Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (367)

Муртад шудани котиби ваҳй ба сабаби он ки партави ваҳй бар ӯ зад, он оятро пеш аз Пайғомбар саллалоҳу алайҳи ва саллам бихонд, гуфт: пас ман ҳам маҳалли ваҳйам. (8)

* * *

Чун кунад ҷон божгуна пӯстин,

Чанд вовайло барорад з-аҳли дин.

Агар ҷон пӯстинро вожгуна созад, яъне ҷон ботину ҷавҳари худро ошкор созад ва ақоиду сифоти даруниаш зоҳиру ошкор гардад, аз диндорон садои афсӯсу ҳасрат бармехезад.

Бар дукон ҳар зарнамо хандон шудаст,

З-он ки санги имтиҳон пинҳон шудаст.

Ба унвони мисол, то вақте ки санги миҳак ҳозир набошад, ҳар тилои тақаллубие дар дӯкон медурахшад.

Парда, эй Саттор, аз мо бармагир,

Бош андар имтиҳон моро Муҷир.

Эй касе, ки айбҳоро мепӯшонӣ ва гуноҳонро меомурзӣ! Пардаву ҳиҷобро аз мо магир! Рӯзи имтиҳон моро ҳифз фармо ва паноҳамон деҳ, эй Паноҳдиҳанда!

Саттор: бисёр пӯшонанда, аз сифоти Худо. Муҷир: паноҳдиҳанда, яке аз сифоти илоҳӣ.

Қалб паҳлӯ мезанад бо зар ба шаб,

Интизори рӯз медорад заҳаб.

Тилои тақаллубӣ ҳангоми шаб бо тилои аслӣ иддаои ҳамтирозӣ ва баробарӣ мекунад, вале тилои аслӣ ҳамеша мунтазири омадани рӯз аст.

Қалб: воруна кардан, ба зару сими норасида низ гӯянд. Заҳаб: тило, зар.

Нукта: Ин дунё ба масобаи шаб аст, аз ин ҷиҳат, ки дунёи моддӣ тираву мункадир аст ба моддиёт. Дар тирагӣ ва ҳиҷоби дунё моҳиятҳои афроди инсонӣ бар ҳам пӯшидааст ва ҳар фарди мутақаллиб худро ба либоси аҳли салоҳ дармеоварад, аз ин рӯ, солеҳони ҳақиқӣ аз солеҳнамоён шинохта намешаванд. Пас, бояд ҳиҷоби дунё ва тирагии он рафъ шавад ва субҳи қиёмат бидамад, то асрори ниҳону афкори афрод аён шавад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.949)

Бо забони ҳол зар гӯяд, ки: бош

Эй музаввир, то барояд рӯз фош.

Тилои аслӣ бо забони ҳол гӯяд: эй тилои тақаллубӣ! Сабр кун, то ки рӯзи озмоиш барояд ва ниҳонҳо ошкор гардад.

Сад ҳазорон сол Иблиси лаъин,

Буд з-абдолу амирулмӯъминин.

Чунонки Иблиси малъун садҳо ҳазор сол дар зумраи абдолу авлиёуллоҳ ва солори мӯъминон буд.

Нукта: “Абдол” ҷамъи “бидл” ва “бадал”, ё “будало” ҷамъи “бадил”, дар истилоҳи сӯфия ва урафо ба гурӯҳе аз авлиё гуфта мешавад, ки сифоти зишти башарии худро ба авсофи неки илоҳӣ мубаддал кардаанд. Ибни Арабӣ мегӯяд: “Абдол иборат аз ҳафт марданд, ки яке аз онон аз маҳалле мекӯчад ва дар онҷо шахсеро бар сурати худ мениҳад ба тавре ки касе намедонад, ки ӯ мафқуд шудааст.” (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.127). Бархе гӯянд: аз он рӯ ба он авлиё абдол гӯянд, ки агар яке аз онон аз ҷойе равад, бадали худро дар он ҷо мегузорад. Вале ба ҳар ҳол, манзур аз абдол дар инҷо ҳар авлиёе аст.

Адади “сад ҳазорон” дар Маснавӣ бисёр омада ва далолат бар касрат дорад. Ва ин мутобиқ аст бо қисмате аз хутбаи Қосиъа, ки Имом Алӣ (а) фармояд:

وكان قد عبد الله ستة آلاف سنة لا يُدرى أمن سني الدنيا أم من سني الآخرة

Ва (Иблис) Худоро шаш ҳазор сол парастиш карда буд, ки маълум нест он солҳо солҳои дунёст ё охират.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 234)

Панҷа зад бо Одам аз нозе, ки дошт,

Гашт расво ҳамчу саргин вақти чошт.

Иблис аз рӯйи тафохуру ғурур, бо ҳазрати Одам (а) муқобила кард, дар натиҷа, расво шуд монанди расво шудани саргин ба ҳангоми чошт. (Зеро бӯйи номатбуъи мадфуъ дар ҳангоми рӯз бо тобиши хуршеду гармиву ҳарорат зиндатар ва расвокунандатар мешавад.)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: