Перейти к содержимому

Шибҳиқорраи Ҳинд; чаро форсӣ ҷояшро ба забони ангилисӣ дод?

Имронхон ахиран дар Теҳрон гуфт: “Агар ангилисиҳо дар қарни 19-ум ба Ҳинд наомада буданд, ниёзе ба мутарҷим надоштем, ҳамаи мо ба форсӣ сӯҳбат мекардем. Форсӣ барои 600 сол забони расмӣ дар Ҳинд буд.”

Ба қалами Ризо Муҳаммадӣ дар вебгоҳи ВВС форсӣ

Имрӯза хелеҳо мепурсанд, чӣ тавр шеъри Ҳофиз тӯтиёни ҳиндиро дар қарни 8 ҳиҷрӣ шакаршикан мекарда, агар бидонанд, ки шеъри Ҳофиз хонандагони бештаре дар Ҳиндустон дошта, шояд таъаҷҷуб кунанд.

Шакаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд,

З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.

Барои ин, вақте Имронхон, нахуствазири Покистон, дар бораи забони форсӣ дар шибҳиқорра дар сафари ахираш ба Теҳрон сӯҳбат кард ва гуфт: “Агар ангилисиҳо дар қарни 19-ум ба Ҳинд наомада буданд, ниёзе ба мутарҷим надоштем, ҳамаи мо ба форсӣ сӯҳбат мекардем. Форсӣ барои 600 сад сол забони расмӣ дар Ҳинд буд”, хелеҳо ҳайрат карданд.

Аммо агар касе ба Ҳинду Покистон сафар кунад, мебинад ҳанӯз алорағми ин ки ба нудрат форсӣ сӯҳбат мешавад, номҳои форсӣ дар ҳамаи шибҳиқорраи Ҳинд зинда аст. Се қарн қабл аз Ҳофиз, яке аз бузургтарин шоирони форсӣ, Масъуди Саъди Салмон, дар Лоҳур мезист; ҳамон, ки яке аз зеботарини шеърҳои таърихро дар нустолжии шаҳри Лоҳур навиштааст.

Эй Лоҳур, вайҳак, бе ман чигунаӣ?

Бе офтоби равшан равшан чигунаӣ?

Ва албатта маъруфтарин ҳабсияи таърихи забони форсиро ӯ дар зиндон навиштааст, ки:

Нолам ба дил чу ной ман андар ҳисори Ной,

Пастӣ гирифт ҳиммати ман з-ин баландҷой.

Ҳамшаҳрии ӯ Ҳаҷвирии Ғазнавӣ, соҳиби “Кашфул-маҳҷуб”-ро ҳам ҳамаи алоқамандони ирфон мешиносанд, ва турфа ин ки охирин шоири бузурги шибҳиқорра, Иқболи Лоҳурӣ ҳам ҳамшаҳрии ӯ будааст.

Аммо дар байни ин ҳазор сол ҳазорон шоир, нависанда ва мунтақиду орифу донишманди форсигӯйи дигар, аксаран дар Эрон ношинохтаанд. Забоне, ки ҳазор сол дар шибҳиқорраи Ҳинд фарҳангу ҳунару андеша халқ кард, аммо як бора ҷояшро ба забони ангилисӣ дод.

Боғи Бедил дар Деҳлӣ

Фақат ангилисиҳо набуданд, ки забони форсиро дар Ҳинд ба водии фаромӯшӣ супурданд. Форсигӯён дар Эрон низ, чунин карданд, барои ҳамин, бисёреҳо ба шумули хеле аз донишҷӯёни адабиёти форсӣ дар Эрон, аз сарвати адабии форсӣ дар Ҳинд ғофил мондаанд, барои ин изҳороти Имронхон боиси шигифтзадагӣ шуд.

Забони форсӣ ба таври низомёфта тавассути Маҳмуди Ғазнавӣ ба Ҳинд ворид шуд ва баъд дар подшоҳии Путонҳо (Паштунҳо) забони расмӣ шуд. Дар Имперотурии 300-солаи муғулҳо, забони идорӣ ва аслии Ҳиндустон будааст. Шавоҳид нишон медиҳад, ки қабл аз ғазнавиён иддае дар бахши марказии Ҳинд ба забони форсӣ сӯҳбат мекарданд. Дар тайи ҳамаи ин замонҳо куллияи муровидот, мукотибот, номанигориҳо ва асноди давлатӣ, ки тавассути шоҳону дарбориён анҷом ва ба саросари ҷаҳон ирсол мешуд, ба забони форсӣ буд, ки мӯҷиби густариши ин забон шуд.

Яке аз се сабки умдаи шеъри форсӣ ба номи “сабки ҳиндӣ” мусаммост, агарчи дар давраи ифроти носиюнолисм, баъзеҳо ба ҷойи ҳиндӣ, ин сабкро “исфаҳонӣ” меноманд ва ҳамин носиюнолисми талх боиси фаромӯшии он ҳама мероси шигифти маърифатӣ ва адабӣ шуд.

Ҳиндиҳо мӯътақиданд, ки Ҳиндро шамшери Султон Маҳмуд форсизабон накард. Суханони Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки имрӯза зиёрати мисолии Тоҷикистон аст, форсигӯ сохт. Аз 110 ҷилд осори ин орифи бузург, ки ҳама ба форсӣ аст, ҳеч кадом дар Эрон мунташир нашуда; на “Захиратул-мулук”, ки нақшаи роҳи мудоро дар Ҳинд буда ва на ҳатто шеърҳояш.

Ҳамон тавр, ки “Маҷмаъул-баҳрайни Дорошукӯҳ” (китобе дар ягонагии Ҳинд ва ислом) ва тарҷумаи упонишодҳои ин шоҳи шигифт мунташир нашудаанд. Ҳамон тавр, ки шоирони бузурге чун Бедили Деҳлавӣ ва Воқифи Лоҳурӣ ва Мирзо Ғолиб ба тозагӣ кашф шудаанд. Ғании Кашмирӣ ҳамроҳ бо шоирони дигаре, ки рагу решае дар марзҳои Эрони имрӯз доштанд мисли Соиби Табрезӣ ва Калими Кошонӣ ва Урфии Шерозӣ ва Толиби Омулӣ ва ғайра зудтар пайдо шуда буданд.

Форсиёни Ҳинд машғули таҷлил аз Наврӯз

Ба ҷуз ҳазорон девони шеър, осори бисёре аз қабили ҳудуди 30 луғатномаи маъруфи форсӣ мисли “Бурҳони қотеъ” ва Онандроҷ дар шибҳиқорраи Ҳинд таълиф шудаанд. Китобхонаҳои умумӣ ва хусусии Ҳинду Покистон, ҳанӯз пур аз осори хаттии шигифти форсианд. Ба таври мисол, Китобхонаи Хонақоҳи Ганҷбахши Лоҳур, яке аз қиматитарин захоири осори дараҷаи яки хаттии форсӣ маҳсуб мешавад ва барои нусхашиносону муҳаққиқони форсӣ дар шибҳиқорра ҳанӯз ҳам марҷаъи аҳли таҳқиқанд.

Ба таври мисол, профессор Ориф Навшоҳӣ дар Лоҳур ва профессор Шариф Ҳусайн Қосимӣ дар Деҳлиро метавон ном бурд, ки ҳар ду дар солҳои ахир барои тадриси нусхашиносӣ ба “Урси Бедил”-и Теҳрон даъват шуданд.

Дар саросари Ҳинд беш аз 50 бахши забони форсӣ дар донишгоҳҳо ва колеҷҳо ба фаъолият иштиғол доранд. Беш аз як сад мадраса ва дабиристон фаъолона ба тадриси забони форсӣ мепардозанд. Дар аксари қариб ба иттифоқи мадориси суннатии исломӣ, забони форсӣ дар мутуни дарсӣ вуҷуд дорад ва ҳамаи уламо ва мударрисин бо девонҳои шуарои бузург ошноӣ ва улфат доранд. Аҳмади Фароз, машҳуртарин шоири мардумии шибҳиқорра, ки бо ин нигоранда дӯстӣ дошт ва ҳамин авохир даргузашт, ашъори форсии бисёреро дар ҳофиза дошт.

Нуктаи дигаре, ки дар бораи форсӣ дар Ҳинд ҷолиб аст, нақши муҳоҷирон ё фирориён ё ҳам тоҷирони эронӣ аст, ки баъдҳо дар Ҳинд сокин шуданд. Ба таври мисол, Шоҳзода Оқохон, имоми ҳозири исмоилияи ҷаҳон, аз аъқоби Имом Оқохони Маҳаллотӣ аст, ки аз Эрон табъид шуд. Онҳо алоқа ба забони форсӣ ва маорифи онро низ бо худ дар Ҳинд густариш доданд.

Ҳамон тавр, ки Ҷамъияти форисёни Ҳинд, ки зартуштиёни муҳоҷиранд ва ҷомеае сарватманд дар Ҳинд ба шумор мераванд, барои ин аҷиб нест, ки бигӯем ин муҳоҷирон ҳам дар нашри китобу рӯзномаи форсӣ ва ҳам дар иттифоқоти сиёсии Эрон, таъсироти муҳимме дар таърих доштаанд. Дар соли 1781 нахустин китоби форсии чопшуда дар Ҳинд бо унвони “Иншои Ҳеркерн” бо он чоп шуд ва дар соли 1788 китоби “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Ҳотифӣ бо кӯшишу тасҳеҳи Вилём Ҷунз ба унвони аввалин китоби адабии форсӣ ва нахустин китоби омӯзишии форсӣ низ ба соли 1792 бо унвони дарсҳои форсӣ ва ангилисӣ дар Калкатта чоп шуд.

Навиштаҳои форсӣ ҳанӯз дар Покистон аз чашмандозҳои ошност

Хеле пештар аз Эрону Афғонистон, шарқшиносоне, ки дар Кумпонии Ҳинди шарқӣ кор мекарданд, сиёсаташон ҳимоят аз забони форсӣ ба унвони мазҳари тамаддуни бумӣ буд. Барои ин гулчине аз осори муҳимми форсӣ таълиф, тасҳеҳ ва ба зевари чоп ороста шуданд. Ин даврони тилоӣ аммо дар 7-уми марти 1835 бо рӯйи кор омадани ҳукмрони ҷадид Сэр Чорлз Трулиён ба поён расид, бо ин дастур, ки беҳтар аст ҳиндиён саргарми адабиёту ҳунари урупоӣ шаванд. Бо ин ҳол чопи китобҳои форсӣ дар Ҳинд идома ёфт.

Рӯзноманигории форсӣ дар Ҳинд низ қидмате беш аз рӯзноманигории форсӣ дар Эрону Афғонистон дорад. Аз соли 1821 то оғози ҷанги ҷаҳонии аввал 19 рӯзномаи форсӣ дар Ҳинд мунташир мешудаанд. Барномаи форсӣ дар родиюи давлатии Покистон, ҳамин авохир ҷояшро ба арабӣ дод ва бад-ин тартиб, рақобатҳои сиёсии минтақаӣ, ки сояи шумашро бар сари ҳар чизе метавон дид, душмани ҷадиди забони форсӣ дар шибҳиқорра шуд.

Имрӯза низ, шибҳиқорраи Ҳинд ва албатта Покистон, ҷамъиятҳои форсизабони парокандае дорад, дар Ҳинд беш аз 140 шоири форсизабон тавассути Бунёди форсии Ҳинд шиносоӣ шудаанд, баъзе аз онҳо ҳатто 30-сола нашудаанд. Ҳамон тавр, ки Бунёди форсии Ҳинд, ки дуктур Акбаршоҳи Ҷаъфарӣ, устоди Донишгоҳи Деҳлӣ ва аз форсигӯёни кашмирӣ, риёсаташро бар ӯҳда дорад, имсол барои аввалин бор ҷоизаи китоби соли форсии Ҳиндро низ баргузор карданд, ба ривояти ӯ ҳар сол беш аз чанд сад китоби хуби форсӣ дар Ҳинд мунташир мешавад. Агарчи ба сахтӣ метавонанд дигар ҳомӣ пайдо кунанд.

Дар Покистон аммо, ҷамъияти форсизабони Кувита, Пешовар ва ҳатто Гилгит, ҷамъияте қобили таваҷҷӯҳ ҳастанд ва чӣ хуб, ки бар хилофи давлати Ҳинд, ки форсиро пас мезанад, давлати ҷадиди Покистон, аз он бо ин гармӣ ёду ҳимоят мекунад.

ВВС форсӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: