Перейти к содержимому

“Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова” дар зодрӯзи муаллима ба барандагон эҳдо хоҳад шуд

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон, бо баёни ин ки шакли Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова “ҳам ба самти фаъолият ва ҳам ба характеру шахсияти Файзинисо мувофиқ бошад”, аз мардуми шарифи Тоҷикистон хост, ҳам дар шакли тандиси ҷоиза ва ҳам дар интихоби кумисиюне, ки барандаҳоро таъйин мекунанд, саҳми худро бигузоранд.

Дар 12 феврали соли ҷорӣ, Муҳиддин Кабирӣ дар маросими ёдбуди шодравон Файзинисо Воҳидова, аз таъсиси ҷоизае ба номи “Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова” парда бардошт; ҷоизае, ки ба гуфтаи раиси ПМТ, барои бонувони шуҷоъ ва афроде, ки дар заминаи ҳуқуқи башар фаъолият мекунанд дода мешавад. Имрӯз (29 апрел) Илҳомҷон Ёқубов, узви Шӯрои ПМТ ва раҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо, дар ёддоште дар Фейсбук, ҷузъиётеро дар бораи ин ҷоиза ва таърихи рӯзи эҳдои он ва кайфияти таъйини барандагонаш баён кард.

Илҳомҷон Ёқубов, дар ин ёддошт, бо ишора ба боздиди раиси ПМТ аз дафтари Ҷоизаи сулҳи Нубел дар пойтахти Нурвеж (Норвегия), ёдовар шуд, ки Кабирӣ ҳангоми тамошо аз музейи ин ҷоиза, зимни ёдоварӣ аз “Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова” гуфтааст, ки “аз ҳоло бояд фикр кард, то шакли ҷоиза, ҳам ба самти фаъолият ва ҳам ба характеру шахсияти Файзинисо мувофиқ бошад.

Кабирӣ пешниҳод кардааст, ки “беҳтараш, ба ҷомеа муроҷиат шавад, то мардум, ҳам дизайнро пешниҳод кунанд ва ҳам ҳайати Комиссияи ҷамъиятиро, ки ҳар сол ғолибро муайян кунад.” Ӯ гуфтааст, “муҳим, ки шакли тандис (статуэтка) хоксорона, пурмаъно ва ба моҳияти ҷоиза наздик бошад.”

Илҳомҷон Ёқубов дар идомаи ёдошти худ, бо баёни ин ки ин ҷоиза дар зодрӯзи муаллима (24 уми декабр) эҳдо хоҳад шуд, афзудааст: “Ҳаддиақал ду се моҳ пеш аз зодрӯзаш пешниҳоди номзадҳо шаванд, то комиссия тавонад якеро интихоб кунад.”

Гуфтанист, асри 12 феврали соли ҷорӣ, дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литвонӣ, дар ҳошияи нишасти “Осиёи Марказӣ; ислоҳот, саркӯб ва ифротгароӣ”, маросими ёдбуде барои шодравон Файзинисо Воҳидова аз сӯи Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо ва бо ҳузури ҷамъе аз тоҷикони муқими Урупо ва низ фаъолони ҳуқуқи башарӣ ва намояндаи созмони Human Rights Watch баргузор гардида буд. Дар ҳамин маросим буд, ки Кабирӣ аз таъиси “Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова”, ки аз сӯи дӯстдорони шодравон пешниҳод гардида буд, парда бардошт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: