Перейти к содержимому

Ҳадафи Тромп, водор кардани Эрон ба хуруҷ аз тавофуқи ҳастаӣ аст

Бештари коршиносони омрикоӣ бар ин боваранд, ки ҳадафи воқеии Тромп ин аст, ки Эрон ба ҷойе бирасад, ки дигар гузинае ҷуз хуруҷ аз Барҷом (Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак, ки ҳамон тавофуқи ҳастаӣ аст) надошта бошад, ва агар эрониҳо иқдоме дар нақзи он анҷом диҳанд, ин фурсат барои Иёлоти Муттаҳидаи Омрико фароҳам мешавад, ки аз нерӯи низомӣ истифода кунад.

Ба қалами Ҳоворд ЛоФринчӣ (Howard LaFranchi) дар CSMonitor

Ҳоворд ЛоФринчӣ (Howard LaFranchi)

Дар як нигоҳи сареъ, ба назар мерасад, ки Корокос ва Теҳрон нуқоти муштараки зиёде надоранд. Аммо аз назари давлати Тромп, давлатҳо дар пойтахтҳои Венезуэло дар Омрикои ҷанубӣ ва Эрони порсӣ яксон ҳастанд: мардумони худро таҳти фишор гузоштаанд ва бозигарони манфӣ дар манотиқи худ ҳастанд ва бояд бираванд! Ва бад-ин тартиб, сиёсати хориҷии давлати Тромп, ки дар он, ҳеч таваҷҷӯҳе ба бисёре аз ҳукуматҳои худкома дар ҷаҳон намешавад, аммо бо ин ҳол сангинтарин таҳримҳои таърихро алайҳи низоми сусиёлистии Модуру ва Ҷумҳурии Исломӣ дар Эрон эъмол кардааст.

Ҳафтаи гузашта Мойк Помпео, вазири умури хориҷаи Омрико, бо эъломи ин хабар, ки муофияти додашуда ба 8 харидори нафти Эрон аз таҳримҳо таҷдид нахоҳад шуд, ҷаҳон ва албатта шуморе аз шарикони калидии Иёлоти Муттаҳидаро ҳайратзада кард. Ҳадаф аз поён додан ба муофиятҳо аз таҳримҳо, ба сифр расондани содироти нафти Эрон аст.

Ҳадафи баёншуда занги ошное дорад, чаро ки давлати Тромп ширкати миллии нафти Венезуэлоро низ ба манзури қатъи содироти нафтӣ, ки шоҳраги давлати Модуру ҳисоб мешавад, таҳрим кардааст. Давлати Тромп дар бораи ҳадафи худ дар Венезуэло ҳеч гуна пинҳонкорӣ накардааст: аз таҳримҳо барои барканории раисиҷумҳур Никулос Модуру ва ҷойгузинии ӯ бо раҳбари мухолифон ва раисиҷумҳури худхонда яъне Хуон Гуойду истифода мешавад.

Аммо Иёлоти Муттаҳида дар иртибот бо Эрон эълом карда, ки ҳадафи мӯътадилтарро дунбол мекунад ва дар пайи тағйири рафтори низоми ин кишвар аст. Бо ин ҳол, бисёре аз коршиносон мӯътақиданд, ки давлати Тромп дар истифода аз маҳдудиятҳои таҳримҳои иқтисодӣ як ҳадафи мушаххасро дунбол мекунад. Ҷорҷ Лупез (George Lopez), коршиноси таҳримҳои иқтисодӣ ва амният ва устоди мутолеоти сулҳ дар Донишгоҳи Нутр-Дом дар Индионо мегӯяд: “Дар ҳар ду мавриди Венезуэло ва Эрон, ҳадаф мушаххасан тағйири низом аст. Воқеан ҳеч тағйире дар сиёсатгузорӣ вуҷуд надорад, ки низомҳои ҳоким дар ин кишварҳо битавонанд барои хушнудии давлати Тромп то андозае, ки аз иқдомоти якҷонибаи худ бозгардад, анҷом диҳанд.”

Аммо дар айни ҳол, коршиносон мӯътақиданд, ки ҳеч намунаи қадимие вуҷуд надорад, ки нишон диҳад таҳримҳо, сарфи назар аз шиддати онҳо, дар таҳмили тағйири низом ҷавоб медиҳанд. Ҷим Волш (Jim Walsh), дастёри аршади таҳқиқ дар барномаи мутолеоти амнияти фанноварии Муассисаи Мосочусет дар Кембриҷ ва коршинос дар заминаи коромадии таҳримҳо мегӯяд: “Агар кор кардан бад-ин маъно бошад, ки мо ҳазинаеро таҳмил кардаем, бале, мо ҳазина таҳмил мекунем, ва ин ҳазина метавонад газоф бошад. Аммо агар манзур аз кор кардан, водор кардани онҳо ба таслим бошад, онгоҳ дигар наметавон бо қатъият сухан гуфт. Ва дар иртибот бо тағйири рафтор, намунаҳои бисёре вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад таҳримҳо ба танҳоӣ таъсиргузор нестанд.”

Коршиносони таҳримҳо мегӯянд, он чи дар батни сиёсатҳои давлати Тромп дар қиболи Эрон ва Венезуэло нодида гирифта шудааст, нокоромадии таҳримҳо ба унвони абзоре диплумотик барои ҳаллу фасли як даргирӣ ё имтиёзгирӣ мебошад. Давлати Тромп дар як тасаввури бесобиқа аз таҳримҳо, онро иқдоме барои водор кардани душман ба таслим медонад. Аз назари бисёре аз таҳлилгарон, ин тағйир дар шеваи истифода аз таҳримҳо, дар гузаштаи Тромп ва фаъолияти ӯ ба унвони як тоҷир ва ҳамчунин бовари ӯ ба ин масъала реша дорад, ки бе рақиб будани иқтисоди Иёлоти Муттаҳида ва нақши он дар бозорҳои молии ҷаҳонӣ, онро як силоҳи ниҳоӣ барои эъмоли тағйирҳои якҷониба табдил месозад. Профессор Лупез мегӯяд: “Дидгоҳи Тромп ба таҳримҳо ин аст, ки вақте шумо як қудрати иқтисодӣ ҳастед, метавонед пойи худро рӯи гулӯи ҳар ҳадафе бигузоред ва дер ё зуд онҳо таслим хоҳанд шуд, чаро ки ба гумони ӯ, онҳо интихоби дигаре нахоҳанд дошт.” Ба гуфтаи Лупез, Тромп ин дидгоҳро дар фаъолиятҳои тиҷории шахсӣ ба иҷро гузошта ва акнун онро дар сиёсати хориҷӣ эъмол мекунад ва тасаввураш бар ин аст, ки то кунун аз қудрати иқтисодии Иёлоти Муттаҳида ба дурустӣ ё ба таври комил истифода намешудааст.

Дар ҳоле, ки коршиносон умдатан ба ин масъала ишора мекунанд, ки гурӯҳи собиқи амнияти миллии давлати Тромп бо эъмоли якҷонибаи таҳримҳо мухолиф будааст, аммо ҳамчунин мегӯянд, ки ӯ дар Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии кунунӣ як ҳомии муштоқ барои дидгоҳи худ ёфтааст. Дар ҳақиқат, Болтон аз дербоз ба дунболи тағйири низом дар Эрон буда ва яке аз садоҳои аслӣ дар дархост барои барканории Модуру ба шумор меравад.

Коршиносон мегӯянд, масъала ин нест, ки таҳримҳо кор намекунанд, на, балки таърих нишон дода, ки ба танҳоӣ муассир нахоҳанд буд. Ҳамон тавр, ки Сузон Молунӣ (Suzanne Maloney), коршиноси Эрон ва муовини барномаи сиёсати хориҷии Муассисаи Брукингз ҳам навиштааст, таҳримҳо пештар давлати Эронро, ки ҳеч тамоюле ба музокира нишон намедод, водор ба гуфтугӯ бар сари тавофуқи ҳастаӣ кард. Дар кулл, таъкиди коршиносон бар ин аст, ки таҳримҳо сирфан ба сурати бахше аз рӯйкарди диплумотики ҳавиҷу чумоқ, ҷавоб медиҳанд ва на ба унвони як силоҳи хафифи якҷониба.

Аммо бисёре аз коршиносон мӯътақиданд, ки давлати Тромп ба дунболи эъмоли таҳримҳо бар Эрон ва Венезуэло ба шеваи гузаштагон нест, чаро ки натиҷаи суннатӣ аз таҳримҳоро намехоҳад. Помпео як барномаи 12-моддаӣ ироа карда, ки амал ба он, барои Эрон бо тасҳили таҳримҳо ҳамроҳ хоҳад буд. Аммо дуктур Волш мегӯяд: “Ин ки аз диплумосӣ барои матраҳ кардани дархости тағйири рафтор аз як кишвари мухолиф истифода шавад, як чиз аст, ва рафтан ба дунболи ҳувияти як кишвар, як чизи дигар. Агар нигоҳе ба барномаи 12-моддаии Помпео биандозед, мебинед ҳақиқатан мегӯяд, ки мо тағйири тамому камоли ҳувияти Ҷумҳурии Исломии Эронро хостор ҳастем.”

Ба ҳар ҳол, дуктур Волш шак дорад, ки барномаи Кохи сафед тағйири низом дар Эрон бошад. Ӯ фикр мекунад, Кохи сафед бо илм бар ин ки таъсиргузории таҳримҳо дар таҳаққуқи тағйири низом андак аст, саъй дорад бо ташдиди таҳримҳои нафтӣ усулгароён дар Эронро ба иқдоме водорад, ки дарҳоро ба рӯйи иқдоми низомии Иёлоти Муттаҳида бигушояд. Ӯ мегӯяд: “Ман мӯътақидам, ки ҳадафи воқеӣ ин аст, ки Эрон ба ҷойе бирасад, ки дигар гузинае ҷуз хуруҷ аз Барҷом надошта бошад. Ба рағми хуруҷи Иёлоти Муттаҳида аз тавофуқи ҳастаӣ, ин тавофуқ ҳанӯз мавриди эҳтиром аст, ва агар онҳо (эрониҳо) иқдоме дар нақзи он анҷом диҳанд, ин фурсат барои Иёлоти Муттаҳида фароҳам мешавад, ки аз нерӯи низомӣ истифода кунад.”

CSMonitor

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: