Перейти к содержимому

Пушти пардаи зуҳури муҷаддади Бағдодӣ

Боқир Зубайдӣ, вазири собиқи кишвар (дохила)-и Ироқ, рӯзи чаҳоршанбе (1 май), иттилоъоте дар бораи зуҳури муҷаддади Абӯбакр Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ ва маҳалли ҳузур ва нақшаҳои ояндаи вай, фош кард.

Ба гузориши хабаргузории «Буросо» (Ироқ), Зубайдӣ эълом кард: “Навори видеоии ахири Бағдодӣ дар Сурия забт шуда буд, аммо ҳавопаймоҳои қудратҳои бузург ӯро ба ҳамроҳи гурӯҳе аз сарони хориҷии ДОЪИШ ба минтақаи амне мунтақил карданд, то нақшаи тарроҳишуда барои Бағдодӣ ба манзури барҳам задани амнияти кишварҳои минтақа ва бархе кишварҳои бузургро такмил кунанд.”

Зубайдӣ изҳор кард: “Сарони миёнӣ ва доъишиҳои асиршуда дар минтақаҳои Албоғуз ва Риққаи Сурия, барои муқобила бо Туркия, бо ҳамоҳангии нерӯҳои курд мавсум ба ”Нерӯҳои Сурияи демукротик” ва зери назари байналмилалӣ, ба кор гирифта хоҳанд шуд.”

Вай тасреҳ кард: “Дар замоне, ки набардҳо дар минтақаи Албоғуз мутамаркиз шуд ва расонаҳо рӯи хуруҷи кӯдакон ва занон аз урдугоҳҳо тамаркуз карданд, Бағдодӣ аз Сурия ва Ироқ хориҷ шуд.”

Зубайдӣ гуфт: “Ба эҳтимоли зиёд, Бағдодӣ ё дар шимоли Афғонистон ё ба шимоли Офриқо мунтақил шудааст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: