Перейти к содержимому

Саргузашти босмачиҳо (10)

(Ёддоштҳо ва хотираҳои Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон аз қиёми миллӣ-исломии босмачиён дар баробари болшевикҳо дар Осиёи Марказӣ)

Хева ва туркман

Пас аз барафтодани ҳукумати хонҳо дар Хева ва барқарории ҳукумати ҷавонон, дар аснои 1920, ибтидо Саъдуллоҳхоҷа Турсунхоҷаев ва баъд Ризо Шокиров – аз кумунистҳои миллигарои тотор – намояндагии ҳукумати Шӯравиро доштанд. Ҳоҷӣ Паҳлавон Ниёз Юсупов — раиси ҳукумат, Ҷумъаниёз Султонмуродов — вазири дохила, Мулло Бегҷон – вазири маориф ва Шайхуддин Ҳасанов (аз тоторҳо) – вазири ҷанг буд ва фармондеҳии гурдонеро, ки тоза ташкил ёфта буд, Қирғизов дошт.

Туркманҳо таҳти идораи Хон Ҷунайд мубориза мекарданд ва ҳукумати Хева дар канори русҳо бо онҳо меҷангиданд. Туркманҳо рустоҳои ӯзбакҳо ва қараколпоқҳоро вайрон мекарданд. Ҷамолпошшо дар аввалҳои октябр аз Тошканд 6 тан афсари турк (Ризвон, Ҳусайн Афандӣ ва дӯстонашон)-ро эъзом кард ва онҳо як мадрасаи низомӣ шомили дастаҳои пиёда, савора, тӯпхона ва мусалсалчӣ – ҳар кадом шомили 25 нафар ва дар маҷмӯъ 100 нафар – таъсис карданд (дар 7 декабр).

Дар ҳамин замон, бархе афсарон ва мураббиёни бошқир, ки худи ман (Закӣ Валидӣ) фиристода будам, дар заминаи кӯмак ба ҳукумати ҷавонон, саргарми фаъолият буданд. Дар моҳҳои ноябр ва декабр, дар вилоятҳое аз Хоразм, ки зери нуфузи Шӯравӣ ва туркманҳо буданд, шахсан ҳузур ёфтам ва дар роҳи оштӣ додани ӯзбакҳо ва туркманҳо кӯшидам ва муваффақ низ шудам.

Ва аммо русҳо, ки душмании ӯзбаку туркманро судманд медиданд, аз тарафе ба он доман мезаданд, ва аз тарафи дигар, Сафонов – фармондеҳи нерӯҳои русиро ба унвони намоянда ба Хоразм фиристоданд ва дар пайи он шуданд, то тамомии корҳоро ба даст гиранд. Дар 6 марти 1921, ҳукумати Паҳлавон Ниёзро ба номи ҳукумати “буржуоҳои миллигаро” сарнагун сохтанд ва бо ташкили Кумитаи ҳафтнафарӣ, зери назари Ҷаъфарберген Қӯчқоров иҷоза доданд, то аз Маҷмаи (Қурултойи) Шӯравӣ даъват ба амал ояд.

Дар кунгураи ёдшуда, ки дар декабр ташкил ёфта буд, Ато Махдум раисиҷумҳур, Темурхоҷа Ибнияминов ё Яминӯғлӣ (ин шахс аз авлоди Хоҷа Сулаймон Боқирғонӣ, аз шахсиятҳои қадимӣ аст) раиси Шӯрои вазирон, Мулло Бекҷон сардафтари раисиҷумҳур, Миршарапов вазири ҷанг ва Ирматов вазири дохила шуданд. Ин ҳукумат бо туркманҳо қарордоди сулҳ баст. Давраҳои омӯзиши низомӣ ба таври мудовим, зери назорати шадиди русҳо буд. Намояндаи ҷадиди рус як бор дар аввалҳои сентябр мадрасаро баст, вале ба шарте, ки дар аснои ташкили Кунгураи Хева – ки зикри он гузашт – дар он шаҳр набошад ва ба шаҳри Ғазавот интиқол дода шавад, онро аз нав гушуд, аммо ҳукумати Ато Махдумро, ки миллигаро мешумурд, дар 28 ноябр сарнагун ва аъзои кобинаи онро зиндонӣ кард ва мадрасаи низомиро низ баст ва муталошӣ сохт.

Дар тамомии ин воқеаҳо, машҳуд буд вақте ки ҳукумати Русия бо ҳукумати ҷавонони Хева сиёсати мулойимат пеш мегирифт, босмачиҳои туркман низ роҳи канор омадан бо ҳукумати ҷавононро дар пеш мегирифтанд. Ва ҳангоме, ки русҳо шиддати амал нишон медоданд, босмачиҳо қудрат меёфтанд.

Хон Ҷунайд ё Ҷунайдхон

Дар ноябри 1920, ҳангоме ки ба Хоразм омада будам, тақрибан чаҳор панҷуми Хоразм дар дасти Хон Ҷунайд буд, вале ҳукумати ҷавонон тавониста буд дубора онро ба даст биёварад.

Дар моҳҳои охири 1921, Хон Ҷунайд дубора қувват гирифт ва ба таври ҳамзамон, бо Ҷамъияти миллии Туркистон робита барқарор кард ва хостори эъзоми мураббӣ шуд. Ва иддае аз равшанфикрон ба қароргоҳи ӯ, ки дар хориҷ аз шаҳр буд, рафту омад карданд. Хон Ҷунайд, ки беш аз 70 сол дошт, ба ҳар ҳол руҳияи қабилаӣ дошт.

Дар соири ноҳияҳои Туркманистон байни ноҳияҳои Чорҷӯй, Киркӣ, Андхӯй Мӯъмин Сӯфӣ ва дӯстонаш ва дар ҳудуди Марв ва Сарахс иддае дигар дастаҳои кучаки портизонӣ ташкил дода буданд. Кумитаи миллии махфии туркман низ, ки маркази он, он замон, дар Чорҷӯй буд, дар аснои 1921, кӯшид, то идоротро тасарруф кунад ва муваффақ ҳам шуд. Аммо чун иддае аз омилони ин воқеа дар қайди ҳаётанд, аз зикри номашон маъзурам.

* * *

Идома дорад

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: