Перейти к содержимому

Саргузашти босмачиҳо (11)

(Ёддоштҳо ва хотираҳои Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон аз қиёми миллӣ-исломии босмачиён дар баробари болшевикҳо дар Осиёи Марказӣ)

Қиёми босмачиҳо дар Бухоро

Кори ҳукумати Бухоро (бухороиёни ҷавон), дар қиёс бо ҳукумати ҷавонони Хева, душвортар буд. Дар Бухоро афроди равшанфикр бештар буданд ва ба сабаби қарор гирифтани шаҳр дар масири хатти роҳи оҳан, рафту омад низ дар он бештар буд. Аммо вежагии номатлуби мавҷуд дар Бухоро – бар хилофи Хева – нуфузи афроди фитнаангез, ҳасуд, тангназар, пастниҳод, залил дар баробари қудрат ва чоплус дар ҳукумати Бухоро буд. Ва аз ин рӯ, вуҷуди равшанфикрони фарғонаӣ ва тошкандиро, ки дар аввалҳои инқилоб ба Бухоро омада ва мустақар шуда буданд, таҳаммул намекарданд ва фақат тоторҳои кумунисти муттакӣ ба русҳо, дар ин ноҳия, мавқеияти хубе доштанд.

Файзулло Хоҷаев

Равобити худи бухороиён низ бо якдигар бисёр ногувор буд. Ду ҷавони қудратталаб, ба номи Файзулло Хоҷаев ва Мирзо Абдулқодир фарзанди Муҳиддин, ки ҳар ду аз авлоди милюнерҳои Бухоро буданд, вориди Ҳизби кумунист шуданд ва ғоила роҳ андохтанд. Русҳо ба ҳар кадом аз ин ду тан мегуфтанд, ки ба ӯ эътимоди комил доранд ва ёриаш хоҳанд кард ва аз ӯ мехостанд, ки ҳарифи худро аз майдон бадар кунад. Ва ба ин тартиб, кори он ду тан бе шабоҳат ба ҷараёни мухосимаи шиъа ва суннӣ дар соли 1910 набуд. Ин мухосима то бархӯрди нерӯҳои низомӣ ва сарбозони тарафайн низ пеш рафт.

Мирзо Абдулқодир Муҳиддинов

Аммо аз 27 сентябр маълум шуд, ки русҳо пуштибони Файзулло ҳастанд, ва ба ҳамин баҳона низ, нерӯҳои худро ба шаҳри қадимии Бухоро – ки то он замон аз нуфузи нерӯҳои рус дар амон буд – ворид сохтанд. Русҳо дар ин ҷараён, Файзуллоро ба унвони як маъмури содиқ, ба худ ҷалб карданд, вале раиси пулис, ки ҳаводори Мирзо Абдулқодир Муҳиддин буд, бо 300 тан маъмури зердасти худ, ба босмачиҳо пайваст. Ӯ пас аз муддате саргардонӣ дар атрофи Шаҳрисабз, Душанбе ва Ҳисор, дар ҳоле ки аз сахтии зиндагонии портизонӣ ба танг омада буд, дар охирҳои сол, бо хиффат таслими русҳо шуд.

Афсарони асири турк (Ориф, Амин, Нофеъ ва Муҳаммад ва ду тани дигар), ки Ҷамолпошшо онҳоро ба Бухоро оварда буд, зери назари Абдулҳамид Орипов, вазири ҷанг (вазири ҳарбия), давраҳои омӯзиши низомӣ барқарор карданд ва машғули таълими ҷавонон шуданд. Орипов, вазири ҷанг, ба афсарон ва равшанфикрони бошқиру тотор, ки аз Бошқиристон омада буданд, эътимод дошт ва аз ин рӯ ононро ба нуқоте чун Қаршӣ, Шаҳрисабз, Ғузор ва Ҳисор эъзом ва ба ташкили артиши миллии Шӯравии Бухоро иқдом кард. Аммо Файзулло, бо чоплусиҳояш дар баробари русҳо, дар ин амр ихлол намуд.

Дар ин замон, ману рафиқонам дар вилояти Самарқанд машғули умури ташкилотӣ шудем. Кумитаи марказии Туркистон дар атрофи яке аз истгоҳҳои роҳи оҳани наздик ба Самарқанд буд. Дар инҷо, ба тасмими ташкилот, Очилбек, Баҳром ва Ҳамроқулбек, бо назми ҳарчи тамомтар, саргарми созмондиҳии корҳои портизонӣ шуданд. Аз афсарони турк, Собир Афандӣ ва аз бошқирҳо Миролойи Авҳадии Ишмурзин ва копитон Иброҳим Исҳоқ, ба ин амр пардохтанд.

Иброҳимбек

Пас аз фирори амири Бухоро ба Афғонистон, нерӯҳои Шӯравӣ дар Бухорои шарқӣ (Тоҷикистони кунунӣ) мустақар шуданд ва тарафдорони амир ба босмачиҳо пайвастанд. Машҳуртарини ин афрод, дар шаҳри Душанбе Иброҳимбек аз қабилаи лоқой, дар Қизил-мазор Туғой Сорӣ – аз афроди қабилаи лоқойи муқими Кӯлоб, дар миёни тоҷикҳои Дарвоз шайхе ба номи Эшони Султон, аз тоҷикҳои Қаротегин Фузайл Махсум, аз Балҷувон Давлатманд ва дар Қарадоғ Абдурраҳмонбек буданд. Дар миёни ин афрод, фақат Давлатманд буд, ки ақлу камоле дошт. Ҳукумати Бухоро (бухороиёни ҷавон) кӯшид, то ин афродро ба худ ҷалб кунад. Ато Хоҷа, намояндаи мунтахаби ҳукумати Бухорои шарқӣ, Домулло Муҳаммадризои Кӯлобӣ ва Мустафо Шоҳқулӣ, ки аз Бошқиристон омада буд, бо босмачиҳо расман робита барқарор карданд.

Аз миёни онҳо, Мустафо Шоҳқулӣ, ки аслан аҳли Қосимлӣ буд ва дар мадрасаи олии бозаргонии Маскав таҳсил ва дар аснои инқилоб, дар Шӯъбаи олии иқтисод (Совнархоз)-и Бошқиристон кор карда буд, дар миёнаҳои 1920, бо соири дӯстони мо ба Бухоро омад. Ӯ аз оғози соли 1921 то сентябри 1923, дар тамомии ҷунбишҳои инқилобии Бухорои шарқӣ, бо самимият ва ҷиддияти тамом ширкат ҷуст ва ба унвони мушовир бо Анварпошшо ва Сомибек ҳамкорӣ намуд ва ҳамаи рӯйдодҳои иттифоқафтода дар Бухорои шарқӣ дар он солҳоро, ба сурати комилан ҳақиқӣ ва зинда, дар хотироти худ ба тафсил ба риштаи таҳрир даровард.

Ато Хоҷа ва Мустафо дар аввали август, дар наздикии Балҷувон дар рустои Кангурт бо Давлатмандбек, Туғой Сорӣ, Ошурбек — раиси қабилаи Семиз, Абдулқаюм – раиси Қарлуқ ва Абдурраҳмон – аз лоқойҳои Қатағон мулоқот карданд. Давлатманд либоси афғонӣ пӯшида буд. Онҳо қасам ёд карданд, ки нагузоранд “русҳо дар Бухорои шарқӣ мудохила намоянд ва бо ҳам канор биёянд ва ҳукумати бухороиёни ҷавонро ба расмият бишносанд.” Ато Хоҷа ба намояндагии ҳукумат ва Мустафо, пинҳон аз ӯ, ба намояндагии “Ҷамъият” бо ин афрод мусоҳибаҳои муфассале карданд, аммо муваффақ ба тамос бо Эшони Султон, Иброҳимбеки Лоқой ва Фузайл Махсум нашуданд.

Вақте русҳо бо қарордоде, ки Ато Хоҷа оварда буд мухолифат карданд, босмачиҳо дубора даст ба силоҳ бурданд. Дар миёни раисони босмачиҳо, махсусан Иброҳимбек – раиси қабилаи лоқой, Туғой Сории 75-сола ва Эшони Султон бисёр мутаъассибу хашин буданд. Туғой Сорӣ барои таҳдиди Мустафо, гӯшҳоеро, ки аз таҷаддудхоҳон бурида буд, аз ҷайб дароварда ва нишон дода буд.

Тафҳими моҳияти “Ҷамъият” ба чунин афроде, хориҷ аз имкон буд. Туғой Сорӣ як шаб касеро фиристода буд, то Мустафоро – ки ба мулоқоташ омада ва қавл дода буд аз Кӯлоб барояш аслиҳа бифиристад – ба қатл бирасонад.

Дар сентябр нерӯҳои русӣ ва нерӯҳои ҳукумати бухороиёни ҷавон ва ҳамчунин ҳамроҳи онон Мустафо, Кӯлобро тарк карданд ва ба Файзобод рафтанд. Ин нерӯҳо роҳи шашрӯзаи Кӯлоб ба Файзобод, ва роҳи серӯзаи Файзобод ба Душанберо дар муҳосираи босмачиҳо, дар зери оташ ва бо додани қурбониёни зиёд тай карданд. Русҳо дар Файзобод нерӯе ҳазорнафараи муҷаҳҳаз ба 300 қабза мусалсал доштанд. Мустафо аз ваҳшигариҳое, ки ин нерӯҳо дар масири худ муртакиб мешуданд ва аз ғорати рустоҳои бетақсир ҳикоятҳо дорад. Русҳо дар қаряи Сӯфиён, наздики Душанбе, ҷасади як сарбози русиро пайдо карда буданд, ки сураташ сӯзонда шуда буд. Ва ба ҳамин баҳона, ҳар русторо, ки сари роҳи худ медиданд, тирборон мекарданд. Дар ин ҳангом, ба таҳрики як зани кумунисти рус, ки ҷузъи нерӯҳои русӣ буд, 7 нафарро дастгир карданд. Дастҳояшонро буриданд ва бо дашна ва шамшер, дар ҳадде, ки намиранд, захмҳои фаровон заданд ва сипас дар дохили коҳ андохтанд ва зинда-зинда сӯзонданд. Мустафо дар ин бора, менависад:

Ин зани кумунист чунон чеҳраи зишту мунфуре дошт, ки ҳар кас ӯро медид, бешак, аз ҳарчи зан дар дунёст, сер мешуд. Эътироз кардам. Ва чун либоси бухороиён ба тан доштам, наздик буд русҳо маро низ бикушанд, вале бо подармиёнии фармондеҳ наҷот пайдо кардам.”

Усмон Хоҷа (Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев)

Дар охирҳои сентябр, Усмон Хоҷа, ба ҷонишинии бародараш — Ато Хоҷа, ба намояндагии мунтахаби Бухорои шарқӣ ва Алиризобек — раиси пулиси Бухоро ба фармондеҳии ҷабҳа таъйин шуданд ва ба Душанбе омаданд. Ба тавре ки дар оянда хоҳем гуфт, ҳукумати бухороиёни ҷавон, барои Бухорои шарқӣ (Тоҷикистони кунунӣ) аҳаммияти фавқулодае қоил буд, аммо русҳо ба ҳар василаи мумкин, аз ташкили артиши миллии бухороиёни ҷавон ҷилавгирӣ мекарданд.

Фармондеҳи нерӯҳои рус дар Душанбе, дар ҳамон замон, дар мақоми мухолифат бо ҳукумати бухороиёни ҷавон, бо ҳаводорони амири Бухоро нарди дӯстӣ мебохт. Иброҳими Лоқой Душанберо муҳосира карда буд ва беш аз русҳо, бухороиёни ҷавонро таъқиб мекард ва ҳар кадомро, ки асир месохт, бо ҳазору як шиканҷа ва гоҳе низ бо усули маҳаллӣ ба қатл мерасонд; дар ҳоле, ки мутаъарризи асирони русӣ намешуд. Ҳатто вақте афродаш он зани русиро – ки қаблан ҷараёнашро гуфтем – дар ҳоли таҳрики сарбозони русӣ дар майдони ҷанг асир карданд, ӯро накуштанд. Ба ҳамин муносибат, Мустафо менависад:

Ин ҳаводори бевиҷдони амир (яъне Иброҳимбек) на танҳо он занро дар оташ насӯзонид, балки ба тамаъи эҷоди равобити дӯстона, ӯро ба русҳо таҳвил дод.”

Ҳосил ин ки маълум шуд кӯшиши ҳафт-ҳаштмоҳаи дӯстони мо “барои мунсариф кардани қабоили лоқой, морқо ва дурман – ки таҳти таъсири амирони собиқи Бухорои шарқӣ буданд – аз ихлос ба амири Бухоро ва душманӣ бо ҷадидҳо, ва кашондани онон зери таъсири “Ҷамъият” ва ташкилоти миллӣ, ба ҷойе намерасад ва нахоҳад расид.”

Дар Бухоро, аз миёни босмачиҳо касоне, ки мумкин буд таҳти таъсири “Ҷамъият” қарор гиранд, Ҷабборбек ва дӯстонаш буданд. Ман шахсан ба миёни ин афрод рафтам, вале дар инҷо низ яке аз ҳаводорони амири Бухоро ба номи Авлиёқулибек, ки тазоҳур ба “ҷадид будан” мекард, мехост обро гилолуд кунад ва бар зидди мо таҳрикот менамуд. Вақте назди ман омад, аз ҷаҳолати мардум мегуфт ва амдан ин мавзӯъро пеш мекашид, ки дар миёни ин гуна афрод коре наметавон анҷом дод. Ҷабборбек қӯрбошӣ мегуфт: “Алъон, ки амир фирор кардааст, ҳар кас, ки битавонад сарзамини Бухороро аз асорати русҳо бираҳонад, амир хоҳад шуд.” Ва Авлиёкулӣ низ инро ношӣ аз таъсири “Ҷамъият” қаламдод мекард ва таассуф мехӯрд.

Замоне ки дар қароргоҳи Ҷабборбек будам, ӯ 40-50 нафаре аз мӯътамадони қабоилро гирд овард, ки бо ҳам мулоқот кардем. Саҳнае шӯрангез буд. Вақте гуфтам, ки бояд амирро раҳо кунед ва бо ҳукумати бухороиёни ҷавон муттаҳид шавед ва як ҳукумати исломӣ ба вуҷуд биёваред, раисони қабоил ҷавоб доданд, ки аслан бо амир миёнае надоранд ва ба хайраш низ умед набастаанд. Аммо баъд аз он ки ба Қаршӣ омадам, шунидам, ки Авлиёқулӣ – ки дар он ҳангом сукут карда буд – барои ихлол дар кори мо, ба ҳар тадбири пинҳонӣ тавассул ҷуста буд. Он мавқеъ буд, ки барои дӯстони дурдастам чунин навиштам:

Дар роҳи мубориза барои истиқлол амиру ҳаводоронаш ба андозаи русҳо ва болшевикҳо бо мо душманӣ доранд ва ҳар балое сарамон биёяд, аз инҳо хоҳад омад.”

Ва ҳамон тавр ки дар сатрҳои оянда хоҳем дид, чунин низ шуд. Шиори онҳо ин буд:

Агар мо ба ҳокимият нарасем, тарҷеҳ медиҳем ба ҷойи ҷадидҳои Бухоро, русҳои тару тамиз бар мо ҳукумат кунанд.”

* * *

Идома дорад

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: