, он ҳам баъди нисфирӯзӣ, ин қарор бекор шуд. Ва гурӯҳе, ки ин корро мехостанд амалӣ кунанд, шадидан асабонӣ шуданд, ки чаро ба фарқ аз ҳаводиси гузашта Эмомалӣ Раҳмон зуд ин қарорро бекор кард?

Аммо сабаби он ки Раҳмон ин қарорро бекор кард, ин аст, ки ӯ аз ҷониби яке аз наздиконаш номаеро дарёфт мекунад, ки то ба майдон рехтани як гурӯҳ ҷавонон, танҳо як қадам мондааст. Гурӯҳе аз ҷавонон аз шаҳрҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор, Турсунзода, Варзоб ва шаҳри Душанбе омадагӣ дида, мехостанд субҳи 25-уми апрел дар назди хонаи раисиҷумҳур ҷамъ омада даст ба тазоҳурот зананд. Соатҳои ҷамъшавӣ, шиорҳо ва номи ин тазоҳурот бо номи “ТӮФОНИ ҒАЗАБ” омода шуда буд.

Шоми 21 апрел дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Душанбе намояндаи ин ҷавонҳо бо яке аз наздикони раисҷумҳур вохӯрӣ карда номаеро бо ин мазмун ба ӯ медиҳад, ки мустақиман ба Эмомалӣ Раҳмон бирасонад, то аз ин иқдом даст бикашад ва пеши роҳи онро бигирад, вагарна то рӯзи 25 апрел якчунин иттифоқе рух хоҳад дод.

Пас аз он ки нома ба Эмомалӣ Раҳмон мерасад, сараввал гумон мекунанд, ки ин ҳамон гурӯҳи ҷавононе ҳастанд, ки мехоҳанд бо ҷамъоварии имзо, ба раисиҷумҳур, парлумон ва дигар сохторҳо муроҷиат кунанд. Аммо баъд аз тафтиш маълум мегардад, ки ин на он ҷавонон, балки гурӯҳи дигаре аз ҷавонон ҳастанд, ки дар давоми 5 рӯз омода шуда бо эълони “ТӮФОНИ ҒАЗАБ” бо шиору овезаҳо, паҳн кардани варақаҳо ба майдон мерезанд.

Дар вохӯрии дуюм он шахсе, ки номаро ба Эмомалӣ Раҳмон мерасонад, бо яке аз мушовирони Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи гурӯҳи ҷавонон вохӯрӣ анҷом дода ваъда медиҳад, ки ин қарор бозбинӣ мешавад. Меҳвари сӯҳбати охир ва таъсирбахш будани ин иқдом, ғофил будани КДАМ аз он будааст. Дар охир ба хулосае меоянд, ки набояд ин иқдом расонаӣ ва мазмуни нома ба дасти расонаҳо бирасад.

Манбаъе, ки аз ин ҳодиса иттилоъ ёфтааст, мегӯяд: танҳо аз шаҳри Ваҳдат 185 нафар дар он барои ширкат омодагӣ доштаанд. Ин ҳаводис дар баргашти Эмомалӣ Раҳмон ва тимаш аз он қарор нақши калидӣ доштааст.

Раҳмати Набизода, махсус барои Кимиёи саодат

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: