Перейти к содержимому

Ардуғон: “Ҷинояти ахир дар Срилонко ҳеч иртиботе бо ислом надорад”

Раисиҷумҳури Туркия дар суханоне гуфт, ки ҷинояти ахир дар Срилонко иртиботе ба ислом надошта ва як мусалмони воқеӣ дастонаш ба хуни бегуноҳон оғишта намешавад.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, рӯзи шанбе гуфт: “Ҷинояте, ки ахиран дар Срилонко рӯй дод, ҳеч иртиботе ба ислом надошта ва дар ростои аҳдофи касоне аст, ки ба дунболи машрӯиятбахшӣ ба исломҳаросӣ ҳастанд, назири он чизе, ки чанд ҳафта пеш дар Нюзиланд рӯй дод.”

Вай, ки дар ҷамъи аъзои Ҳизби адолат ва тавсиа дар Онкоро сӯҳбат мекард, афзуд: “Дастону қалби як мусалмони воқеӣ ба хуни бегуноҳон оғишта нахоҳад шуд.”

Раисиҷумҳури Туркия изофа кард: “Созмонҳои теруристӣ назири ДОЪИШ, Алқоъида, Букуҳаром ва Ашшабоб, ки номи исломро ядак мекашанд, вазифае ҷуз хидмат ба душманони ислом надоранд.”

Вай таъкид кард, ки раҳоии ҷаҳони ислом дар сояи аз байн бурдани ин созмонҳои теруристӣ буда, ки хуни мусалмононро ба суръат мемаканд.

Ардуғон ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, рӯйдодҳое, ки дар Судон рӯй медиҳад, бар асоси хостаҳо ва орзуҳои миллати ин кишвар бошад.

Якшанбеи гузашта дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона ва инфиҷори паёпайи ҳашт бомб дар чанд калисо ва ҳутели воқеъ дар Срилонко, 253 нафар кушта ва беш аз 500 тан маҷрӯҳ шуданд. Калисои “Сент Онтуни” дар минтақа Кӯччикода, калисои “Котувопитиё” дар минтақаи Котоно, ҳутелҳои “Шонгри-ло” ва “Кингебри” дар Кулумбу, аз ҷумлаи аҳдофи ин инфиҷорҳои теруристӣ буданд.

Гурӯҳи теруристии ДОЪИШ масъулияти ин инфиҷорҳоро бар ӯҳда гирифт. Пештар давлати Срилонко гурӯҳи маҳаллии “Ҷамоати тавҳид”-ро масъули ин инфиҷорҳо муаррифӣ карда ва гуфта буд, ин гурӯҳ ин ҳамалоти теруристиро бо кӯмаки як шабакаи байналмилалӣ созмондиҳӣ кардааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: