Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (368)

Дуо кардани Балъами Боъур, ки Мӯсо ва қавмашро аз ин шаҳр, ки ҳисор додаанд, бемурод бозгардон ва мустаҷоб шудани дуои ӯ (1)

* * *

Дар сураи Аъроф, оятҳои 175 ва 176 омадааст:

وَاتْلُ عَلَيْهِمْ نَبَأَ الَّذِي آتَيْنَاهُ آيَاتِنَا فَانْسَلَخَ مِنْهَا فَأَتْبَعَهُ الشَّيْطَانُ فَكَانَ مِنَ الْغَاوِينَ. وَلَوْ شِئْنَا لَرَفَعْنَاهُ بِهَا وَلَكِنَّهُ أَخْلَدَ إِلَى الأرْضِ وَاتَّبَعَ هَوَاهُ فَمَثَلُهُ كَمَثَلِ الْكَلْبِ إِنْ تَحْمِلْ عَلَيْهِ يَلْهَثْ أَوْ تَتْرُكْهُ يَلْهَثْ

Ва бихон бар онон саргузашти он касро, ки оятҳои худ бад-ӯ додем, вале (саранҷом) аз (дастури) онҳо бурун рафт ва шайтон бар ӯ даст ёзид ва аз гумроҳон шуд. Ва агар мехостем, (мақоми) ӯро бо ин оятҳо боло мебурдем, вале ӯ ба пастӣ гаройид ва аз ҳавои нафси хеш пайравӣ кард. Ӯ ҳамчун саг (-и ҳор) аст, ки агар ба ӯ ҳамла барӣ, даҳонашро гушояд ва забони худ бурун оварад, ва агар раҳояш кунӣ, боз ҳамин кор кунад…

Дар ин ду оят, номе аз касе бурда нашуда, вале бисёре аз ровиёну муфассирон мӯътақиданд, ки мақсуд аз ин шахс, ҳамон Балъам ибни Боъур аст, ки дар асри ҳазрати Мӯсо (а) зиндагӣ мекарда ва аз зумраи донишмандони Банӣ Исроил маҳсуб мешудааст. Ва ҳатто дар таблиғи ойини Мӯсо (а) низ кӯшидааст. Ва мақоми ботиниаш то бад-он ҷо боло рафт, ки дуояш мустаҷоб мешуд, вале саранҷом мағлуби ҳавои нафсу худбинӣ шуд ва ба сӯйи Фиръавн гаройид ва дар саффи дарбориёни ӯ ҷой гирифт. (Тафосири Қуръони Карим умуман ин матлабро овардаанд.)

Балъами Боурро халқи ҷаҳон

Суғба шуд монанди Исои замон.

Мардуми ҷаҳон чунон мутеъу шефтаи Балъам ибни Боъур шуданд, ки гӯӣ мутеъу шефтаи Исои даврони худ шудаанд.

Суғба: фирефта ва мафтун.

Саҷда н-оварданд касро дуни ӯ,

Сиҳҳати ранҷур буд афсуни ӯ.

Мардуми он даврон ғайр аз ӯ ба касе саҷда накарданд. Ӯ бо афсуну вирд, ҳар гуна беморию дардеро шифо медод.

Панҷа зад бо Мӯсӣ аз кибру камол,

Ончунон шуд, ки шунидастӣ ту ҳол.

Балъам аз рӯйи кибру ғурур бо ҳазрати Мӯсо (а) низ ба муқобила бархост ва саранҷом ҳамон гуна ки ҳикояти ӯро шунидаӣ, кофир шуд.

Сад ҳазор Иблису Балъам дар ҷаҳон

Ҳамчунин будаст пайдову ниҳон.

Дар ин ҷаҳон, садҳо ҳазор Иблису Балъам, чӣ ниҳону чӣ аён, падид омадаанд.

Нукта: Бар асоси ҳақиқати навъия, ҳар кас аз назари сифот бо касе муттаҳид бошад, айни ӯст. Агар сифоти иблисӣ дошта бошад, Иблис аст, ва агар сифоти раҳмонӣ дошта бошад, мазҳари Раҳмон аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.951)

Ин дуро машҳур гардонид Илоҳ,

То ки бошад ин ду бар боқӣ гувоҳ.

Вале аз миёни ин ҳама табаҳкорон, ин ду нафар (Иблис ва Блаъам)-ро машҳур гардонида, то ки гувоҳ ва мояи ибрати дигарон бошад.

Нукта: Афроди табаҳкор бисёр буда ва ҳастанд ва танҳо ба ин ду нафар мунҳасир намегардад, вале шӯҳрати ин ду ҷиҳати панди мардум аст. (Ҳамон манбаъ)

Ин ду дузд овехт аз дори баланд

В-арна андар қаҳр бас дуздон буданд.

Ба унвони мисол, Худованди Мутаъол танҳо ин ду дуздро бар дор кашид, то мояи ибрати дигар дуздон шавад. Вагарна бисёре аз дуздон мустаҳиққи ин кайфар буда ва ҳастанд.

Ин дуро парчам ба сӯйи шаҳр бурд,

Куштагони қаҳрро натвон шумурд.

Барои ибрати ҷаҳониён, парчаму сиёсати ин ду мағлубро ба шаҳр бурд, вагарна шумурдани кушташудагони қаҳри илоҳӣ муяссар нест.

Нукта: Парчам, думи навъе гови кӯҳӣ, ки бар алам ва гардани асп мебанданд. Низ ба маънии кокул аст. “Парчам бурдан” киноя аз қаҳру ғалаба бар душман аст, зеро ҷанговарон онро бар сари найзаҳои худ насб мекарданд ва бад-ин васила хабар аз пирӯзӣ ва қудрати худ медоданд. (Ҳамон манбаъ)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: