Перейти к содержимому

Ифшои номаи Саддом ба Рафсанҷонӣ аз сӯи Руҳонӣ

Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, рӯзи гузашта муҳтавои номаи Саддом Ҳусайн ба Ҳошимии Рафсанҷониро фош кард. Вай гуфт, Саддом аз Эрон хоста буд, ки ба ӯ дар ишғоли кишварҳои халиҷи Форс дар баробари дастёбӣ ба ҳар хостае, кӯмак кунад.

Руҳонӣ гуфт: “Агар тасмимоти ҳакимонаи раҳбар ва раисиҷумҳури он замони Эрон набуд, алъон Кувайт, Аморот, Арабистон ва Қатар вуҷуд надошт. Адами ишғоли Арабистон ва Аморот аз сӯи Саддом Ҳусайн, ба далели ҳикмат, дироят ва ақлонияти эрониҳост.”

Ҳасани Руҳонӣ бо ишора ба ин ки имрӯз аз равобити бисёр хубе бо аксари ҳамсоягони худ бархӯрдор ҳастем, изҳор дошт: “Танҳо яке ду кишвар вуҷуд доранд, ки онҳо низ бояд мутаваҷҷеҳи аъмолу рафтори худ бошанд. Арабистон ва Аморот бояд бидонанд, ки вуҷуд ва бақояшон дар сояи тасмими хирадмандонаи ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Чунончи сарони низоми исломӣ ва бузургони кишварамон ва раҳбарӣ ва марҳуми Оятуллоҳ Ҳошимӣ тасмимоти дақиқеро дар мақтаъе, ки Саддом ба Кувайт ҳамла кард, нагирифта буданд, имрӯз асаре аз ин кишварҳо вуҷуд надошт.”

Руҳонӣ афзуд: “Замоне, ки Саддом қасд дошт ба Кувайт ҳамла кунад, аз мо хост ё кӯмак карда ва ё сукут кунем ва тасмими Саддом сирфан гирифтани Кувайт набуд ва дар номае, ки ба марҳум Ҳошимӣ навишта сароҳатан эълом карда, ки дар халиҷи Форс 800 километр марзи муштарак хоҳем дошт. Ва ин нишон медиҳад, ки Саддом илова бар Кувайт, ба дунболи ишғоли Арабистон, Умон, Аморот ва Қатар ҳам буд.”

Раисиҷумҳури Эрон хитоб ба Арабистон ва Аморот афзуд: “Саддом дар он мақтаъ мудом паёмҳо ва дархостҳои мутаъаддиде ирсол мекард, ки кишварҳои ҳошияи халиҷи Форсро ишғол хоҳад кард ва шумо низ биёед шарик шавед. Лизо, кори бузургеро, ки ҳокимияти хирадмандонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар он шароит кард, набояд фаромӯш кунед.”

Руҳонӣ хотирнишон кард: “Ин Ҷумҳурии Исломии Эрон буд, ки Арабистонро наҷот дод ва агар тасмими дигаре дар он мақтаъ гирифта будем, чӣ басо имрӯз асаре аз Арабистон ва Аморот вуҷуд надошт.”

Раисиҷумҳури Эрон изофа кард: “Аввалин кишваре будем, ки ҳамлаи Саддомро ба Кувайт ҳатто қабл аз Арабистон ва Аморот ва Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс маҳкум ва баёнияи сареҳу қотеъонае дар ин замина мунташир кардем.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: